Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров дар Маскав дар ҳамсоягии қотилони Борис Немтсов зиндагӣ мекард


Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, дар Маскав дар ҳамсоягии Мовсар Бараев ва қотилони Борис Немтсов зиндагӣ кардааст.

Хонаводаи Рамазон Қодиров дар пойтахти Русия дар биное хона дорад, ки тибқи иттилоти тафтишот, нақшаи омодагӣ ба ҳамлаи пурқурбонии террористӣ дар театри Дубровка ҳам дар он кашида шудааст.

Раҳбари гурӯҳ Мовсар Бараев, шаҳрванди Чеченистон ҳам дар ин бино дар ҳамсоягии хонаи Қодиров зиндагӣ кардаву ба амалиёти муҳосираи театр омодагӣ дидааст. Дар бинои муқобили он, чанде пеш аз куштори сиёсатмадори мухолиф Борис Немтсов, шаҳрвандони дигари Чеченистон қарор гирифтанд, ки баъдан дар марги ӯ гунаҳкор дониста шуданд.

Тавре дар парванда гуфта шудааст, қотилони Немтсов маҳз дар он бино тарҳи кушторро омода карда, пас аз анҷоми ҷиноят боз ба ин хона баргаштаанд.

Расонаҳои мустақил ҳангоми таҳқиқи ин мавзӯъ ба маълумоти "Росреестр" такя кардаанд, ки дар он гуфта мешавад, ҳарду хона ба дастгоҳи президенти Русия тааллуқ доранд. Бинои рақами 30, корпуси 2, дар кӯчаи Веерний дар ғарби Маскав соли 1997 барои мансабдорони воломақоми Русия бунёд шудааст. Дар қатори мақомдорони дигар, дар ин бино ба Аҳмад Қодиров ҳам хонае бо масоҳати 150 метри мураббаъ дода шуда буд.

Аҳмад Қодиров, падари Рамазон Қодиров соли 2000-ум раҳбари Чеченистон таъин шуд. Моҳи январи соли 2002 хонаводаи Қодиров бо шумули духтарон ва писараш Рамазон, хонаро моликияти шахсӣ карданд.

Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ки Рамазон Қодиров пас аз фавти падараш дар соли 2004, дар санадҳо доир ба даромадҳояш дар бораи ин хона маълумот надодааст. Ӯ ҳаққи худро дар ин манзил чун як меросбар то соли 2010 ҳифз кардааст. Баъдан хона расман ба номи модари Рамазон, Айманӣ, ки бунёди "Аҳмад Қодиров"-ро раҳбарӣ мекунад, гузаронида шуд.

Хонаи дигар дар бинои 46, корпуси як, воқеъ дар кӯчаи Веерний ба Артур Гереемев, яке аз хешовандони фармондеҳи собиқи Чеченистон Руслан Геремеев тааллуқ дорад. Руслан Геремеев барои ташкили куштори Борис Немтсов дар пайгарди байнулмилалӣ қарор дорад. Заур Дадаев, ки барои ин куштор 20 сол маҳкум ба зиндон шуд, аз зертобеони Геремеев буд.

Наздикону ҳамкорони Немтсов борҳо аз бемайлии мақомоти Русия барои оғози тафтишот алайҳи Геремеев, ки ба Рамазон Қодиров наздикӣ дорад, нигаронӣ кардаанд. Гуфта мешавад, Артур Геремеев ду моҳ қабл аз қатли Немтсов дар кӯчаи Веерний соҳиби хона шуд.

Борис Немтсов, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Владимир Путин, 27-уми феврали соли 2015 дар наздикии Кремл, маркази Маскав кушта шуд. Созмондиҳандагону фармоишгарони куштори ӯ то ҳанӯз ошкор нашудаанд. Ҳарчанд соли 2017 панҷ мард дар Чеченистон барои қатли Немтсов ба зиндон маҳкум шуданд, наздикон ва мунтақидон гумон мекунанд, ки дастури қатл дар сатҳи болотар содир шудааст. Ҳатто ба андешаи онҳо эҳтимол дар ин кор атрофиёни президенти Русия Владимир Путин ҳам даст доранд.

23-юми октябри соли 2002 театри Дубровка дар Маскав ҳангоми намоишномаи "Норд-Ост" бо беш аз 900 нафар ба муҳосира гирифта шуд. Пас аз 3 рӯз, мақомот гуфтушунид бо террористонро қатъ карда, ба амалиёти озод кардани театр шурӯъ карданд, ки дар пай бино ба иттилои расмӣ 130 нафар, вале тибқи омори созмони ҷамъиятии "Норд Ост", 174 нафар куштаву 700 нафар захмӣ шуданд.

Аксарият дар ин ҳодиса бар асари заҳролудшавӣ аз гази номаълум, ҷон бохтанд. Маскав дар бораи аз кадом газ истифода карданаш то ҳол иттилоъ надодааст ва пизишконе ҳам, ки барои наҷоти қурбониёни ин ҳамла талош кардаанд, дар бораи таркиби ин газ иттилое надоранд.

Соли 2011 Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, шикояти гурӯҳии ҷабрдидаҳо аз ин ҳамлаи терористиро баррасӣ ва эътироф кард, ки мақомоти Русия, ҳуқуқ ба зиндагӣ ва мурофиаи одилонаро нақз кардааст. Додгоҳ Русияро муваззаф кард, ки ба хонаводаҳои қурбониёни амали террористӣ, ҷубронпулӣ бидиҳад ва сабаби марги 130 нафарро таҳқиқ кунад. Аммо Кумитаи тафтишотии Русия дар нисбати афроде, ки дар ин ҳодиса сабабгори марги одамон шудаанд, парванди ҷиноятӣ боз накард.

XS
SM
MD
LG