Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте ки Мирзиёев омад...


Сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар аввали моҳи марти соли 2018.
Сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар аввали моҳи марти соли 2018.

Дар Узбекистон ба корҳое, ки президент Шавкат Мирзиёев анҷом медиҳад, нигоҳи гуногун доранд. Бархе мегӯянд, нағз сар кард, аммо зуд пеш нарафт. Дигарон зид мебароянд, ки корҳои сабуктарро зуд иҷро намуд, вале корҳои сахттар вақти бештар мехоҳанд. Аммо дар Тоҷикистон ба Мирзиёев нигоҳи меҳрангез доранд ва ҳама кори ӯро меписанданд. Дар дувумин солгарди нахустин сафари ӯ ба Тоҷикистон, рӯзноманигори тоҷик Талабшоҳи Салом ба "падидаи Мирзиёев" таваҷҷуҳ намуд.

Вақте ки Мирзиёев омад...

Талабшоҳи Салом

Бешак, давлатҳои Осиёи Марказӣ зодаи диктатура ҳастанд. Диктатураи як ҳизб аз номи пролетариат. Ин низом суқут кард, ҳизб ба ҳошия уфтод, аммо афроди меросияш умри диктатураҳоро дар минтақа ба дарозо кашид.

Соли 2016 яке аз бузургтарин пояҳои диктатура дар Осиёи Марказӣ дар пурҷамъияттарин кишвари ин қора – Узбекистон фурӯ рехт. Ислом Каримов, ки зимоми қудратро ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба даст гирифта буд, даргузашт. Ӯ ба унвони сиёсатмадоре, ки пайи афзоиши қудрат на танҳо дар Узбакистон, балки дар Осиёи Марказӣ буд, бо дахолатҳояш дар сиёсатҳои Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, минагузории марз, ҷорӣ кардани раводид миёни ду кишвар, қатъи гази Узбакистон ба Тоҷикистон, мухолифат бо тарҳҳои бузурге мисли НОБ-и “Роғун”, эҷоди халал дар равуои қатора ба Тоҷикистон, тахриби роҳи оҳани миёни ин ду кишвар дар хотираи тоҷикон сабт шуд. Аммо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ин вазъро куллан тағйир дод ва ӯро ба унвони чеҳраи мусбат дар сиёсати минтақаӣ ҷилвагар кард. Ин тағйир дар равобити Тошканду Душанбе ду сол қабл маҳз дар ҳамин шабу рӯз рӯйи кор омад.

Диалоги ҳукумат бо мардум

Бо омадани ӯ ба қудрат ҳам фазои дохилӣ ва ҳам фазои хориҷии Ӯзбакистон ба сурати бисёр ҷиддӣ тағйир кард, мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси сиёсӣ. “Ин нукта хеле муҳим аст, зеро чигунагии равобити минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба Узбекистон вобаста мебошад. Беҳбуди фазо ва баргузории ду нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин тағйири рӯҳияи равобити Тошканд бо чор пойтахти дигари минтақа бидуни ба қудрат расидани Мирзиёв чандон қобили тасаввур набуд”,- гуфт ӯ.

Дар оғози соли 2017 Ҳукумати Узбекистон стратегияи тавсеаи чаҳорсолаеро қабул кард, ки тавсеаи системаи давлатӣ ва сохтори ҷамъиятӣ, тақвияти қонун ва ислоҳи додгоҳ, тавсеа ва озодии иқтисодӣ, тавсеаи иҷтимоӣ, ҳамоҳангии байниэтникӣ ва таҳаммулпазирии динӣ, роҳандозии сиёсати хориҷии созанда, мутавозин ва мутақобилан судманд аз муҳимтарин бахшҳои ин стратегияанд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Туркманистон табдили қудрат чизеро тағйир надода буд, ба тағйири қудрат дар Узбекистон низ аз ҳамин дарича нигариста мешуд. Аммо Нуралӣ Давлат, муаррих ва коршиноси сиёсӣ мегӯяд, сиёсати Шавкат Мирзиёев аз сиёсати Ислом Каримов ба куллӣ фарқ дорад. Ӯ гуфт, Ш. Мирзиёев дар гомҳои аввали худ тавонист раиси мошини тарсу ваҳшат дар Узбекистон Рустам Иноятовро аз мансаб барканор кунад. “Аз ҷониби дигар дар бахши иқтисод сабукиҳои зиёде барои соҳибкорон дода шуд”,- афзуд Нуралӣ Давлат.

Дар шарҳи ин нукта Қосими Бекмуҳаммад бо ёдоварӣ аз ислоҳоти иқтисодӣ, ба кор гирифтани стандартҳои мудирияти муосир, навсозии иқтисодӣ, афзоиши баҳраварии он, коҳиши монеаҳо барои соҳибкорон, коҳиши андоз аз арзиши иловашуда (аз 20 то 15 дарсад) ва ҳадди ниҳоии андоз аз даромад (аз 22,5 фоиз ба 12 дарсад) гуфт, “дар чаҳорчӯби ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ имрӯз дар Узбекистон шоҳиди гуфтугӯ ё худ диалоги байни қудрат ва мардум ҳастем, ки падидаи комилан тоза барои ин кишвари ҳамсоя ба шумор меравад”.

Ба назари ин коршинос, яке аз натиҷаҳои ин гуфтугӯ амалӣ шудани муборизаи ҷиддӣ бо фасоди молӣ мебошад. “Дар умум мардуми Узбекистон аз ислоҳоти Мирзиёев ҳимоят мекунанд, зеро ин ислоҳот на танҳо фурсатҳои хуберо барои фаъолиятҳои иқтисодиву тиҷорӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи фароҳам кард, балки фишори ниҳодҳои қудратӣ ва молиётиро низ аз байн бурд",- меафзояд Қосими Бекмуҳаммад.

Аммо, ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, бо вуҷуди он ки озодии сухан дар Узбакистон то ҷое таъмин шудааст, ваъдаҳои Шавкат Мирзиёев дар заминаи боз кардани дафтарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалии ҳуқуқи башар ва расонаҳои байналмилалӣ дар нимароҳ мондаанд.

Соли гузашта Муассисаи “Сиёсати амният ва тавсеа”-и Стокҳолм навишта буд, аз замони ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев то соли 2018 дар Узбекистон созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи башари маҳаллӣ дар ин кишвар ҳашт дарсад афзоиш ёфтаанд. Ба навиштаи манбаъ, дар давоми ду сол 685 созмони ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи башари маҳаллӣ дар Вазорати адлияи Узбекистон сабти ном шудааст.

Дарвозаҳои боз

Ҳамон гуна ки истибдоди Ислом Каримов фаротар аз Узбекистон рафта буд, доманаи хушбинӣ ба сиёсати Шавкат Мирзиёев аз марзи Узбекистон низ берун рафтааст. Дар ин зимн Марямбонуи Фарғонӣ, адиби тоҷик ба унвони чеҳраи мусбат муаррифӣ шудани Шавкат Мирзиёевро ба дурандешии раисҷумҳури Узбекистон рабт медиҳад. Гузашта аз ин Марямбонуи Фарғонӣ мегӯяд, ӯ равобити харобгаштаи ду кишварро ба ҳам созгор кард. “Ду раисҷумҳур ба қароре омаданд, ки риштаҳои сустгаштаи муносиботро мустаҳкам кунанд. Дар ин маврид саъйю талоши президенти Тоҷикистон низ сутуданист. Онҳо даст ба дасти ҳам доданд, ки орзуи мардум, хешу табори ду тарафи марз ҷомаи амал пӯшад”,-афзуд Майрамбонуи Фарғонӣ.

Бояд гуфт, боз шудани марзи Тоҷикистону Узбекистон ва аз байн рафтани раводид дар миёни Тошканду Душанбе афтонидани девори Берлинро ба ёд меовард. Албатта, ин иқдом ҳам дар зимни иҷрои Стратегияи тавсеаи Узбекистон сурат гирифт. Дар ин бора дар Стратегияи тавсеаи Узбекистон “таҳкими истиқлол, ҷойгоҳ ва нақши кишвар ба унвони субъекти равобити байналмилалӣ, пайвастани кишвар ба ҳалқаи кишварҳои аз назари демократӣ рушдёфта, эҷоди амнияту субот ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар атрофи Узбекистон” аз афзалиятҳои сиёсати Тошканд гуфта мешавад.

Боз шудани марзҳоро ба шеваи бесобиқа раисҷумҳури Узбекистон дар дидораш бо президенти Тоҷикистон дар Тошканд ба хости мардум ва иродаи ду раҳбар рабт дод. Ҳол он ки ӯ дар сафараш ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 гуфта буд, замони фаъолияташ дар Самарқанд мехост равобити Тоҷикистону Узбекистон барқарор бошад, аммо имкон надошт. “Ман имрӯз бо марзу дили боз омадам, ки аз шоирони бузурги худ бисароем. Ман имрӯз ба бародарам (Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.-Т.С.) ду дарвозаи рамзии боз тақдим намудам. Устоҳои худро супориш додам, то онҳоро тавре созанд, ки ҳеҷ гоҳ баста нашаванд”,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ин хитоби раисҷумҳури Узбекистон ҷанбаи амалӣ дошт. Яъне баъди ин изҳороти ӯ ва қабл аз он ки парлумонҳои ду кишвар тавофуқи Душанбе ва Тошкандро дар бораи барҳам додани раводид тасвиб кунанд, равуои мардум бидуни раводид ва шиносномаи хориҷӣ дар марз оғоз шуд.

Нуктаи дигари қобили мулоҳиза дар муаррифии Шавкат Мирзиёев ба унвони чеҳраи сиёсии мусбат дар Тоҷикистон ба бартараф шудани фишорҳои болои тоҷикони Узбекистон бармегашт. Марямбонуи Фарғонӣ мегӯяд, ислоҳоти Мирзиёев дар ҳаёти фарҳангии тоҷикони Узбекистон таҳаввуллоти ҷиддие ба вуҷуд овард. Аммо ба қавли ин адиб, ҳанӯз дар зинаҳои поёнӣ раҳбарон пинҳонӣ садди роҳи пешравиҳо мешаванд. Аз ҷумла овоза паҳн мекунанд, ки бо дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон кор ёфтан душвор аст. “Тоҷикбачаҳоеро, ки ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шудаанд, дар нимаи соли аввали хониши курси аввал бесаранҷом карданд. Ҳоло онҳо ҳайронанд, ки бираванд, ё бимонанд. Чанд нафар донишҷӯ аз водии Сурхан омада мегӯянд, ки гӯё роҳбарони Донишгоҳи Тирмиз ваъда додаанд, ки ҳатто аз донишгоҳҳои Тоҷикистон хориҷшудагонро ба курси аввал мегиранд. Ин, албатта, боварибахш нест. Тарсам, ки ҷавононро роҳ нишон медиҳанду тӯша намедиҳанд”,-мегӯяд Марямбонуи Фарғонӣ.

Ин иқдомро Марямбонуи Фарғонӣ “бӯйе аз сиёсати духӯра” мегӯяд, ки аз ҷониби мақомоти зинаҳои поёнӣ дар Узбакистон дунбол мешавад ва раисҷумҳури ин кишвар аз он хабар надорад.

Бояд гуфт, бехабар будани шахсони аввал дар бархе масоил андешаест, ки дар бештари маврид ба назар мерасад. Аммо ду мисол аз таҷрибаи Тоҷикистон, ишораи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба бедодгарии нозирони андоз дар Шаҳритӯс, ки навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд, ҳамчунин ба таҳлукаи мардум барои хариди орд дар пайи густариши коронавирус ба гумон аст, ки шахсони аввал аз ин гуна иқдомот бехабар бошанд.

Бо ҳар ҳол Нуралӣ Давлат бар аст, ки Шавкат Мирзиёев талош мекунад, ислоҳоти худро дар амал татбиқ кунад, аммо ҳоло дар мавриди сарнавишти ин ислоҳот ҳадс задан мушкил аст.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG