Пайвандҳои дастрасӣ

Полоишгоҳи нафти "Данғара". Бозори сӯзишворӣ аз дасти Русия ба Чин мегузарад?


Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Сохтмони полоишгоҳ ва ё корхонаи бузурги коркарди нафти “Данғара” бо беш аз 90 миллион доллари як ширкати чиинӣ ба поён расидааст, аммо маълум нест, кай бензини он вориди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Полоишгоҳ қудрати коркарди аз 300 то 500 ҳазор тонна нафтро дорад ва бо шурӯи тавлидот ба эҳтимоли зиёд Чин бозори сӯзишвории Тоҷикистонро ба даст хоҳад овард, ки айни замон зери дасти Русия ва ширкати "Газпромнефт" аст.

Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, полоишгоҳ пурра ба ширкати чинии "Ҳели" тааллуқ дошта, шарики маҳаллӣ надорад.

Дар гузашта мақомот гуфта буданд, "ТК-ойл" – ширкати муштараки Тоҷикистону Чин – полоишгоҳи нафтро дар Данғара месозад. Гуфта мешуд 90 дарсади саҳмияи "ТК-ойл" ба ширкати чинии Dong Ying Heli Investment and Development Co. Ltd ва ҳамагӣ 10 дарсади он ба ширкати "Ҳасан ва Ко" тааллуқ дорад.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе гуфт, корхона дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" пурра барои фаъолият омода аст ва чиниҳо беш аз 1350 тонна нафтро барои полоиши санҷишӣ ворид кардаанд.

Тоҷиддин Ҷӯразода айни замон гуфт, сармоягузори чинӣ барои ворид кардани ҳаҷми бениҳоят калони нафт бо як қатор кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қазоқистону Русия гуфтушунид дорад, то нафти заруриро барои коркард сари вақт таъмин карда тавонад: "Нафт тавассути роҳи оҳан оварда мешавад. Сармоягузор бо мақомоти ваколатдори роҳи оҳани кишварҳо гуфтушунидро идома дода истодааст."

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка ворид мекунад.

Ҷӯразода санаи дақиқи шурӯи коркарди нафтро дар корхона нагуфт, аммо тахмин зад, ки шояд моҳи марти имсол сурат гирад: "Ин масъала ба зиммаи сармоягузор вогузор шудааст, мо наметавонем сари онҳо фишор биёрем, вале тамоми корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонӣ анҷом дода шудаанд".

Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Ҳели"-и Чин моҳи апрели соли 2014 дар бораи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар Данғара қарордод имзо шудааст. Қарор буд бахши аввали корхонаи азими саноатӣ ҳанӯз дар моҳи июни соли 2016 ба истифода дода мешуд, вале ба қавли масъулони минтақаи озоди иқтисодии "Данғара", ба далели камбуди молӣ, муҳлати ба истифода додани он ба таъхир гузошта шуд. Баъд аз баҳрабардории бахши аввал дар ин корхона 500 ҳазор тонна ва баъди пурра ба кор даромадан, то 1 миллиону 500 ҳазор тонна нафт тасфия ё полуда мешавад.

Ба ин корхонаи бузурги саноатӣ маҳсулоти хом аз хориҷи кишвар ворид мешавад ва пас аз коркард ҳамчун сӯзишворӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, ба истифода додани ин корхона метавонад нархи сӯзишвориро дар кишвар поин барад.

Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҳамзамон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои роҳандозии интиқоли хуби маҳсулоти хом ба сармоягузори чинӣ 20 гектар замин ҷудо намудааст. "Дар паҳлӯи ҳамон минтақа 20 гектар замин ба сармоягузор ҷудо гардид ва дар он ҷо пойгоҳи борфарории нафт ташкил ёфт," -- афзуд ӯ.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 170 ҳазор тонна бензин, тақрибан 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст. Ҳар сол нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло меравад ва ба қимати маҳсулот дар бозорҳо таъсир мегузорад. Мақомот мегӯянд, пасту болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ аз онҳо вобаста нест.

Ба иттилои расмӣ, "Газпромнефт-Тоҷикистон", "Сеганҷ" ва Оҷонси захираҳои моддӣ дар бозори нафти кишвар саҳми зиёд доранд. "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз "ғӯл"-ҳои ин бозор буд. Ширкат соли гузашта дар номае ба Кумитаи андоз гуфт, ки ба далели тоб наовардан дар бозор барҳам мехӯрад, вале як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкат ҳанӯз фаъол аст.

XS
SM
MD
LG