Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Мақомот гуфтанд, барои ёрии бештар ба маъюбон имкон надоранд

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳоло дар кишвар беш аз 148 ҳазор маъюб ва ё афроди дорои имкониятҳои маҳдуд зиндагӣ мекунанд. Аз ин шумора тақрибан 30 ҳазори онҳо кӯдакон будаанд. Ин рақам 3-юми декабр, дар рӯзи ҷаҳонии маъюбон, дар як нишасте дар Душанбе садо дод.

Маъюбон дар Тоҷикистон мегӯянд, онҳо нафақаи кам мегиранд, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо ва истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ мушкил доранд ва ҳанӯз дар ҷомеа ҳамчун дастнигару нотавон муаррифӣ мешаванд.

Баҳриннисо Асламова, сокини 63-солаи Душанбе, дар як хонаи сеҳуҷраӣ якҷо бо 27 узви дигари хонаводааш зиндагӣ мекунад. Вай гуфт, "мушкил дар он аст, ки ман ва як келину духтарам маъюби гурӯҳи 1 ва 2 ҳастем ва дар маҷмуъ ҳудуди 650 сомонӣ нафақа мегирем. Ин миқдор пул барои зиндагии хонаводаи калони мо кофӣ нест."

Ба гуфтаи мақомот, ҳарчанд дар Тоҷикистон ҳамаи заминаҳои ҳуқуқӣ барои зиндагии шоистаи маъюбон фароҳам шудааст, мушкилоти фаровоне дар ин замина ҳамчунон вуҷуд дорад.

Солима Муҳаббатова, сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан имкониятҳои буҷа ҳақ намедиҳад, ки ба маъюбон ёриҳои бештар пешниҳод шавад. Муҳаббатова афзуд, барои ҷуброни хадамоти тандурустӣ ба маъюбон ҳар сол аз буҷаи кишвар то 45 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.

Ба гуфтаи масъулон, бо афзоиши аҳолӣ шумори маъюбон низ дар ҳоли афзоиш аст. Гузашта аз ин, дар пайи садамаҳои нақлиётӣ ва бемориҳо, назири бемориҳои қалбу қанд низ теъдоди маъюбони кишвар дар ҳоли афзоиш будааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Заминларза вилояти Хатлонро такон додааст

Рӯзи 21-уми апрел зилзила қисмате аз вилояти Хатлонро такон дод.

Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, заминларза соати 11:17 сабт шуд.

Манбаъ мегӯяд, маркази заминларза дар 59-километри ноҳияи Кӯшониён буд.

“Қувваи заминларза дар марказаш 4 дараҷа ва дар ноҳияи Кӯшониён 2-3 дараҷаро ташкил додааст. Дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст,” - омадааст дар маълумотномаи расмӣ.

Дар як ҳафтаи охир Тоҷикистон шоҳиди чанд заминларзаи сахт шуд.

Бар асари як чунин фалокати табиӣ дар рӯзи 13-уми апрел як ноболиғ дар минтақаи Рашт ба ҳалокат расида, 16 каси дигар маҷруҳ шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар пайи заминларза дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 65 хона пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 манзили дигар осеби сабук расидааст.

Русия: Ҷазо барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва ихроҷи беш аз 174 ҳазор муҳоҷир

Акс аз як навори Вазорати корҳои дохилии Русия
Акс аз як навори Вазорати корҳои дохилии Русия

Дар соли 2024 дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷиронро барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҷазо додаанд.

Додгоҳи олии Русия дар ин бора ҳафтаи гузашта ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолааш гузориш дод.

Ба маълумоти додгоҳ, зиёда аз панҷ ҳазор муҳоҷир, ки аксарашон аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳастанд, бо иттиҳоми таҳияи санадҳои қалбакӣ ҷазо гирифтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта гуфта буданд, ки маҳз низоми фасодзадаи Русия шароитро барои сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фароҳам меорад.

Дар умум додгоҳҳои Русия нисбат ба беш аз 21 ҳазор муҳоҷир қарору ҳукм содир кардаанд.

Зиёда аз се ҳазор муҳоҷир бо иттиҳоми даст доштан дар хариду фурӯши маводи мухаддир ва беш аз 3,5 ҳазор муҳоҷир барои дуздӣ дар ин кишвар зиндонӣ шудаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба аксар айбномаҳои мақомоти рус нисбат ба муҳоҷирон бовар надоранд ва қарору ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро шаффофу одилона намедонанд.

Додгоҳи олии Русия ҳамзамон гуфтааст, соли 2024 ба таври бесобиқа дар даҳ соли охир, беш аз 174 ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар ихроҷ карда шудаанд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, соли гузашта беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шуданд.

Модараш гуфт, Димон Ашӯров аз зиндон озод шудааст

Димон Ашӯров. Акс аз соли 2013
Димон Ашӯров. Акс аз соли 2013

Димон Ашӯров, машҳур бо номи Давлатбек, яке аз фаъолони ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз зиндон озод шудааст.

Вай дар соли 2013 ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва тақаллуби ҳуҷҷатҳо гунаҳкор ва ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум шуда буд. Пайвандонаш ба бегуноҳии ӯ таъкид мекарданд.

Зебо Мамадназарова
Зебо Мамадназарова

Зебо Мамадназарова, модари Димон Ашӯров, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ раҳоии писарашро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод, ки ҳоло ӯ дар чӣ вазъ аст ва чӣ нақша дорад.

Ашӯров то ин дам дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат нигоҳ дошта мешуд.

Мақомоти Тоҷикистон ӯро, ки яке аз наздикони фармондеҳи собиқи мухолифон, Имомназар Имомназаров, дониста мешавад, дар моҳи августи соли 2013 боздошт карда, вале дертар хабар доданд, ки гӯё аз ошёнаи севуми Раёсати корҳои дохилии ВМКБ худро ба замин партофтаву осеб бардоштааст.

Ӯ барои муолиҷа ба шаҳри Урумчӣ рафт, аммо Чин ба Душанбе таслим кард. Ходимони Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон Димон Ашӯровро дар фурудгоҳи пойтахт боздошт намуданд.

Анвар Қаноатов, як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2013 дар номае ба Радиои Озодӣ навишта буд, ки парвандаи Димон Ашӯров “ҷиноятҳои содиркардаи ӯ хусусияти сирф ҳуқуқӣ-ҷиноӣ доранд”. Ин дар ҳолест, ки наздиконаш ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қазияи ӯро дорои ангезаи сиёсӣ медонистанд.

Боздошти Димон Ашӯров дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон сурат гирифт. Ин амалиёт баъд аз кушта шудани Абдулло Назаров, сардори пешини Раёсати КДАМ дар вилоят, роҳандозӣ шуда, дар натиҷаи он чандин нафар ба ҳалокат расиданд.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар 88-солагӣ даргузашт

Поп Франсис
Поп Франсис

Поп Франсис, раҳбари 266-уми католикҳои ҷаҳон, ки чанде пеш аз бемории роҳҳои нафас наҷот ёфта буд, рӯзи 21-уми апрел дар 88-солагӣ даргузашт.

Ин зодаи Аргентина калисои католикиро аз соли 2013 ва пас аз истеъфои Бенедикти шонздаҳум роҳбарӣ мекард ва бо рафтори хоксорона, дифоъ аз адолати иҷтимоӣ ва талошҳояш барои густариши мудоро машҳур буд.

Номи аслияш Хорхе Марио Берголио аст ва пеш ворид шудан ба калисо дар донишгоҳи кимиё хондааст. Ӯ дар соли 1969 ба мақоми кашишӣ ва дар соли 1997 ба мақоми усқуфи аъзами Буэнос Айрес расид.

Поп Франсис аз пешиниёни худ калисоеро ба мерос гирифт, ки пур аз чолишҳо ва буҳронҳои давомдор ва аз суистифодаҳои ҷинсии рӯҳониёни масеҳӣ аз кӯдакон мутаассир буд. Муаррихони калисои католикӣ интихоби ӯро лаҳзае муҳим дар таърихи Ватикан арзёбӣ мекунанд.

Ӯ аз оғози раҳбарии худ бар калисои католикӣ бо рафторҳои фурӯтанонаи худ хабарсоз шуд. Ба ҷойи зиндагӣ дар кохи муҷаллал, ки ба таври суннатӣ маҳалли иқомати расмии попҳои католик аст, дар хонаи хурде дар меҳмонхонаи Ватикан мезист. Борҳо дар маросими “Панҷшанбеи муқаддас” бо шустани пойи занон, мусалмонон ва зиндониён талош кард, паёми худро дар бораи калисои “камбизоатон ва барои камбизоатон” баён кунад.

Паҳлавонони тоҷик дар Тошканд 27 медал гирифтанд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнусия байни наврасон, навҷавонон, бузургсолон, устодон ва нобиноён, ки рӯзҳо 14-20-уми апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, 27 медал (4 тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS), дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия дар Тошканд беш аз 600 варзишгари синну солашон гуногун, аз наврасон то собиқадорон, аз зиёда аз 20 кишвар иштирок карданд. Мусобиқот дар маҷмааи варзишии “Узбекистон” баргузор шуд. Тоҷикистонро беш аз 40 варзишгар муаррифӣ намуданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнусия миёни бузургсолон паҳлавонони тоҷик шаш медал (се нишони нуқра ва се биринҷӣ) гирифтанд.

Ба ҳайати дастаи бузургсолони Тоҷикистон 11 гуштигири мард дохил буд, ки 7 нафарашон дар самбои варзишӣ ва чаҳор нафар дар самбои размӣ рақобат карданд.

Дар самбои варзишӣ паҳлавонони тоҷик Деваштич Устопириён дар вазни 79 кило ва Зафар Олимшоев дар вазни 88 кило медалҳои нуқра гирифтанд. Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни 98 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Халид Толибзода дар вазни 88 кило дар самбои размӣ медали нуқра ба даст овард. Ду нафари дигар – Худоёр Раҷабзода дар вазни 71 кило ва Рамазон Ҷумъаев дар вазни 79 кило - дар намуди самбои размӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар мусобиқаи наврасон дар самбои варзишӣ Амирҷон Шарифов дар вазни 58 кило медали нуқра ва Сафиаллоҳ Ҳикматов дар вазни 71 кило медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар самбои варзишӣ миёни навҷавонон Абдулло Қодиров (64 кг), Абдулло Лоиқов (79 кг), Фирдавси Баҳодур (88 кг), дар самбои размӣ Шоҳин Азиззода (79 кг) барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар мусобиқаи самбои варзишӣ байни кадетҳо (наврасон) Муҳаммадӣ Мирзозода (46 кг), Муҳаммадҷони Маҳсуддинзода (49 кг) ва Ҳусейн Ҷалилов (58 кг) медалҳои нуқра; Бахтовар Азизов (64 кг), Абузар Назаров (79 кг) ва Сафиаллоҳ Ҳаётов (+88 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Шоҳрух Назаров дар рақобатҳо миёни варзишгарони нобино ва хирачашм (SVI-1) дар вазни 79 кило бо медали тилло мукофотонида шуд.

Рӯзҳои 19-20-уми апрел мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия дар риштаи самбои варзишӣ миёни устодон барпо гардид, ки Тоҷикистонро 12 нафар паҳлавонон – собиқадорони самбо намояндагӣ карданд.

Паҳлавонони тоҷик Собирҷон Сулаймонов (88 кг, M-2), Хайрулло Назриев (+98 кг, М-6), Зайдулло Қурбонов (98 кг, М-7) бо медалҳои тилло; Алишер Ғарибшоев (79 кг, M-1), Абдулҳамид Раҳимов (98 кг, M-3), Расул Ҳодизода (71 кг, М-7) бо медалҳои нуқра; Ромиз Ҷураев (71 кг, M-3) ва Қиёмиддин Хоҷаев (М-5, 88 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора поин шуд?

Арзиши доллари Амрико дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, ба таври назаррас поён рафтааст.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми апрел 100 доллар ба 1071 сомонӣ баробар аст. Се рӯз пеш 1081 сомонӣ арзиш дошт.

Қурби доллар дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз ин ҳам поинтар аст. Рӯзи душанбе дар бонкҳои тиҷоратӣ 100 доллари амрикоӣ аз 1045 то 1055 сомонӣ арзиш дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ ҳанӯз сабаби якбора поин шудани қурби долларро дар баробари пули миллии сомонӣ шарҳ надодаанд.

Маъмулан дар Тоҷикистон ҳар бор, ки қурби доллар боло равад, бисёре аз молу маҳсулот ва хадамот гарон мешаванд. Сокинон шикоят доранд, ки агар қурби доллар паст шавад, нархҳо поин намераванд.

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон вазъи асъори хориҷиро ба тақвияти пули миллӣ низ рабт медиҳанд, ба сурати умум бозори пули Тоҷикистон аз қурби рубли Русия, доллари Амрико ва юани Чин бастагии зиёд дорад.

Дар Чин бори аввал интернети 10G фаъол шуд

Дар Чин бори аввал насли нави алоқаи 10G роҳандозӣ шуд. Ширкатҳои Ҳуавей ва China Unicom насли нави алоқаи 10G-ро дар вилояти Хэбэй, наздик ба шаҳри Пекин фаъол карданд.

Суръати интернет дар насли нав 9834 мегабит дар сония аст. Муҳлати интизорӣ камтар аз як сония гуфта мешавад.

Ба ҳолати моҳи январи имсол, дар Чин зиёда аз 4 миллион истгоҳҳои базавии насли 5G фаъол аст. Дар ягон кишвари дунё ин миқдор истгоҳҳои базави насли 5G нест.

Чанд сол пеш Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар дод, ки аз Чин аз Чин истгоҳҳои базавии интернет меорад, аммо баъдан маълум нашуд, ки ин кор ба куҷо расид.

Суръати пасти интернет дар Тоҷикистон, яке аз шикоятҳои ҳамешагии корбарон аст.

Русия ва Украина гурӯҳи нави асиронро иваз кардаанд

Русия ва Украина рӯзи 20-уми апрел даври нави табодули асиронро анҷом доданд. Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки табодул бо ҳисоби баробари "246 бар 246" анҷом шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, 31 низомии маҷруҳи украинӣ дар муқобили 15 сарбози захмишуда ба Киев супорида шуданд. Миёнарави ин табодули асирон Имороти Муттаҳидаи Араб буд.

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳам иваз кардани асиронро бо Русия тасдиқ карда, навишт, 277 низомии асиршудаи Украина ба хона баргаштанд. Дар миёни онҳо, сарбозони Гвардияи миллии Украина ва марзбонон будаанд.

Зеленский навиштааст, онҳо Мариупол, минтақаи Донетск, Херсон ва Запорожйеро ҳимоя мекарданд. Тибқи маълумоти раисҷумҳури Украина, аз замони таҷовузи Русия ба хоки ин кишвар дар соли 2022, Киев 4552 шаҳрванди асируфтодаи худро баргардондааст.

Рустам Ятимов, футболбози тоҷик дар Русия ҷароҳат бардошт

Рустам Ятимов. Акс аз бойгонӣ
Рустам Ятимов. Акс аз бойгонӣ

Рустам Ятимов, дарвозабони тими "Ростов"-и Русия ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷараёни бозӣ бо тими "Факел" ҷароҳат бардоштааст. Рақобат рӯзи 20-уми апрел баргузор шуд.

Дар қисми дуюми бозӣ, Рустам Ятимов тӯбро аз ҳаво дошта гирифт, вале ба футболбози дастаи рақиб бархӯрда, бо сараш ба замин зад. Ятимов дар майдони бозӣ аз ҳуш рафт ва танҳо бо кӯмаки пизишкон ба худ омад.

Варзишгари тоҷикро ба бемористон бурданд ва дертар телеграм-канали тими "Ростов" навори Рустам Ятимовро нашр кард. Дар ин видео Ятимов ҳамдастаҳояшро ба ғалаба бар тими "Факел" табрик карда гуфт, рӯзи 26-уми апрел мухлисонро дар бозӣ бо дастаи “Локомотив” интизор аст.

Виталий Кафанов, мураббии тими "Ростов" ба расонаҳои русӣ гуфтааст, мунтазири хулосаи пизишкон дар бораи саломатии Рустам Ятимов ҳастанд.

Рустам Ятимов 26-сол дошта, яке аз футболбозони шинохтаи тоҷик аст. Ӯ аз соли 2019 дарвозабони асосии тими мунтахиби Тоҷикистон мебошад. Ятимов қаблан дар тими “Истиқлол” баромад мекард ва соли 2024 ба тими “Ростов” гузашт.

Президенти собиқи Қирғизистон ба фасодкорӣ гунаҳкор шуд

Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Додгоҳе дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, собиқ раиси ҷумҳури ин кишварро ба фасодкорӣ гунаҳкор кард, аммо бо сабаби гузаштани муҳлати даъво ҷазо надод.

Президенти собиқро ба он гунаҳкор карданд, ки дар вақти ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев ба фасод даст задааст.

Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Вай соли 2020 дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Батукаев ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд. 30 ноябри соли 2020 Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми зинаҳои поёниро бекор ва парвандаро ба баррасии иловагӣ фиристод. Президенти собиқи Қирғизистонро соли 2023 озод карданд.

Азиз Батукаев соли 2006 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ташкили бетартибӣ ба 16 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуда буд. Аммо ӯро соли 2013 бо сабаби гирифтори “бемории табобатнашаванда” будан аз зиндон озод карданд.

Ба ҷуз Алмосбек Отамбоев, чанд мансабдори баландпояи дигари Қирғизистон ҳам дар ғайриқонуни озод кардани Азиз Батукаев гунаҳкор эълон шуданд. Додгоҳ Индир Ҷолдубаев, собиқ додситони куллро ҷарима кард, аммо чанд мақомдори дигар ба далели гузаштани муҳлати даъво ҷазо нагирифтанд.

"Фарзандонро дар хона бастаанд." Вокуниши пулиси Душанбе ба навори баҳсбарангез

Пулиси Душанбе ба навори бастани ду кӯдак дар хона вокуниш карда гуфт, нисбати волидайни онҳо чораҳои қонунӣ меандешад.

Рӯзи 19-уми апрел наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, ду кӯдакро дар хона маҳкам кардаанд. Дар ин видео, ки зоҳиран аз сӯи ҳамшираи тиббӣ дар як хобгоҳ сабт шудааст, дида мешавад, ки як кӯдак дар гаҳвора ва дуввумиро бо ресмон бастаанд. Ҳамшираи тиббии маҳалла дар ин видео мегӯяд, ин бори чандум волидайни ин ду кӯдак фарзандони худро дар хона баста, ба кор мераванд. Ба гуфтаи муаллифи навор, падару модари ин кӯдакон дар идораи нигоҳдории роҳ (ДЭУ) кор мекунанд. Дар навор писарбаччаи хурдсол мегӯяд, падараш ӯро бо ресмон бастааст.

Ин навор вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард ва даҳҳо корбар аз мақомот хостанд, нисбати ин қазия чора андешанд.

Волидайни ду кӯдак
Волидайни ду кӯдак

Раёсати корҳои дохилии Душанбе 20-уми апрел дар хабарномае навишт, волидайни ин кӯдаконро пайдо кардааст. Онҳо Нуралихон Менгибоеви 58-сола ва Шаҳноза Қурбоноваи 32-сола будаанд. Назари ин афрод дар бораи қазия маълум нест.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ин падару модар дар тарбияи фарзандонашон “бемасъулиятӣ зоҳир намудаанд.”

Пулиси Душанбе гуфтааст, “бо назардошти ҳолати воқеии вазъи зиндагонии номбурдагон” нисбати ин волидайн “чораҳои дахлдор андешида хоҳад шуд.” Аммо мақомот дар бораи вазъи зиндагии ин афрод ва муҷозоти онҳо чизе нагуфтаанд.

Ин бори аввал нест, ки ҳодисаҳои бадрафтории волидайн бо фарзандон расонаӣ мешавад.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза 90 кас кушта шудааст

Ду зан дар шаҳри Хон-Юнис
Ду зан дар шаҳри Хон-Юнис

Мақомоти беҳдоштии Ғазза мегӯянд, давоми 48 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил беш аз 90 нафар дар ин борика кушта шудаанд. Дар ин бора хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” 19-уми апрел хабар додааст.

Ба қавли ин манбаъ, бархе аз кушташудаҳо занон ва кӯдакон буданд, ки ба “минтақаи инсонӣ” паноҳ бурда буданд.

Артиши Исроил пас аз ду моҳ оташбас, 18-уми март бори дигар ҳамла ба Навори Ғаззаро оғоз кард, то гуруҳи “Ҳамос”-ро аз байн бурда, гаравгонҳоро озод кунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи «Ҳамос»-ро созмони террористӣ медонанд.

Бар асоси гузоришҳо, дар 48 соати гузашта дастикам 11 кас дар Хон-Юнус дар хайма кушта шудаанд.

Исроил пештар эълон кард, ки ҳамлаҳои худро дар саросари Ғазза шиддат бахшида, бахши бузурге аз ин борикаро ба унвони “минтақаи амниятӣ” зери назорат мегирад. Исроил ҳамчунин барои шаш ҳафта Ғаззаро муҳосира карда ва монеи вуруди кумакҳои башардӯстона шудааст.

Рӯзи 18-уми апрел доктор Ҳанон Балхӣ, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз сафири нави Амрико дар Исроил хост, то Исроилро ба рафъи муҳосираи Ғазза тарғиб кунад, то дору ва кумакҳои дигар вориди минтақа шаванд.

Талаби шаҳрдории Душанбе аз сокинон: панҷара ва "кондитсионер"-ҳоро барчинед

Шаҳрҳдори Душанбе бо ирсоли як огоҳинома, аз сокинони пойтахт талаб кардааст, ки панҷараи тирезаҳо ва сардкунак (кондитсионер)-ҳоро барчинанд.

Дар номаи Раёсати назорати сохтмони шаҳрдорӣ ба сокинони ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯзи 17-уми апрел омадааст, "Шуморо уҳдадор менамоем, ки кондитсионерҳо ва панҷараҳои дар намои бино насбшударо пурра бартараф намоед."

Дар нома зикр шудааст, ки барчидани панҷара ва сардкунакҳо бо дастури Раиси шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.

Намояндагони идораи назорати сохтмон дар Душанбе нагуфтаанд, ки дар сурати накандани панҷараи тирезаҳо, сокинонро чӣ интизор аст.

Номаи шаҳрдории Душанбе
Номаи шаҳрдории Душанбе

Барчидани панҷараҳои оҳанин аз баландошёнаҳои Душанбе аз аввали имсол оғоз шуда буд. Самӣ Азизиён, сармеъмори Душанбе моҳи феврали имсол гуфта буд, ҳадаф аз барчидани панҷараҳои оҳанин беҳтар кардани симои шаҳр аст. Аммо сокинони пойтахт мегӯянд, ин панҷараҳо барои бехатарӣ ва наафтидани кӯдакон ба поён муҳим аст. Мақомот ба бошандагони пойтахт тавсия додаанд, барои таъмини бехатарӣ аз дохили хона симтурҳои махсус насб кунанд.

Қаблан мақомоти Душанбе мавҷгирҳоро аз боми биноҳо барчида, изҳор дошта буданд, ки онҳо симои зоҳирии шаҳрро коста мегардонанд.

Путин оташбаси муваққат эълон кард. Зеленский: ҷанг идома дорад

Владимир Путин ва Владимир Зеленский
Владимир Путин ва Владимир Зеленский

Президенти Украина мегӯяд, агар Русия ҳамлаҳоро қатъ кунад, Киев низ айни корро хоҳад кард. "Оромӣ дар баробари оромӣ, ҳамла дар муқобили ҳамла," -гуфтааст Владимир Зеленский.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия як рӯз пеш эълон кард, ки ба муносибати иди Пасха, ҳамла ба Украинаро 30 соат қатъ мекунанд. Ба гуфтаи Путин, оташбас аз соати 18-и 19-уми апрел то 00-и 21 апрел идома мекунад. Дар Вазорати мудофиаи Русия гуфтаанд, низоми оташбас танҳо дар сурате иҷро мешавад, ки агар Украина ҳам онро риоя кунад.

Вале Владимир Зеленский мегӯяд, бо вуҷуди эълони Путин, неруҳои Русия дар чанд ҷабҳа ҷангро идома медиҳанд. “Барои ҳамин ба ҳарфҳои Маскав боварӣ нест. Мо хеле хуб медонем, ки Русия одамонро ба гумроҳӣ мебарад ва барои ҳама гуна ҳолат омода аст. Неруҳои дифоии Украина оқилона амал карда, ба чунин ҳамлаҳо айнан посух хоҳанд дод,"-гуфтааст Зеленский.

Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки низоми оташбас баъди иди Пасха ҳам идома ёбад.

Ба гуфтаи Зеленский, “30 соат оташбас танҳо барои хабарҳо кофӣ аст, на барои нишон додани эътимоди воқеӣ." Президенти Украина ҳамчунин гуфтааст, Маскав то ҳол ба пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси 30 рӯза посух надодааст.

Сафари вазири корҳои хориҷии Покистон ба Афғонистон

Вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор дар фурудгоҳи Кобул.
Вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор дар фурудгоҳи Кобул.

Вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор 19 апрел бо сафари якрӯза ба Кобул сафар кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Покистон мегӯяд, ки дар ин сафар шуморе аз вазирони дигар Исҳоқ Дорро ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки ҳайати покистонӣ бо мақомоти баландпояи ҳукумати Толибон, аз ҷумла, нахуствазири ин гурӯҳ Мулло Ҳасан Охунд, дидор кунад.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки меҳвари ин сафар, густариши ҳамкориҳо миёни Толибон ва Покистон дар заминаҳои "амният, тиҷорат, робитаҳои минтақавӣ ва робитаҳои мардумӣ", мебошад.

Вазири корҳои хориҷии Покистон дар ҳоле ба Афғонистон сафар мекунад, ки ин кишвар дар камтар аз 20 рӯзи гузашта даҳҳо ҳазор афғони муҳоҷирро аз хокаш берун кардааст.

Вазири корҳои дохилии Покистон 18 апрел дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки аз оғози моҳи апрел то кунун 85 ҳазор афғон аз Покистон ба Афғонистон бозгаштаанд.

Ҳукумати Толибон омори паноҳандагони бозгашта аз Покистонро 71 ҳазор нафар гуфтааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG