Сафари ҳунарии театри опера ва балети Тоҷикистон ба Самарқанд ба охир расид. Мана чанд рӯз гузашту таассуроти талхи он маро ором намегузорад.
Пеш аз ин сафари ҳунарӣ дар матбуоти вилояту шаҳр, телевизиони вилоят ягон хабар дарҷ нашуд, ки чунин як театр ба сафари ҳунарӣ ба Самарқанд меояду фалон спектаклро дар фалон рӯзҳо намоиш медиҳад. Дар Интернет низ хабаре набуд.
Рӯзи якум меҳмонон як консерт додаанд, ки дар толор тамошобинҳои тоҷик буданд.
Дар рӯзи дуюми сафари ҳунарӣ вақте ки ба намоиши соати 12 касе наомадааст, яке аз фаъолон ба ман занг зада гуфт, ки мо дар таги дари театри Ҳамид Олимҷон истодаем, зуд биёед, ки аҳвол бад. Театри тоҷикӣ омадаасту тоҷик омада тамошо кардан намехоҳад. Зал холӣ, яъне провал!
Ман дар кӯча аз забони як коргари театр як рӯз пеш тасодуфан фаҳмида будам, ки театри опера ва балети Душанбе омадааст, нақша доштам, ки ба намоиши бегоҳӣ биравам. Зуд либос иваз карда ба сӯи театр тохтам, ки то театр масофа ҳамагӣ 15 дақиқа аст.
Дар сӯҳбат бо баъзе кормандони театр маълум шуд, ки фурӯши билетҳо ба зиммаи театри Самарқанд будааст, мувофиқи шартнома. Аммо дар шартнома қайд накардаанд, ки театри Самарқанд билетҳоро ба донишҷӯён ва талабаҳои мақотиби тоҷикӣ фурӯшад, асосан ба мардуми маҳалҳои тоҷикнишин. Мардуми ғайритоҷикзабон аз спектаклҳои тоҷикӣ баҳравар шуда метавонанд, агар театр онҳоро бо тарҷумаи радиоӣ таъмин кунад.
Ҳамаи ин сарфи назар шуда буд ва ба як спектакли бачагонаи театри опера ва балет мактабҳои ғайритоҷикии шаҳр омаданд, дар намоишномаи опереттаи «Найрангҳои Майсара» талабаҳои ӯзбекзабон ё наомаданд ва биёянд ҳам «мо нафаҳмида истодаем» гуфта гурӯҳ-гурӯҳ хеста мерафтаанд.
Масъулони ин сафари ҳунарӣ ба назар нагирифтаанд, ки «Найрангҳои Майсара»-ро мардуми Ӯзбекистон даҳҳо маротиба дар театр ва аз тариқи телевизион дидааст. Яъне тамошобини Ӯзбекистонро чи тоҷику чӣ ғайритоҷик аз гарданаш бо ремон баста кашед, ки нахоҳад рафт. Яъне зира ба Кирмон овардаанд.
Ба кас алам мекунад: Наход ҳамон театри машҳури Душанбе ба чунин ҳол гирифтор аст, ки асари бебаҳои композитор (муаллифи гимни Тоҷикистон) Сулаймон Юдаковро ба дараҷаи оперетта поин фурорад?
Магар спектаклҳои аз ин беҳтар набуд? Баъд дар куҷо дидед, ки чунин театри машҳур танҳо бо ду спектакл ба сафари ҳунарӣ равад?
Дар бораи сифати ин спектакл бигузор театршиносон фикри худро бигӯянд, аммо ҳаминро аниқ медонам, ки операи машҳурро оперетта кардан пешравӣ нест.
Вақте ки билет харидам, дидам, ки нархаш 15 сомонӣ аст.
- Партер ё балкон?- пурсидам аз билетфурӯш,- баъд як сомонӣ баробар ба ҳазор сӯми ӯзбекист?
- Партер ё балкон фарқ надорад нарх як хел - 15 ҳазор сӯм.
- Нархи баландтарини театри Ҳамид Олимҷон даҳ ҳазор сӯм буд!- гуфтам ман.
- Театри Душанбе танҳо билетҳои 15 ҳазориро овардааст,- гуфт билетфурӯш.
Сонӣ хабар ёфтам, ки донишҷӯёни камбизоат се нафарӣ 5 ҳазорӣ ҷамъ карда харидаанд ва аз онҳо як кас ба театр омадааст.
Дар билет на қатор нишон дода шудаасту на рақами курсӣ.
Билетфурӯш шарҳ дод: - Дар куҷое маъқул дар ҳамон ҷо мешинед!
Ба ҷои калимаи билет, ки ҳам дар Эрону ҳам дар Тоҷикистон қабул шудааст, чиптаи воридшавӣ навистаанд, гӯё ки чиптаи беруншавӣ низ бояд бошад? Яъне вожаи воридшавӣ ин ҷо зарурате надорад.
Ин дарди бахайр. Муаррифномаи русӣ номи адиби машҳур Ҳамзаро Ҳакимзода нею Ҳокимзода Хоким-заде нашр кардаанд, ки хатои бузургест.
Муаллифи асосии ин опера ва оперетта композитор аст. Дар ягон ҷои муаррифнома номи композитор Сулаймон Юдаков нест!
Ин хато нобахшиданист.
Тасаввур кунед, ки шумо романе навистеду нашриёт бе номи шумо онро чоп карда фурӯхт!
Ман медонам, ки имрӯзҳо ба ходимони театр осон нест. Телевизион, Интернет … театри имрӯзаи тоҷик рақобатнопазир аст. Дар ин шароите, ки дорад, мавҷудияти нуқсонҳои эҷодӣ табииянд. Аммо он чизе ки ман навиштам, оиди масоили ташкилӣ буд, ки ноӯҳдабароӣ ва бесалоҳиятии маъмурияти театри опера ва балетро рӯнамо мекунад.
Мусоҳибаи Қурбон Собирро оид ба вазъи имрӯзаи театри тоҷик дар ФБ хондам.
Бисту панҷ соли умри ман дар Душанбе вобаста ба театр буд. Ҳашт сол дар радио ва сипас дар «Адабиёт ва санъат».
Дилам ба меҳнатам сӯхт!
Дар акс: Муаррифнома.