Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйини раисони нави "Тоҷик Эйр" ва "Амонатбонк"


Сироҷиддин Икромӣ ва Дилшод Исматуллозода
Сироҷиддин Икромӣ ва Дилшод Исматуллозода

Баъди як рӯзи танқиди президент аз кори "Тоҷик Эйр" ва "Амонатбонк", раисони ҳарду идораи давлатӣ аз мақомҳои худ барканор карда шуданд. Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 22-юми январ содир гардид. Ба қавли баъзе аз манобеъ, Хайрулло Раҳимов ва Руҳуллоҳ Ҳакимзода рӯзи 21-уми январ аз маҷлиси солонаи ҳукумат низ ронда шудаанд.

Хайрулло Раҳимов дар пайи буҳрон дар кори ширкати "Тоҷик Эйр" ва қатъи парвози ҳавопаймоҳояш аз мақом барканор шуд. Ширкат аз 2-юми январи имсол парвози ҳавопаймоҳояшро қатъ кард ва тақдирашро як ҳайати ҳукуматӣ баррасӣ дорад.

Сабабҳои барканории Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” маълум нест. Дар қарори ҳукумат ҳам дар ин замина ҳеч ишора нашудааст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло Сироҷиддин Икромӣ раиси нави бонки давлатии "Амонатбонк" ва Дилшод Исматуллозода раиси нави ширкати "Тоҷик Эйр" таъйин шуданд.

Сироҷиддин Икромӣ аз соли 2015 то ин дам дар мақоми муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон кор мекард. Икромии 47-сола хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда, солҳои тӯлонӣ дар намояндагиҳо ва идораи марказии "Амонатбонк" кор кардааст. Ӯ дар ин бонк аз вазифаи нозир-хазинадор то муовини раиси раёсати Бонки давлатии "Амонатбонк" расида буд. Номзади илмҳои иқтисодист.

Дилшод Исматуллозода, раиси нави ширкати "Тоҷик Эйр" тайи тақрибан ду соли охир муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон буд. Ӯ дар гузашта вакили Маҷлиси Намояндагон буд.

Исматуллозода рӯзи 22-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муваззаф шудааст, ки вазъи буҳронии "Тоҷик Эйр"-ро ба эътидол биоварад. Вай афзуд, "рости гап, имрӯз муаррифӣ карданд. Ҳоло бояд вазъро биомӯзем. Кӯшиш мекунам, ба бовари президент сазовор бошам ва вазъи "Тоҷик Эйр"-ро ба эътидол оварам. Дар ин соҳа одами нав ҳастам. Як муддат зарур аст, то гап занем. Раиси ҷумҳур ҳами камбудҳоро дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат гуфтанд. Барои беҳтар кардани вазъи "Тоҷик Эйр" барнома ҳам қабул шудааст."

Масъулони ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" рӯзи 22-юми январ дар як баёнияи расмӣ эълон карданд, ки бо раиси нав метавонанд давраи буҳрониро муваффақона паси сар бигузоранд.

XS
SM
MD
LG