Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷии Тоҷикистон: "Дар ошӯби Хуҷанд 21 нафар безарар гардонда шуд" ВИДЕО


Сироҷиддин Муҳриддин
Сироҷиддин Муҳриддин

Сироҷиддин Муҳриддин (Аслов) – вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон – дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел эълон кард, ки дар исёни шаби ҳафтуми ноябр дар зиндони Хуҷанд 21 ошӯбгар "безарар гардонда шуд".

Ба иттилои вазир, дар маҷмӯъ дар ошӯби зиндони Хуҷанд 25 нафар ба ҳалокат расид. Аз миёни онҳо ду зиндонбон ва ду зиндонӣ аз ҷониби зиндониҳо кушта шуданд.

Зиндонбонҳо хостанд, бо ошӯбгарон музокира барпо кунанд. Вале ҳатто баъди тирандозиҳои ҳушдордиҳанда ҳам ошӯбгарон ором нашуданд ва талош карданд, ки аз муассисаи ислоҳӣ фирор намоянд.

Ба қавли ӯ, 12 нафари онҳо ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок карда, 3 нафар узви гуруҳҳои ифротиву террористии “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ будаанд. "Шаш нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқи маводи мухаддир ҳастанд", - афзуд вазир.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 22-юми ноябр ба суоли яке аз хабарнигорон посух дод ва гуфт, ки дар ин ҳодиса ду маъмури маҳбас кушта шуда ва панҷ зиндонбон шадидан захмӣ гардиданд. Ин нахустин шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ошӯби шаби ҳафтуми ноябр дар зиндони рақами сеи Хуҷанд аст.

Сироҷиддин Муҳриддин (нафари аввал аз тарафи чап) дар нишасти хабарӣ дар Брюссел. 22-юми ноябри 2018
Сироҷиддин Муҳриддин (нафари аввал аз тарафи чап) дар нишасти хабарӣ дар Брюссел. 22-юми ноябри 2018

Ӯ афзуд, "дар муассисаи ислоҳии рақами 3-и шаҳри Хуҷанд, ки як зиндони низомаш сангин аст, тавре медонед, 8-уми ноябр гурӯҳе аз маҳбусон ошӯб раҳандозӣ карданд. Аксари ошӯбгарон маҳбусоне буданд, ки барои фаъолиятҳои экстремистию террористӣ дар хориҷи Тоҷикистон, аз ҷумла барои иштироки дар амалиёти ДИИШ – як созмони мамнӯъ дар кишвар – ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Бо истифода аз фурсати муносиб, маҳбусон ба зиндонбонҳо ҳамла карданд. Дар натиҷа, ду афсар дар ин ҳамла кушта шуданд. Онҳо аз ҷароҳатҳои сангин кушта шуданд. Панҷ маъмури дигари маҳбас бо ҷароҳатҳои сангин дар як беморхонаи шаҳри Хуҷанд таҳти муолиҷа қарор доранд. Ду зиндонӣ ҳамчунин ҳангоми талоши кумак ба кормандони зиндон кушта шуданд. Ҳамчун талоши ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриқонунии зиндониҳои ошӯбгар, афсарони зиндонбон хостанд бо ошӯбгарон музокира барпо кунанд. Вале ҳатто баъди тирандозиҳои ҳушдордиҳанда ҳам ошӯбгарон ором нашуданд ва талош карданд, ки аз муассисаи ислоҳӣ фирор кунанд. Ҳангоми талоши ҳамла ба посбонони зиндон, бо ҳадафи фирор, 21 зиндонӣ безарар гардонда шуд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Шарҳи расмӣ. Дар зиндони Хуҷанд чӣ гузашт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки ошӯбгарон дар гузашта барои вайрон кардани қоидаи будубош дар зиндон ҷазои интизомӣ гирифта буданд.

"Дар гузашта маъмурияти зиндон нисбат ба ошӯбгарон чанд дафъа муҷозоти интизомӣ муқаррар карда буд. Онҳо қоидаи будубош дар зиндонро вайрон кардаанд. Айни замон тамоми тадбирҳо барои роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳо дар муассисаҳои дигари ислоҳотии кишвар роҳандозӣ шудааст", - афзуд ӯ.

"Ҳодисаро гуруҳи вижа таҳқиқ дорад"

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, феълан як гуруҳи вижа аз Додситонӣ қазияро таҳқиқ дорад ва натиҷаи он тавассути расонаҳо эълон карда хоҳад шуд. ​

Сироҷиддини Муҳриддин барои иштирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел қарор дорад. Рӯзи панҷшанбе дар ин шаҳр ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо низ баргузор шуд.

Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, бо ҷониби Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳо, аз ҷумла риояи ҳуқуқи башар гуфтугӯ карда, масъалаи ошӯб дар зиндони Хуҷандро баррасӣ намудаанд.

"Дар паси дари сардхона занҳо доду вой доштанд"

Ҷовидон Сафаров, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, яке аз онҳоест, ки дар ошӯби зиндони Хуҷанд кушта шудааст. Ӯ се сол пеш бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Зархаридӣ” – даҳ сол ҳукми зиндон гирифт. Аксаран, бар асоси ин модда дар Тоҷикистон пайравони созмони тундрави “Давлати исломӣ” зиндонӣ мешаванд.

Ҷовидон Сафаров моҳи августи соли 2015 бо чанд тани дигар дар ҳоле дастгир шуда буд, ки мехост, аз масири Қирғизистон-Туркия ба Сурия биравад. Ҷасади ӯро рӯзи 10-уми ноябр ба Душанбе оварданд ва бидуни нишон додан ба пайвандонаш дафн карданд.

"Ба мо гуфтанд, ки "бунт" шуд, аммо нагуфтанд, ки чаро?"

Абдураҳмон Сафаров, падари Ҷовидон, рӯзи 22-юми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 9-уми ноябр ба ӯ занг заданд, ки вазъи сиҳатии писараш дар зиндони Хуҷанд бад шудааст ва бояд ҳарчӣ зудтар ба ин шаҳр сафар кунад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар Хуҷанд барояш гуфтанд, ки писараш ҳамроҳ бо гурӯҳе “бунт” бардошта ва дар ҷараёни саркӯби ошӯб кушта шуд.

Он гурӯҳҳо кӣ буданд ва чаро ошӯб бардоштанд, аз суолҳои асосӣ дар ҳодисаи Хуҷанд аст, ки то ҳанӯз мисли Абдураҳмон Сафаров, падари яке аз кушташудаҳо ба он ҷавоби расмие нагирифтаанд.

“Пушти сардхона занҳои зиёд доду вой доштанд. Муовини раиси маҳбас гуфт, ки се нафар аз Душанбе ҳаст ва як нафар аз шаҳри Нораку як каси дигар аз ноҳияи Рӯдакӣ. Дар миёнашон Сафаров Ҷовидон ҳам ҳаст. Рӯзи 9-уми ҷасадро ба мо надоданд ва рӯзи 10-уми ноябр худашон оварданд. Нагузоштанд, ки бинем. Гуфтанд, ки шустагӣ ва кафан карда шудааст. Мо рӯяшро надидем ва бурда ба хок супурдем”, - гуфт Абдураҳмон Сафаров.

"Вақте ба қадри заҳматҳоям нарасид, дилам хунук шуд"

Ҷовидон Сафаров дар бахши сармоягузории хориҷии факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекард. Падараш мегӯяд, писарашро як ҳамсояи аз худаш хурдтар “ифротӣ кард ва ба ин роҳ бурд”. Абдураҳмон Сафаров афзуд, аз ин ки писараш ба ақидаҳои гурӯҳи тундрав пайравӣ кард, асабӣ буд ва дар се соли зиндон фақат як бор ба дидорбиниаш рафт.

Ӯ гуфт, “намехостам, ҳамроҳаш гап занам. Гуфтам, вақте ту маро қадр накардӣ, меҳнатҳои маро қадр накардӣ, тавакаллат бар Худо. Дар се сол ҳамагӣ як бор ба хабаргириаш рафтам. Аз миёни оина ҳамроҳаш сӯҳбат карда будам. Ин қадар бачаро мехононӣ ва вақте ӯ ба ин роҳ меравад, дилат мемонад. Дар охирин дидор мегуфт, ки аз кори кардааш пушаймон шудааст.”

Манбаъ: "Дар ошӯб пайравони созмонҳои ифротӣ пешсаф буданд"

Ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз пурсарусадотарин ҳодисаи чанд моҳи охир дар Тоҷикистон буд.

Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” эълон кард, ки ошӯб дар зиндони Хуҷанд кори дасти онҳо буд. Як мақоми наздик ба тафтишот ҳам гуфт, наздики даҳ нафар аз пайравони ақидаҳои ифротӣ дар ин даргирӣ кушта шуданд, вале ҳоло ҳеҷ далеле рӯи даст нест, ки фармони ошӯбро аз ДИИШ гирифта бошанд.

“Дар ин ҷо пайравони созмонҳои ифротӣ пешсаф буданд. Аз ҳамин рӯ, аз рӯзи аввал ин фарзия буд, вале ҳеҷ далел то ҳол дар даст нест, ки кори ДИИШ бошад. То ҷое медонам, ин зиндониён ба берун тариқи интернет робита надоштанд. Тафтишот омилҳои дигарро низ таҳқиқ мекунад. ДИИШ ҳар ҳамларо ба гардан мегирад, вале дар ин ҷо ҳоло далеле дар даст нест”, - гуфт ӯ.

Барканорӣ ва боздоштҳо баъди исён

Пахш нашудани иттилои расмӣ дар бораи ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд нигаронии ҳомиёни ҳуқуқро ба миён овардааст. Рӯзи 19-уми ноябр дар Душанбе сафирони Амрико ва кишварҳои аврупоӣ бо аъзои Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ошӯби зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷандро баррасӣ карданд.

Рӯзи 15-уми ноябр Файзулло Сафарзод, раиси зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо ин ошуб сар зада буд, ҳамроҳ бо шаш кормандаш боздошт шуд.

Шаби 7 ба 8 ноябр дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ошӯбе бархост, ки дар натиҷаи он даҳҳо зиндонӣ ва ҳадди аққал ду зиндонбон кушта шуд. Бо гузашти ним моҳ рӯзи ҳодиса мақомоти тоҷик аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ мекунанд.

Дар пайи ин ҳодиса, дасти кам шаш корманди зиндон, ки дар ошӯб маҷрӯҳ шуданд, ба бемористони вилоятии Суғд барои муолиҷа интиқол ёфтанд. Иттилоъ дар бораи маҷрӯҳон дар миёни зиндониҳо дар даст нест.

XS
SM
MD
LG