Дар чанд ҷумла
Талаби эътирозгарони Хоруғ - бардоштани постгоҳҳо ва муҷозоти омилони тирпаронӣ

Як гурӯҳ аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки дирӯз дар назди ҳукумати ин шаҳр даст ба таҷаммуъ зада буданд, бо шарти се рӯзаи ҳалли талабҳояшон пароканда шуданд. Ин гурӯҳи сокинони Хоруғ талаб доранд, ки дар зарфи се рӯз дидбонгоҳҳоb (постгоҳҳо)и умури дохила аз шаҳр бардошта шуда, омилони тирпаронии шаби 4-уми ноябр муҷозот шаванд.
Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 7-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз дар Хоруғ оромӣ аст ва гирдиҳамомадагон баъди пешниҳоди шартҳои худ ба хонаҳояшон баргаштанд. Ба қавли ҷаноби Ниятбеков, ҷамъомадагон ва ҳукумати вилоят ба хулоса омаданд, ки талабҳои сокинон давоми се рӯзи оянда баррасӣ мешавад.
"Онҳо асосан талаб доранд, ки дидбонгоҳҳо бардошта шуда, шахсоне, ки тирпарронӣ кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Раиси вилоят ба онҳо ҷавоб доданд, ки то волоияти қонун таъмин нашавад, ин дидбоноҳҳо бардошта намешаванд. Вале онҳо розӣ нестанд ва мегӯянд то масъала ҳал нашавад, намераванд. Се рӯз вақт дода шуд, ки масъала ҳал шавад",-афзуд Ғолиб Ниятбеков.
Ғолиб Ниятбеков афзуд, Ситоди байниидоравӣ имрӯз ба санҷиши пешниҳоди мардум оғоз кард ва дар мувофиқа бо раиси вилоят, санҷиш мегузаронанд.
Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон дирӯз ҳам дар посух ба талаби гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омаданд гуфт, ин посгоҳҳо то замони таъмини волоияти қонун ва аз байн рафтани мошинҳои сиёҳшиша амал хоҳанд кард.
Ёдгор Файзов ҳамчунин гуфт, ки шикояти мардумро дар бораи тирпаронии шаби 4 ба 5 ноябр, ки дар он дасти кам як нафар захмӣ шудааст, ситоди байниидоравии амниятӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Дар ҳамин ҳол як мақом дар ниҳодҳои қудратӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ нафаре барои ҳалли ин ҳодиса аз Душанбе ба Бадахшон сафар намекунад ва Ситоди байниидоравӣ аз ӯҳдаи ҳалли ин баҳс мебарояд. Ӯ гуфт, ки посгоҳҳо ба ҳеҷ сурат бардошта намешаванд ва бо назардошти вазъи ҳассоси амниятӣ дар минтақа, будани ин посгоҳҳо дар шаҳр зарур аст.
Посгоҳҳои полис дар шаҳри Хоруғ ва дигар нуқоти Бадахшон баъди он гузошта шуданд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқот бо сокинону мақомоти Бадахшон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаи ҳамсарҳад бо Афғонистон интиқод кард.
Дар мулоқоти 15-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти вилоят интиқод кард, ки, ба гуфтааш, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд". Баъди ин дар вилоят тағйироти ҷиддӣ сурат гирифт -- мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуд, дар вилоят амалиёти ҷамъоварии силоҳ ва поккории мошинҳои сиёҳшиша ба роҳ монда шуд.
Зимнан, бо оғози гирдиҳамоии сокинони Хоруғ, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии "Фейсбук", "Ютуб" ва бархе аз сомонаҳо маҳдуд шуд. Як мақоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ инро ба иллати техникӣ рабт дод ва гуфт, он муваққатӣ буда, дар наздиктарин фурсат бартараф хоҳад шуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Баррасии тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар нишасти СПАД

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) рӯзи 25 июл нишасте барои баррасии роҳҳои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор кард.
Хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз баёнияи дафтари матбуотии ин созмон гузориш дод, ки дар ин ҷаласа, ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, тақвият ва таҷҳизи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди баҳс қарор гирифт.
Ба навиштаи манбаъ, дар ин ҷаласа феҳристи силоҳҳои нерӯҳои марзии Тоҷикистон дар марзи Афғонистон баррасӣ шуд.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад.
Бо вуҷуди ба расмият шинохта шудани ҳукумати Толибон аз сӯи Русия ва афзоиши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Толибон, ин кишварҳо борҳо нигаронии амниятии худро дар мавриди Афғонистон иброз кардаанд.
Рамазон Қодиров дар Туркия аз ғарқ шудан наҷот ёфт

Рамазан Қодиров, раҳбари Чеченистон дар шаҳри Бодруми Туркия аз ғарқ шудан наҷот ёфтааст.
Расонаҳои Туркия рӯзи ҷумъа гузориш доданд, ки ин ҳодиса 24 июл дар як меҳмонхонаи панҷситора дар минтақаи Кайнари шаҳри Бодрум рух дод. Гуфта мешавад, ки Рамазон Қодиров ба дохили об афтода ва андаке пас аз он беҳуш шуд.
Тибқи гузоришҳо, ӯ барои шино вориди об шуда буд, аммо ногаҳон контроли худро аз даст дод ва ба зери об рафт.
Кормандони меҳмонхона пас аз мушоҳидаи вазъ, билофосила вориди амал шуданд ва ӯро аз об берун кашиданд.
Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон аз ҷумлаи муттаҳидони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба шумор меравад, ки ба ҷанги Русия бо Украина нерӯ фиристодааст.
Муғулистон гуфтааст, метавонад ба Тоҷикистон гӯшти ҳалол бифурӯшад

Ухнаагийн Хурэлсух, раиси ҷумҳури Муғулистон гуфтааст, ки кишвараш метавонад ба Тоҷикистон гӯшти ҳалол содирот кунад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Муғулистон бо нашри баёнияе дар бораи сафари раҳбари кишвар ба Душанбе гуфтааст, ки Ухнаагийн Хурэлсух ҳангоми дидор бо Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 24-уми июл суҳбат кардааст.
Дар баёния омадааст: “Муғулистон метавонад ба Тоҷикистон гӯшти ҳалол содир кунад ва имкони истеҳсол ва содироти дигар маҳсулоти гӯшти ҳалолро ба роҳ монад. Дар Тоҷикистон, солҳои ахир қимати гӯшт, бахусус гӯшти гову гӯсфанд фавқуллода баланд рафтааст, чун дар худи кишвар ба қадри кофӣ чорво парвариш намеёбад ва воридоти гӯшт аз хориҷ зиёд мешавад.
Муғулистон, ки як кишвари умдатан чорвопарвар дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, соли гузашта ба хориҷ бештар аз 80 000 тон гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ фурӯхтааст. Мизоҷонаш ҳам Русия, Чин ва Эрон будаанд.
Зимни нахустин сафари давлатии раиси ҷумҳури Муғулистон ба Душанбе даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Тиҷорати ду кишвар дар соли 2024 бино ба гузоришҳо фақат 50 000 доллар будааст, ки баёнгари набуди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Муғулистон аст.
Мақомот мегӯянд, Боғи ҳайвоноти Душанберо ба Ҳисор мебаранд

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, Боғи ҳайвоноти Душанбе аз маркази шаҳр ба дигар ҷой мебаранд. Низом Мирзозода рӯзи 25-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, “нақшаи муфассал” мешавад, аммо ҷузъиёти бештар надод. Дар ҳошияи ин нишасти хабарӣ, як масъули идораи сохтмонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Боғи ҳайвонотро ба наздикии шаҳри Ҳисор мекӯчонанд.
“Нақшаи нави Боғи ҳайвонот дар марҳилаи тасдиқ аст. Баъди тасдиқи лоиҳа сохтмони Боғи нави ҳайвонот оғоз мешавад. Ин иншоот 5 километр дуртар аз пойтахт ва дар наздикии шаҳри Ҳисор сохта мешавад,”- афзуд масъули идораи сохтмони Душанбе.
Талабҳо барои кӯчондани Боғи ҳайвонот аз пойтахт ва беҳтар кардани шароити нигаҳдории ҷонварон борҳо садо додааст. Фаъолони ҷамъиятӣ борҳо аз вазъи бади нигаҳдории ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти Душанбе бонги изтироб задаанд. Меҳмонон ва сокинон пайваста бо нашри аксу навор аз ҳоли ҷонварон дар дохили панҷараҳо шароити боғро танқид мекунанд. Бархе аз ин боғ ба унвони "зиндони ҷонварон" ном мебаранд ва бархе ҳам нигаҳдории ҷонваронро дар чунин шароит номумкин медонанд.
Аммо Низом Мирзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ 25-уми июл ин гуна танқидҳоро ғаразнок номид. “Бас кунед ғаразнок навиштанро. Шояд бемасъулиятии роҳбари онҷо бошад. Вале ҳаминро реклама карда ба ҷаҳониён камбудҳои худро нишон диҳем, магар айб нест,”-гуфт раиси Кумитаи сохтмон.
Боғи ҳайвоноти Душанбе дар солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст. То ин замон бозсозии зиёдеро аз сар нагузарондааст. Масоҳати он ҳудуди 5 гектарро ташкил медиҳад ва бештар аз 1000 ҷонварро дар онҷо нигаҳ медоранд.
Нархи як метри мураббаи хона дар Душанбе ба 800 доллар расидааст

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон болоравии чашраси нархи манзил дар шаҳри Душанберо тасдиқ кард ва гуфт, ҳар як метри мураббаъ хона дар пойтахт ба 800 доллар расидааст. Ин назар ба аввали сол 200-250 доллар зиёдтар будааст.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ 25-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, соҳибкорон дар гузоштани нарх озод ҳастанд, "вале инсоф ҳам зарур аст".
Ба гуфтаи Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, имсол бо назардошти поёнравии қурби доллар, нархи маҳсулоти сохтмонӣ коҳиш ёфт, вале нархи манзил боло рафт. Низом Мирзозода болоравии нархи манзилро ба талаботи бозор рабт дод.
Баъзе аз сокинон шикоят мекунанд, ки нархи манзил дар Тоҷикистон, хусусан дар пойтахти кишвар, гарон буда, қобилияти хариди онро надоранд.
Бонкҳо барои гирифтани хона ба мардум қарзи дарозмуддат ё ипотека пешниҳод мекунанд, вале бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои иддае фақат орзу мемонад.
Паёми ҳамдардии Раҳмон ба Путин дар пайи суқути як ҳавопаймо дар Русия

Дар пайи ҳалокати сарнишинони як ҳавопаймои мусофирбар дар Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба ҳамтои русаш Владимир Путин, ба пайвандону наздикони ин садама ҳамдардӣ кард.
Дар ин барқия, ки дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр кард, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Федератсияи Русия боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Таъзияву таслияи самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем".
Ҳавопаймои Ан-24-и ширкати "Ангара", ки дар хатсайри Хабаровск-Благовешенск-Тинда парвоз мекард, рӯзи 24-уми июл дар вилояти Амур вожгун шуд.
Ҳокими ин вилоят гуфт, дар дохили ҳавопаймо 43 мусофир, аз ҷумла 5 кӯдак ва 6 хадама ё ҳайати парвоз буданд. Боқимондаҳои ҳавопаймо дар доманаи кӯҳ, 15-километрии Тинда, дар минтақаи душворгузар пайдо шудааст.
Ҳавопаймои суқуткарда тақрибан 50 сол пеш дар корхонаи ҳавопаймосозии "Авиант"-и Киев истеҳсол шудааст.
Назарзода гуфт, билети ҳавопаймо дар "моҳҳои наздик" арзон мешавад

Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ дар нишасти хабарии рӯзи 23-юми июл дар Душанбе гуфт, нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон "моҳҳои наздик" арзон мешавад.
Вале ӯ санаи арзоншавии чиптаҳоро дақиқан эълон накард.
Назарзода арзоншавии қимати билетро ба сиёсати "Осмони боз", ки чанде пеш дар Тоҷикистон эълон кард, рабт додааст.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади кам кардани арзиши билет, мудирияти Фурудгоҳи Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар хидматрасонии рӯизаминӣ 40 дарсад тахфиф пешниҳод кунад.
Гарон будани нархи билети ҳавопаймо баъзе муҳоҷирони тоҷикро маҷбур кардааст, ки аз роҳҳои заминӣ аз ҷумла, тариқи автобус ба Тоҷикистон баргарданд.
Сафар бо нақлиёти заминӣ то 3-4 рӯз тӯл мекашад ва муҳоҷирон мегӯянд, дар роҳҳо, бахусус дар биёбонҳои Қазоқистон, азоб мекашанд.
Дар садамаҳои нақлиётӣ дар Хатлон 31 кӯдаку наврас ҷон додаанд

Мақомоти интизомӣ дар Хатлон мегӯянд, танҳо дар шаш моҳи гузаштаи имсол, дар садамаҳои нақлиётӣ дар вилоят риштаи ҳаёти 31 тифл ва навраси то 16-сола канда шудааст. Дар барномае, ки Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 24-уми июл дар Фейсбук нашр кард, омадааст, ки миёни қурбониён 14 нафар кӯдаки то 7 сола ҳастанд. Бақия ва ё 17 нафари дигар кӯдакону наврасони то 16-сола будаанд.
Дар ин барномаи телевизионӣ гуфта мешавад, ки дар умум дар роҳҳои вилояти Хатлон дар ним сол 131 нафар ҷон додаанд ва вазъ бо садамаҳои нақлиётӣ дар қаламрави вилоят изтиробангез боқӣ мемонад. Бар асоси таҳлили мутахассисони Бозрасии давлатии автомобилӣ сабаби аслии садамаҳои маргбори нақлиётӣ дар вилояти ҳаракат бо суръати баланд аст. Ҳиссаи садамаҳои нақлиётии маргбор ба сабаби ҳаракат бо суръати баланд 46 дар сад будааст. Дар ин муддат дар Хатлон ба ҳамин сабаб 93 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайвастааст ва дар натиҷаи онҳо 67 нафар ҷон додаанд ва 73 каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад. Танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон 552 нафар ва ё рӯзона аз як то ду кас дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, ё дар ҷойи ҳодиса ва ё дар шифохона ҷон додаанд.
Дар 6 моҳ наздик ба 600 ҷасад аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудааст

Дар шаш моҳи аввали имсол наздик ба 600 ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро тариқи ҳавопаймо аз Русия ба ватан овардаанд. Танҳо тариқи Фурудгоҳи Душанбе тобути 569 нафар ба ватан оварда шудааст.
Дар ин бора дар варақаи иттилоотии кори нимсолаи ин фурдугоҳ дар рӯзи 23-уми июл хабар дода шуд. Шумораи тобутҳое, ки аз роҳи заминӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, ҳам маълум нест.
Рӯзи 24-уми июли соли гузашта Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфта буд, ки давоми ним сол ҷасади қариб 180 нафарро ба Тоҷикистон оварданд. Соли 2023 ба Тоҷикистон ҳудуди 850 тобут оварда шуда буд.
Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешавад. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.
Дар шаш моҳ 51 табиби тоҷик ба муҳоҷират рафтаанд

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 51 табиб ҷойи кори худро тарк карда, ба муҳоҷират рафтаанд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хабар дод.
Абдуллозода гуфт, дар ин давра дар умум 655 табиб ба кор қабул гардида, 508 табиб соҳаро тарк кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдуллозода аз 51 нафаре, ки ба муҳоҷират рафтаанд, 31 нафари онҳо имрӯз ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияти худро идома медиҳанд.
Вазири тандурустӣ гуфт, сол аз сол бо мақсади муҳоҷират соҳаро тарк кардани табибон коҳиш меёбад ва дар муқоиса бо солҳои пешин, ки дар як сол то 500-600 табиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ин омор хеле коҳиш ёфтааст.
Бисёре аз кормандони соҳаи тиббии Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, пеш аз ҳама музди беҳтарро далели муҳоҷират меноманд.
Ба иттилои расмӣ, феълан дар соҳаи тибби Тоҷикистон ҳазору 600 мутахассис намерасад.
Дар минтақаҳои дурдасти кишвар аксаран табибони оилавӣ, инчунин мутахасиссони соҳаҳои наркология ва силшиносӣ, ренгинологҳо ва дар баъзе манотиқ табибони бемориҳои занона ва ҷарроҳон намерасанд.
Хадамоти алоқа: Интернет арзон ва суръаташ беҳтар шудааст

Раиси Худамоти алоқа мегӯяд, нархи интернет дар Тоҷикистон арзон ва суръати он беҳтар шудааст.
Исфандиёри Саъдулло, раиси ин Хадамот рӯзи 23-юми июл ба журналистон гуфт, арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с ба 17 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ расонида шуд.
Ӯ афзуд, онҳое, ки таърифаи интернеташон ҳоло аз 5 Мбит/с паст аст, метавонанд ба ширкатҳои мобилии хидматрасон шикоят кунанд, то ба мушкилашон расидагӣ шавад.
Ваъдаи раиси Хадамоти алоқа дар ҳолест, ки шикоятҳо аз нархи гарону сифати пойини интернет дар Тоҷикистон солҳо боз садо медиҳад.
Дар радабандии моҳи апрели Speedtest Global Index, Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети сабтшуда (ноқилӣ) миёни 155 кишвар зинаи 117-умро касб кардааст.
Чор нафар дар Истаравшан зери хок мондаанд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки чор нафар сокинони шаҳри Истаравшан ҳангоми кандани хандақ зери хок мондаву яке аз онҳо ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин афрод замоне зери хок монданд, ки саргарми кандани хандақ буданд ва баногаҳ хоки азим болояшон сарозер шуд.
Аз ин ҳодиса се нафар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони шаҳри Истаравшан интиқол дода шуданд.
Манбаъ мегӯяд, ки дар кори наҷоти зерихокмондагон афсарони бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Истаравшан ҳамроҳ бо сокинон саҳм доштаанд.
Шахси ҳалокшуда дар ин ҳодиса як сокини 31-солаи маҳаллаи Навоӣ, кӯчаи Очил Абдураҳмон буд.
Захмиён сокинони кӯчаи Турсунзодаи маҳаллаи Навоии шаҳри Истаравшан буда, ду нафарашон 31-сола ва як нафари онҳо 21-сола мебошад.
Сабаби ҳодиса риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор гуфта шудааст.
Нашрияи "Фараж" дигар чоп намешавад

Ҳафтаномаи «Фараж» дар Тоҷикистон пас аз бист соли нашр дигар ба шакли рӯзнома ба дасти хонанда намерасад ва ҳайати эҷодии ин нашрия фаъолияти худро дар саҳифае бо номи «Фараҳ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук пеш мебаранд.
Хуршеди Атовулло, муассиси ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Самак» рӯзи 23 июл ба Радиои Озодӣ гуфт: «Мо мехоҳем, шакли корро дигар кунем, шакли тарғибро дигар кунем фоида нест аз газета аз баҳри нашри чопӣ алъон гузаштем. Номашро аз «Фараж» ба «Фараҳ» баргардон кардем.”
Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла дар Фейсбук гузоришҳое нашр шуд ва дар он мегуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон нашрияҳои «Фараж» ва «Самак»-ро бастаанд. Аммо Хуршеди Атовулло, муассиси нашрияҳо ин хабарҳоро рад кард ва гуфт, қароре дар бораи баста шудани «Фараж» ва «Самак» содир нашудааст.
Вай афзуд «Фараж», ки як гиёҳи бисёр талх аст, пас аз 20 сол дигар «Фараҳ», яъне хушҳолӣ шуд. Ба гуфтаи хабарнигори тоҷик, нашрияи «Самак» 226 нусха чоп мешуд ва хароҷоти ҳафтаинааш 1800 сомонӣ буд. Сардабири нашрияҳо мегӯяд давраи тиллоии «Фараж» солҳои 2007-2012 буд, ки он замон наздики 15000 нусха нашр мешуд. Ӯ афзуд: “Имрӯз “Самак” 226 дона теъдоди нашр дораду «Фараж» наздики дуним се ҳазор. Акнун бубинед, маоши кормандон, иҷора, интернет, техника ба замми ин ҳама қимати гарони чоп.”
Нахустин шумораи «Фараж» рузи 22 декабри соли 2005 ба чоп расида буд.
Боз шудани фазои Афғонистон убури ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистонро кам кард

Боз шудани фазои Афғонистон убури ҳавопаймоҳо аз осмони Тоҷикистонро ба таври қобили мулоҳиза кам кардааст.
Лоиқ Бегиҷонзода, директори корхонаи "Тоҷикраэронавигатсия" 23-юми июл гуфт, то соли 2024 фазои Афғонистон танҳо 20-30 дарсад боз буд ва ҳавопаймоҳои хориҷӣ бартарӣ медоданд, ки аз фазои Тоҷикистон убур кунанд.
Аммо ба гуфтаи Бегиҷонзода, имсол фазои Афғонистон пурра боз шуд ва убур (транзит)-и ҳавопаймоҳо аз фазои Тоҷикистон қариб 7 ҳазор парвоз кам шуд.
Бо кам шудани убури ҳавопаймоҳо аз фазои Тоҷикистон, даромади корхонаи "Тоҷикаэронавигатсия" дар нимаи аввали имсол 52 дарсад кам шудааст.
Ин корхона дар ним сол 122 миллион сомонӣ даромад гирифтааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 52 дарсад камтар будааст.
Лоиқ Бегиҷонзода афзуд, ки онҳо талош доранд бо боз кардани кардани хатсайрҳои нав, даромади корхонаро зиёд кунанд.
Кумита: "Муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ" 272 иншоот сохтанд

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки давоми солҳои истиқлол, аз ҳисоби "муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ" дар кишвар 272 иншоот, аз ҷумла, боғча, мактаб, ошхона, меҳмонхона ва толорҳои варзишӣ, бунёд шудааст
Шарифҷон Ҷумазода, раиси Кумитаи рушди маҳал рӯзи 23 июл зимни нишасти хабарӣ маблағи ин иншоотҳоро 500 миллион сомонӣ гуфт.
Ба гуфтаи Ҷумазода, соли равон дар кишвар боз 127 иншооти дигар бо маблағи беш аз 336 миллион сомонӣ аз ҳисоби "ҳамватанони бурунмарзӣ", сохта мешавад.
Вай дар зимни шарҳи "ҳамватанони бурунмарзӣ" гуфтааст, "онҳо фақат муҳоҷирони меҳнатӣ набуда, зодагони Тоҷикистонанд, ки шаҳрвандии кишвари дигарро доранд ва дар он ҷо будубош мекунанд".
Муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия солҳои дароз заҳмат мекашанд, яке аз муҳаррикони асосии иқтисоди Тоҷикистон дониста шуда, дар солҳои охир ҳамзамон ба ободгарони диёру зодгоҳашон табдил ёфтаанд.