Пайвандҳои дастрасӣ

Нуриддин Қаршибоев: Ҷойи воқеиятҳоро "фейкнюс" гирифтааст


Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, аз худсензура ё тарси худӣ натанҳо дар миёни журналистон, балки мансабдорону сокинони оддии кишвар нигаронӣ кард. Ӯ рӯзи 22-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳолат ҷойи воқеиятҳоро бештар хабари дурӯғ ё “фейк” мегирад.

Бо баҳонаи мубориза бо терроризм рӯзноманигорон мавриди таъқиб қарор гирифтанд.

Ин суҳбати мо бо Нуриддин Қаршибоев баъд аз нишасти намояндагони васоити ахбори умум дар мавзӯи “Озодии матбуот дар муҳити бесубот” (Media Freedom in Volatile Environments) дар Вена баргузор шуд. Қаршибоев гуфт, ки ҳарчанд масоили мавриди баррасии ин ҳамоиш ба таври мустақим ба Тоҷикистон марбут набуд, вале аксар мушкилоти зикршуда, назири таҳдид ба озодии баён, таблиғоти давлатӣ ва афзоиши хабарҳои дурӯғин ба ҷои иттилои дуруст аз масоили хоси матбуоти имрӯзи кишвар будааст.

Нуриддин Қаршибоев: “Масъалаи дигаре, ки дар ин ҷаласа гуфта шуд, масъалаи аккредитасия ва дастрасӣ ба иттилоот дар манотиқи низоъ буд. Дар ин масоил ба муносибот ё вазъияти Укарина бо Русия бештар диққат доданд. Дар ин баробар, дар мавзӯъҳои маърифати интернетӣ, ҳамчун як абзор барои бартараф кардани дезинформация (дурӯғпароканӣ) ва манипулятсия (таҳриф ё дасткорӣ кардани афкори ҷомеа) ё дар масъалаи амнияти журналистон ва ҳамзамон масоили худтанзимкунӣ дар шароити низоъ аз мавзӯъҳои баҳси ин конфронс буданд. Чунин конфронсҳо махсус ба мушкилоти ин ё он давлат бахшида намешаванд. Балки равандҳои асосие, ки дар роҳи озодии иттилоот сад эҷод мекунанд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки хоси аксари кишварҳои ҷаҳон ҳастанд. Тирамоҳи имсол як конфронси дигар дар Тошканд баргузор мешавад ва албатта, мушкили расонаҳои Осиёи Марказӣ дар он ҷо матраҳ хоҳад шуд, аз ҷумла мушкилоти расонаҳо дар Тоҷикистон.”

Таъқиб бо баҳонаи мубориза бо терроризм

Радиои Озодӣ: Солҳои охир дар арзёбии созмонҳои байналмилалӣ вазъи матбуоти мустақил дар Тоҷикистон пур аз мушкил арзёбӣ ва бештар ба маҳдудиятҳои сиёсӣ рабт дода мешавад. Дар ин замина чӣ назар доред?

Нуриддин Қаршибоев: “Мушкилоти матбуоти тоҷик бештар омили иқтисодӣ дорад, ки барои рушди матбуоти озод монеъ мешавад. Таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар матбуоти кишвар бармало ба назар мерасад, дар баробари ин, мутаассифона, матбуоти Тоҷикистон мушкилоти сиёсӣ ҳам дорад. Бо баҳонаи мубориза бо терроризм рӯзноманигорон мавриди таъқиб қарор гирифтанд. Он чолишҳое, ки дар Осиёи Марказӣ ба назар мерасад, ба андешаи ман, ин омили пинҳонии низоъангезӣ дорад, яъне омиле ҳаст, ки баръало маълум нест, вале шароите, ки вуҷуд дорад, омили хавфу хатар дорад. Албатта, ин чизҳо асосҳои воқеӣ ҳам доранд. Мутаассифона, мифҳо (асотир) низ вуҷуд дорад, ки аз онҳо барои маҳдуд кардани озодии иттилоот аз ҷониби мақомот истифода мешаванд.”

Мифҳое, ки барои тарс додани хабарнигорон истифода мекунанд

Радиои Озодӣ: Он «асотире», ки барои тарс додани матбуот истифода мешаванд, кадомҳоянд?

Нуриддин Қаршибоев: “Яке аз ин омилҳо таҳдиди ДИИШ ба Осиёи Марказӣ аст. Албатта, дар сафи ин ҳаракат намояндаҳои Осиёи Марказӣ низ ҳастанд ва ин омил асоси воқеӣ дорад, ки онҳо ба кишварҳои мо таҳдид мекунанд. Лекин ҳамин омили воқеӣ бештар мифҳое, ки гӯё онҳо бисёр қудрати зиёд доранд, ҷонибдор доранд ва дар Афғонистон қарор доранду аз сарҳад мегузаранд, аз воҳимаи ДИИШ ба ҷои омода кардани як нақшаи матраҳи ҷалби мубориза тариқи расонаҳо, баръакс, озодиҳои матбуот ва ҳуқуқи инсонро маҳдуд мекунанд. Бо ин чораҳо гӯё мехоҳанд, пеши роҳи экстремизм ва терроризмро бигиранд. Дар Тоҷикистон Стратегияи мубориза бо терроризм қабул шудааст. Мутаасиффона, дар амалӣ кардани ин Стратегия мақомот фақат аз чораҳои репрессивӣ истифода мекунанд. Ба андешаи ман, дар амалӣ кардани ин Стратегия дар ҳамкорӣ бо расонаҳо ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аз дигар чораҳои таъсирбахш ва профлактикӣ истфода кард, то мардум моҳияти ин зуҳуроти манфиро дарк намояд. Роҳи иттилоърасонӣ ба ҷомеа бештар бояд тавсеа дода шавад, то мардуми огоҳ тасмими дуруст дар муносибат ба зуҳуроти тундгароӣ, экстремизм ва терроризм гирифта тавонад. Мутаассифона, дар ин ҷабҳа ҳамкорӣ миёни расонаҳо ва мақомот хеле суст аст ва мо наметавонем гӯем, ки саҳми матбуот дар мубориза бо терроризм назаррас бошад.”

“Дар миёни чаҳор дарё тахтабандам кардаӣ”

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки бо баҳонаи ДИИШ матбуот зери фишор қарор дорад. Вокуниши ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба ин чӣ аст?

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев: “Гап танҳо сари мавзӯи ДИИШ нест, гап умуман дар бораи мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм меравад. Инҷо гап сари озодиҳои динӣ низ аст. Мавзӯъ хеле мубрам аст, мутаассифона, ҳолати журналистони оддиро ба мақоли «Дар миёни чаҳор дарё тахтабандам кардаӣ» метавон муқоиса кард. Аз як тараф гуфта мешавад, ки расонаҳо бояд дар ин самт саҳм дошта бошад, вале қоидаҳои мушаххасе вуҷуд надоранд, ки амнияти журналист ҳангоми фаъолияташ таъмин шавад. Тасаввур кунед, ки рӯзноманигоре мехоҳад дар бораи ин ё он созмони мамнуъ ва гароиши ҷавонон ба фаъолияти он маводе омода кунад. Вақте мавод омода мекунад, ба мушкил дучор мешавад. Дар амал ин ҳолат борҳо ба назар расидааст. Вақте нашрияи «Азия-Плюс» аз як конфронси минтақавӣ дар бораи тундгароӣ мавод омода кард, қариб ин нашрияро барои ҳамкорӣ бо тундгароён муттаҳам кунанд. Дар ин самт дастуру раҳнамоҳо мушаххас нест, ки рӯзноманигор бояд бо кадом шева ин мушкилро инъикос кунад. Қоидаву меъёрҳо ҳам барои мақомот ва ҳам барои расонаҳо бояд мушаххас бошанд. Масалан, рӯзноманигор дар кадом ҳолат метавонад ба як вебсайти мамнӯъ барои пайдо кардани иттилоот ворид шавад. Оё ворид шудан ба ин сомонаи мамнӯъ ҷиноят аст? Дар кадом ҳолат таркиби ҷиноят ба назар мерасад? Ба андешаи коршиносони мо, танҳо дар сурати таблиғ кардани як ҳаракати мамнӯъ онро ҷиноят ҳисобидан мумкин аст. Ба ҳар ҳол, ҳамин омилҳо мушаххас нестанд, ки рӯзноманигоронро ба мушкил дучор кардааст. Аз ҷониби созмони мо кӯшиш мешавад, ки журналистро ҳимоя кунем, вале кор кардан дар чунин шароит хеле мушкил аст. Фикри мо ин аст, ки мақомот дар баррасии ин мавзӯъ бо расонаҳо, созмонҳои рӯзноманигорӣ бояд ҳамкории хубтаре дошта бошад, то ҷомеа фоида бигирад.”

«Мақомот мушкил эҷод мекунанд»

Радиои Озодӣ: Чӣ мавридҳое дар заминаи дучори мушкил шудани рӯзноманигорон ҳангоми матраҳ кардани масоили ифротгароӣ дарёфт кардаед?

Ба ҳамаи ҳамкасбони ҷавон гуфтам, ки вақте даъват мекунанд, шумо ҳатман даъватномаи расмӣ талаб кунед ва мавзӯи сӯҳбатро мушаххас кунед. Зеро ҳеҷ кас нафари дигарро ғайриқонунӣ ҳаққи ба сӯҳбат ва ҳамкорӣ даъват карданро надорад.

Нуриддин Қаршибоев: “Муроҷиатҳо ҳастанд. Чанд моҳ қабл, ҳатто гурӯҳе аз рӯзноманигорон, ки бевосита дар инъикоси масоили тундгароӣ мавод омода мекарданд, моро ба ҷаласаи худ даъват карданд. Онҳо вақте бо ҳомиёни ҳуқуқи башар, бо ҳуқуқшиносон сӯҳбат карданд, аз масъулияти бештар барои лайк гузоштану истифода бурдан аз сарчашмаҳои алтернативӣ, аз таҳдидҳое, ки дар доираи қонун барои мусоидат ба терроризму экстремизм Кодекси ҷиноӣ пешбинӣ намудааст, огоҳ гардида, дар як ҳолати ногувор қарор доштанд. Моро даъват карданд, ки як маслиҳат диҳед. Мо пешниҳод кардем, ки ҳангоми инъикоси чунин мавзӯъ ҳатман дар матлаби худ эзоҳе оваранд, ки таҳқиқи ин мавзӯъ ба маънои дастгирӣ кардани ҳаракатҳои мамнӯъ нест. Мақсад иттилоъ расондан ба мардум аст, ки аз хатари терроризму экстремизм огоҳ бошанд. Мутаассифона, мақомот ба ҷои ҳамкорӣ барои таҳияи гузоришҳои хуб дар ин мавзӯъ ба хабарнигорон мушкил эҷод мекунанд. Ман дар як конфронс аз як гузориши Радиои Озодӣ мисол оварда будам, ки дар як гузориш тавонистанд, аз тариқи истифодаи унсурҳои мултимедиа ва тавозуни назарҳо ҳолати модареро, ки фарзандаш ба ДИИШ пайвастааст ва дар онҷо қурбон шудааст, инъикос кунанд. Нишон додани ҳолати рӯҳиву равонии қаҳрамони мавод аз сад «пропаганда»-и дигаре, ки ДИИШ мамнӯъву хатарнок аст, ҷараёни тундгаро аст, бештар рӯи мардум таъсиргузор мешавад. Вақте як нафарро дар назди камера биёранду гӯяд, ки «ман пушаймон ҳастам, гунаҳкор ҳастам, ки ба ДИИШ пайвастам ва ин созмони террористӣ чизи хуб нест» - ин усули кор аллакай кӯҳна шудааст. Барои онки рӯзноманигорон рисолати аслии худро иҷро кунанд, мо бояд шароит муҳайё кунем. Шароит - ин заминаи ҳуқуқӣ ва меъёрҳои мушаххас муқаррар кардан аст, ки зимни кор хабарнигор ба мушкил дучор нашавад. Мутаассифона, аксар вақт ҳамкасбони ҷавони моро ба мақомот даъват мекунанд, баҳонаи аслии мақомот ин аст, ки шумо бо омода кардани ин мавод сулҳу суботро зери суол мебаред. Ин гуна даъватҳо хеле маъмул шудааст. Ба андешаи мо, ин амал нодуруст аст, зеро аз гуфтани гапи ҳақ, инъикоси воқебинонаи ҳодисаҳое, ки марбут ба экстремизму терроризм аст, ҳеҷ гоҳ ҷомеа зарар нахоҳад дид, вақте мавод ҳамаҷониба бо риояи тавозуни назарҳо омода карда мешавад.”

“Агар эътимод набошад...”

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки даъвати рӯзноманигорони ҷавон ба мақомот зиёд шудааст. Пушти ин даъватҳо фишор низ эҳсос мешавад?

Ҳар кас гумон дошт, ки ҳамкасбаш ба мақомоти махсус ҳамкорӣ дорад ва манбаъҳои ӯро шояд ошкор кунад. Ҳамин омил сӯҳбатҳои озоди касбӣ миёни рӯзноманигоронро маҳдуд кард.

Нуриддин Қаршибоев: “Моҳе нест, ки як-ду хабар дар бораи чунин даъвату сӯҳбатҳо надошта бошем. Мутаассифона, ин сӯҳбатҳо бештар бо ҳадафи фишори равонӣ ба рӯзноманигорон анҷом мешаванд. Ин даъватҳо ва сӯҳбатҳо ғаразҳое доранд, ки мақсад аз он дар ҷомеа коштани тухми нобоварӣ аст. Қаблан ҳам гуфта будам, ки маҳз бо ҳамин усулҳо мақомоти Тоҷикистон тавонистанд миёни ҷомеаи рӯзноманигорӣ дар як муддат тухми нобоварӣ бикоранд ва эътимод миёни ҳамкасбон хеле суст шавад. Мо дар як соли охир хеле кӯшиш ба харҷ додем ва муваффақ ҳам шудем, ки бештари рӯзноманигорон эътимод ба худ ва ҳамкасби худ дошта бошад. Фақат дар ҳамин ҳолат мо метавонем ҷомеаи рӯзноманигориро дар Тоҷикистон ҳифз кунем. Агар эътимод миёни ҳамкасбон набошад, пеш рафтани кор хеле мушкил аст. Он сӯҳбату даъватҳо ба андешаи ман асоси қонунӣ надоранд. Ба ҳамаи ҳамкасбони ҷавон гуфтам, ки вақте даъват мекунанд, шумо ҳатман даъватномаи расмӣ талаб кунед ва мавзӯи сӯҳбатро мушаххас кунед. Зеро ҳеҷ кас нафари дигарро ғайриқонунӣ ҳаққи ба сӯҳбат ва ҳамкорӣ даъват карданро надорад. Барои ҳамин аз он сӯҳбатҳои «дӯстона» ҳазар бояд кард. Дар ин ҳолат, вақте рӯзноманигор дар чаҳорчӯби қонун фаъолияти касбии худро роҳандозӣ мекунад ва қонунро вайрон намекунад, мо имкон дорем, ҳуқуқи ӯро ҳифз кунем.”

«Ҳеҷ журналист намехоҳад, манбааш ошкор шавад»

Радиои Озодӣ: Манзуратон аз кам шудани эътимод миёни рӯзноманигорон дар пайи чунин даъвати мақомот чист?

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев: “Табодули озоди назар миёни хабарнигорон, махсусан дар давраи интихоботи соли 2013 ва ду соли пас аз интихобот дар ҳамон шабу рӯзи амалиёти зидди террористӣ дар сентябри 2015 хеле зиёд шуд. Қаблан, мо бо рӯзноманигороне, ки ҳамсоли мо ҳастанд, дар ҳама ҳолат ба якдигар бовар мекардем, ки сирри касбиро дастраси омма намекунад ё ба мақомот хабар намедиҳад. Як чизе ҳаст, ки журналист ба ҳамкасби худ бояд бовар карда тавонад. Барои санҷидани факт, барои санҷидани воқеият, муайян кардани самти таҳқиқоташ журналистон миёни ҳам ошкоро сӯҳбат карда тавонанд. Ҳамин чиз дар чанд соли ахир кам ба назар мерасид, ба хотире ки ҳар рӯзноманигори дигар гумон дошт, агар ин гапро ба ҳамкасбам гӯям, пеш аз нашр эҳтимоли ба мақомот хабар додан вуҷуд дорад. Ҳар кас гумон дошт, ки ҳамкасбаш ба мақомоти махсус ҳамкорӣ дорад ва манбаъҳои ӯро шояд ошкор кунад. Ҳамин омил сӯҳбатҳои озоди касбӣ миёни рӯзноманигоронро маҳдуд кард. Чун ҳеҷ журналист намехоҳад, манбаи ӯ ошкор шавад, чун ин зарбаи сахт ба фаъолияти касбиаш аст.»

Аз хурд то бузург... метарсанд

Радиои Озодӣ: Зоҳиран ҳамин вазъ худсензураро дар миёни хабарнигорон афзоиш додааст...

Нуриддин Қаршибоев: «Худсензура дар ҷомеаи Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, ки ин барои озодии матбуот зиёновар аст. На танҳо рӯзноманигор, балки мансабдор ва сокини оддӣ ҳам худсензура шудааст ва аз он чӣ ки бояд бигӯяд, парҳез мекунад. Бештари мардум замони пайдо шудани мушкил ба матбуот муроҷиат мекард. Ҳоло мушкилашро пинҳон медорад ва намехоҳад, он дар матбуот пайдо шавад. Кӯшиш мекунад, ки ягон воситаи дигар пайдо кунанд ва мушкилашро ҳал кунаду он расонаӣ нагардад. Вақте худсензура зиёд мешавад ва мақомот дар бораи як ҳодиса иттилои фаврию дақиқ намедиҳанд, ҷойи воқеиятҳоро хабарҳои дурӯғ ё «фейк» мегирад.»

Аз тарафи дигар, мо бояд як чизро ба назар гирем, хабари бардурӯғе, ки дар зарфи 24 соат инкор намешавад, ба ҳақиқат табдил меёбад.

«Ҳозир бозори «фейкнюс» тафсон аст»

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, хабарҳои дурӯғ ё ба истилоҳ «фейкнюс» то куҷо дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мавқеъ пайдо кардааст?

Нуриддин Қаршибоев: “Навигариҳои «фейкӣ» дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Мақсади аслии «фейкнюз» ба андешаи ман аз масоили мубрами ҷомеа дур кардани мардум аст. Бо ҳама роҳу восита кӯшиш мекунанд, иттилое пахш кунанд, ки асли воқеӣ надорад ва бо он мардумро машғул медоранд. Мардум дигар ба масоили мубрами сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи камтар мекунанд. Аслан фейкҳо аз давраи интихоботии порлумонӣ фаъол шуданд. Ин фейкҳо зоҳиран ҷонибдорони давлат буданд ва ҳадафашон зарба задан ба мавқеи журналистони озод ва ҳомиёни ҳуқуқу намояндагони аҳзоби сиёсии мухолиф буд. Фаъолияти ин фейкҳо бархе аз соҳибназаронро аз шабакаи иҷтимоӣ дур карданд ва ҷои онҳоро аккаунтҳои тундгаро гирифтанд. Ба фикрам, яке аз сабабҳои аслӣ фаъол шудани тундгарон ва гароиши ҷавонон ба ин гурӯҳҳо дур шудани соҳибназарон аз шабакаҳои иҷтимоӣ марбут аст. Ҳоло дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фейкҳое, ки зоҳиран тарафдори давлат ҳастанд ва ҳам фейкҳое, ки зидди давлат ҳастанд, фаъол шудаанд. Аз тарафи дигар, мо бояд як чизро ба назар гирем, хабари бардурӯғе, ки дар зарфи 24 соат инкор намешавад, ба ҳақиқат табдил меёбад. Ин гуфтаи як сиёсатмадори амрикоӣ ҳаст, ки воқеияти имрӯзро нишон медиҳад. Мо рӯзноманигорон, ки рисолати иттилои дуруст расонданро дорем, бояд дар баробари пайдо шудани хабари фейкӣ бояд хабари аслиро омода ва пахш кунем. Шоҳиди он будам, як хабари фейкие пайдо шуд, ки гӯё муфаттиши боздоштшудае дар Бӯстон (Чкаловск) бункер доштааст, ки дар он мошинҳову халтаи пулу тилло пайдо шудааст. Худи ҳамон рӯз хабарнигори Радиои Озодӣ ба ин хона рафт. Онҷо дид, ки ягон бункер набудааст. Мутаасифона бозори хабарҳои фейкӣ тафсон аст. Барои онки мардум ба интернет дастрасӣ доранд ва вақте чунин хабарҳо пайдо мешавад, зуд аксарият огаҳ мешавад. Барчидани чунин хабарҳо барои расонаҳои воқеӣ, ки мехоҳанд, дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият кунанд, мушкил эҷод мекунад. Ин як мубориза миёни расонаҳоест, ки барои журналистикаи босифат кор мекунанд ва расонаҳои ба истилоҳ зард аст.”

XS
SM
MD
LG