Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои манфии мутахассисон ба кори хиштрезон дар Тоҷикистон


Дар остонаи мавсими хонасозӣ дар Тоҷикистон, як санҷиш нишон додааст, ки миллионҳо дона хиште, ки даҳҳо корхона дар саросари кишвар истеҳсол кардаанд, мустаҳкам нестанд ва мувофиқи талабот набояд дар сохтмони бинову иншоот истифода шаванд.

Гурӯҳи мутахассисону меъморон баъди се моҳи санҷиши сифати маҳсулоти корхонаҳои хиштрезӣ маълум кардаанд, ки дар соли 2016 даҳҳо корхона дар саросари кишвар хиштҳои сафолини пастсифат истеҳсол карда ва ба муштариёнашон фурӯхтаанд.

Тафтиши корхонаҳоро дар семоҳаи охири соли 2016 гурӯҳи иборат аз кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамроҳ бо мутахассисони муассисаҳои назоратӣ ва пажӯҳишӣ дар семоҳаи ахири соли 2016 анҷом додаанд. Қурчибек Юсупов, сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёти Кумитаи сохтмон, рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар муддати 3 моҳ аз маҳсулоти тақрибан 80 корхонаи хиштрезӣ барои озмоиш намуна гирифтанд ва маълум карданд, ки хиштҳои 36 корхона ба меъёрҳои давлатии сифат мувофиқат намекунанд.

“Дар рафти санҷиш маълум кардем, ки сифати хишти баъзе аз корхонаҳо дар муқоиса ба соли 2015 беҳтар шудааст ва баръакс сифати маҳсулоти корхонаҳои дигар бад шудааст.” – гуфт Қурчибек Юсупов.

Мутахассисон маълум кардаанд, ки хишти истеҳсолкардаи 36 корхона аз ҷиҳати андоза ва намуди зоҳирӣ мувофиқ ба талабот нест, ҳарчанд ба ин корхонаҳо сертификати мутобиқат додаанд ва озмоишгоҳҳо ҳам гуфтаанд, ҳеҷ мухолифате барои фурӯши маҳсулот надоранд. Се корхонаи хиштрезӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ашт, Файзобод ва Ҳисор умуман сертификати сифат надоштаанд, вале соли гузашта дар маҷмӯъ бештар аз 1 миллиону 500 дона хишт истеҳсол карда ва ба фурӯш гузоштаанд.

Ва он ҳам хиште, ки сифаташ аз хишти тамғаи 75 паст будааст, хиште ки ба гуфтаи Қурчибек Юсупов барои бунёди хонаҳои баландошёна истифода мешавад.

“Хишт аз тамғаи 30 сар мешавад, то тамғаи 150 мерасад. Барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ истифода аз хиштҳои поёнтар аз тамғаи 75 иҷоза дода намешавад. Ин хишти мустаҳкам аст ва барои сохтани хонаи аз як ошёна боло, бояд фақат аз ҳамин хишт истифода шавад, бахусус бо назардошти минтақаи сейсмикӣ (зилзилахез), ки Тоҷикистон ҷойгир аст.” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Аммо ба гуфтаи мутахассисон, бо истифода аз маҳсулоти корхонаҳо дар миқёси ҷумҳурӣ сохтмони бинову иншоотҳо идома доштаанд. Дар Тоҷикистон солҳои ахир сохтмон вусъат гирифт ва талабот ба хишти пухта низ зиёд шуд ва теъдоди корхонаҳои хиштрезӣ низ афзуд. Дар миқёси Тоҷикистон дар охири соли 2016-ум 138 корхонаи хиштрезӣ будааст ва 59 адади онҳо фаъолият мекарданд.

Онҳое, ки корхонаи хиштрезӣ доранд, мегӯянд, аз ингуна санҷишҳо хаста мешаванд. Ба гуфтаи як соҳибкор, ки корхонаи хиштрезӣ дорад, авввал Агентии стандартизатсия ба онҳо иҷоза медиҳад, ки кор кунанд ва сифати хиштро қабул мекунад ва сипас "нозирон меоянду мегӯянд, ки стандартизатсия номаъқул кардааст, чунки сифати хишти шумо мувофиқ ба меъёр нест, мешиканад, каҷ аст, дуруст пухта нашудааст."

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳамчунин ҳолатҳое ҳастанд, ки нозирон мегӯянд, "ягон чиз деҳ сертификат мегирӣ" ва ингуна муомилаҳо ҳаст.

Дар рустоҳои Тоҷикистон умдатан хонаҳои истиқоматии як ё дуошёнаро бо хиштҳои нопухта ва гилин месозанд, аммо солҳои ахир бунёди хонаҳои дуошёна бо хишти пухта ҳам зиёд шудааст. Аммо зилзилаҳои начандон қавӣ дар солҳои ахир нишон додаанд, ки бисёре аз хонаҳо ба таконҳои андак қавӣ тоб намеоранд ва садама мебинанд, ё комилан хароб мешаванд.

Ба гуфтаи Қурчибек Юсупов, гурӯҳи санҷишӣ барои пешгирӣ аз истеҳсоли хиштҳои пастсифат ба мақомоти нозир, аз ҷумла Агентии стандартизатсия тавсия додааст, ба корхонаҳое, ки хишти пастсифат мерезанд, сертификати сифат надиҳад ва аз ин пас баъди санҷиши ҳар силсилаи хиштҳои истеҳсолшуда онро барои фурӯш иҷоза бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG