Дар чанд ҷумла
Кобул бо Гулбуддин Ҳикматёр оштӣ мекунад

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон гуфт, рӯи нуқоти асосии қарордоди сулҳ бо гурӯҳи ҷангии ҳизби исломӣ тавофуқ кардааст. Шӯрои олии сулҳ, ки аз сӯи раисиҷумҳури Афғонистон ба хотири тавофуқи сулҳ бо гурӯҳҳои чирикӣ ташкил шудааст, гуфт, интизор меравад, ин муомила рӯзи 15 май расман эълон шавад. Ин муомила як пешрафти қобили мулоҳиза барои раисиҷумҳур Ашраф Ғанист, ки то кунун дар талошҳояш барои хатми муқовиматҳои мусаллаҳонаи 15-сола дар Афғонистон чандон комёб набуд. Гулбуддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломӣ, аз тундравтарин ҷангиёни Афғонистон маҳсуб мешавад. Давлати Афғонистон музокираро бо ин гурӯҳ рӯзи 17 март дар пайи ирсоли як ҳайъат аз сӯи Ҳикматёр оғоз карда буд. Ҳиӯби исломӣ ба анҷоми чандин ҳамлаи хунин алайҳи нирӯҳои Амрико ва Афғонистон айбдор мешавад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Украина исми беш аз 400 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро нашр кард

Як тарҳи давлатии Украина исми 446 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро эълон кард, ки дар чанд моҳи ахир аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар кушта шудаанд.
Дар феҳристи тарҳи "Зистан мехоҳам", ки рӯзи 9-уми октябр нашр шудааст, ному насаб, солу моҳу рӯзи зода шудан ва санаи кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон зикр шудааст.
Дар ин феҳрасти афроди дар ҷанг кушташуда дида мешавад, ки ҷавонтарини онҳо, Суҳайлӣ Каримов 19- сол ва бузургсолтарин, Носир Раҷабов 63-сола будааст.
Аксари онҳо, бар асоси ин санад, дар давоми соли 2025 кушта шудаанд.
Тарҳи "Зистан мехоҳам" аз аввали имсол чанд бор исми сарбозону афсарони Русияро нашр кард, ки дар ҷанги зидди Украина кушта шудаанд. Дар чанд моҳи ахир дар ин тарҳ исми наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудаааст, ки дар Украина кушта шудаанд.
Муаллифон тарҳ мегӯянд, ин маълумотро ба воситаи "одамони худ" дар артиши Русия дастрас кардаанд. Радиои Озодӣ исми чанд нафарро дар феҳрастҳои гузашта тафтиш кард ва дақиқ шуд, ки онҳо воқеан кушта шудаанд.
Муаллифони тарҳи "Зистан мехоҳам" бовар доранд, ки ин афрод асосан дар ҷанги Русия алайҳи Украина истифода ва аксарият ба мисли "барраи қурбонӣ" нобуд мешаванд.
Қонунгузории Тоҷикистон иштироки шаҳрвандонаш дар ҷангҳои кишварҳои хориҷиро манъ мекунад, вале мақомоти ин кишвар мегӯянд, нисбат ба касе барои ширкат дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноятӣ боз накардаанд.
Ҳамоиши сарони Осиёи Миёна-Русия. Путин ҳаҷми тиҷоратро нокофӣ хонд

Баъд аз зуҳри 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши дуюми кишварҳои "Осиёи Марказӣ-Русия" баргузор шуд. Владимир Путин дар ин ҳамоиш аз кам будани ҳаҷми додугирифти кишвараш бо давлатҳои Осиёи Марказӣ гуфт.
Тибқи омори Путин, соли гузашта Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 45 миллиард доллар додугирифт доштанд, ки кофӣ нест. Президенти Русия омори додугирифти кишвараш бо Белорусро мисол овард, ки соли гузашта аз 50 миллиард доллар гузашт.
Дар ин нишаст раиси ҷумҳури Русия аз 20 миллиард доллар сармоягузории кишвараш дар Осиёи Марказӣ сухан кард ва дар иваз хост аз ширкатҳои ин минтақа хост дар Русия сармоягузорӣ кунанд.
Путин ҳамчунин аз омодаги ширкатҳои русӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи Миёна хабар дод. Дар солҳои гузашта ин гуна талошҳо ноком монда буд. Аз ҷумла соли 2004 Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи "Роғун" бо ширкати "Русал" шартнома баст, аммо баъдан Душанбе яктарафа онро бекор кард.
Аз рӯи баёнияҳои расмӣ дида мешавад, ки дар ҳамоиши дуввуми "Русия-Осиёи Марказӣ" мавзӯи муҳоҷирон баррасӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки миллионҳо нафар аз Осиёи Миёна барои кор ба Русия мераванд ва солҳои ахир аз фишору азияти пулиси рус шикоят доранд.
Дар матни суханронии Путин, ки сомонаи Кремл нашр кард ва ҳамчунин хабарномаи расмии дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ишорае ба мавзӯи муҳоҷирон нашудааст.
Ҳамоиши нахустини "Русия-Осиёи Марказӣ" бори аввал соли 2022 дар Остона баргузор шуда буд.
Сомонаи президенти Тоҷикистон навиштааст, дар поёни ин нишаст "Эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027" қабул гардид. Аммо ҷузъиёти ин санадҳо маълум нест.
БАТР барои навсозии низоми гармидиҳии Душанбе €6 млн медиҳад

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои навсозӣ кардани низоми гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, ба Тоҷикистон 6 миллион евро медиҳад. Тибқи иттилои Вазорати молия, созишномаи мазкур 6-уми октябр дар Душанбе имзо шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 6 миллион евро 3 миллионаш грант ё маблағи бебозгашт ва нисфи дигар қарз аст. Шарту шароити ин қарз эълон нашудааст.
Дар шаҳри Душанбе ду маркази барқу гармидиҳӣ кор мекунанд, ки якеаш аз сӯи ширкати чинии "ТВЕА" сохта шудааст.
Фаъолияти ҳарду маркази гармидиҳии пойтахт нигаронии фаъолони муҳити зистро ба миён овардааст, чун ин марказҳо бо ангишт кор карда, ҳаворо ифлос мекунанд.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки мақомоти Тоҷикистон бо 6 миллион еврои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд кадом бахши низоми гармидиҳии пойтахтро навсозӣ мекунанд.
Расонаҳо: Ҳадафи ҳамлаи дишаб дар Кобул раҳбари Толибони покистонӣ буд

Шаби гузашта дар маркази шаҳри Кобул садои ду таркиш шунида шудааст. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид шунида шудани як таркишро тасдиқ карда ва гуфтааст, ки ин ҳодиса талафоте дар пай надошт ва таҳқиқот дар мавриди он оғоз шудааст.
Хабаргузории "Рейтерз" ва дигар расонаҳои байналмилалӣ ба нақл аз шоҳидони айнӣ аз шунида шудани ду таркиш дар соати тақрибан 10-и шаб ба вақти маҳаллии Афғонистон, хабар доданд.
Шуморе аз расонаҳои покистонӣ гузориш додаанд, ки ҳадафи ин ҳамлаҳои ҳавоӣ, раҳбарони муҳими Таҳрики Толибони Покистон будаанд.
Рӯзномаи англисизабони Pakistan Observer ба нақл аз манбаъҳои худ навиштааст, ки дар ҳамлаи ҳавоии Покистон дар Кобул, мошини ҳомили Нурвалӣ Маҳсуд, яке аз раҳбарони баландпояи Таҳрики Толибони Покистон, ҳадаф қарор гирифтааст.
Бар асоси маълумоти ин рӯзнома, манбаъҳо ба онҳо гуфтаанд, ки Нурвалӣ Маҳсуд дар ин ҳамла захмӣ шуда, аммо кушта шудани ӯ то кунун тасдиқ нашудааст.
Дар идомаи гузориш омадааст, ки ду тан аз ҳамроҳони Нурвалӣ Маҳсуд ҳам ҳадаф қарор гирифтанд. То ин лаҳза манбаъҳои расмии ҳукумат ё артиши Покистон дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёми садоии мансуб ба Нурвалӣ Маҳсуд нашр шудааст, ки дар он мегӯяд, дар "дар хоки худ ва минтақаҳои қабиланишин" ҳузур дорад ва солим аст.
Шуморе аз хабарнигорон ва манбаъҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҳамзамон бо ҳамлаҳо дар Кобул, нерӯҳои покистонӣ дар вилояти Пактикои Афғонистон низ шаби гузашта ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд. Аммо мақомҳои покистонӣ ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон дар ин бора ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд.
Покистон пеш аз ин низ чандин бор дар вилоятҳои Хуст, Пактико ва Пактиёи Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода буд, ки бо вокуниши тунди мақомоти Толибон рӯбарӯ шуд.
Дар чанд рузи ахир дар чанд минтақаи вилояти Хайбар Пахтунхоҳи Покистон ба низомиёни покистонӣ ҳамлаҳо сурат гирифт ва даҳҳо сарбоз кушта шуданд. Таҳрики Толибони Покистон масъулияти бархе аз ин ҳамлаҳоро ба ӯҳда гирифтааст.
Путин эътироф кард, ки ҳавопаймои AZAL бо системаи дифои зиддиҳавоии Русия суқут дода шуд

Президенти Русия Владимир Путин масъулияти Маскав дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии AZAL-и Озарбойҷонро дар моҳи декабри соли 2024 эътироф кард.
Ӯ, ки бо раиси ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи 9 октябр дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дидору гуфтугӯ мекард, гуфт, "мехоҳам мулоқотамон аз мавзӯи ҳассотарин, аз фоҷеаи ҳавоӣ шурӯъ шавад, ки дар ҳавои мо рух дод."
Путин дар идомаи суҳбаташ гуфт: "Ҳамон вақт дар суҳбати телефонии якуми мо, ман на танҳо узр пурсидам, ки ин ҳодиса маҳз дар фазои Русия рух дод, балки ба оилаҳои қурбониҳо тасаллияти самимитарини худро баён кардам. Мехоҳам инро бори дигар такрор кунам, нав кунам ва бигӯям, ки мо, ҳамонгуна ки машварат кардем, ба тафтишот ҳама гуна ёрии худро мерасонем. Тафтиш дар ҳоли анҷом ёфтан аст. Ҳоло дар умум мешавад дар бораи сабабҳои ин фоҷеа сӯҳбат кард."
Он замон Путин гуфт буд, ки Русия пардохти ҷубронпулиро ба ӯҳда мегирад. Алиев изҳори умедворӣ кардааст, ки барои шубҳа кардан дар дурустии тафтишот баҳонае намемонад.
Рӯзи 25 декабри соли 2024 дар наздикиҳои шаҳри Оқтауи Қазоқистон ҳавопаймои мусофирбари Embraer 190 AZAL ба замин суқут кард. Дар дохили ҳавопаймо, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, 67 нафар қарор доштанд ва 38 касашон ҷон доданд. Ҳавопаймо ба он хотир ба Оқтау рафт, ки натавонист дар шаҳри Грозний фуруд ояд. Он дар фосилаи 3 км то фурудгоҳи қазоқистонӣ суқут кард.
Ин ҳодиса равобити миёни Русияву Озарбойҷонро пуртаниш кард ва баъди он ҳам мақомоти қудратии Русия фишорро болои озаритаборҳо афзоиш дода, дар ҳодисаи мармузе ду бародаре дар боздошти полиси Екатеринбург ҷон доданд.
Русия се ҳазор нафарро аз шаҳрвандӣ маҳрум кард

Русия ҳудуди се ҳазор зодагони кишварҳои хориҷиро, ки дар солҳои гуногун шиносномаи ин кишварро гирифта буданд, аз шаҳрвандӣ маҳрум кардааст.
Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия, рӯзи 8-уми октябр дар саҳифаи Телеграмаш навиштааст, ки ин афрод барои нагузаштан аз қайди ҳарбӣ ва маҳкум шудан ба ҷиноят аз тарафи додгоҳ, шаҳрвандиашон лағв шудааст.
Маълум нест, ки дар миёни ин се ҳазор нафар чӣ теъдоде аз зодагони Тоҷикистон қарор доранд.
Соли ҷорӣ дар Русия феҳристи ҷиноятҳое, ки боиси қатъи шаҳрвандӣ мешаванд, зиёд карда шуд.
Ҳамчунин, ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ин кишварро мегирад, бояд зуд аз қайди ҳарбӣ гузарад, дар сурати ғайр аз шаҳрвандӣ маҳрум мегардад. Қайди ҳарбӣ бештар аз тарафи мақомот барои ҷалб ба ҷанги Украина истифода мешавад.
Солҳои охир садҳо ҳазор шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ, ба хотири осон шудани шароити кору зисташон дар Русия шаҳванди ин кишвар шуда, шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Баъди оғози ҷанги Русия дар Украина ва эҳтиёҷи зиёди ин кишвар ба сарбоз, мақомот дар Маскав талош доранд, ки шаҳрвандони нави ин кишварро ба ҷанг ҷалб кунанд.
Мақомоти рус мегӯянд, шаҳрвандони нави Русия бояд пеш аз ҳама омода бошанд, ки ба ҷанг рафта садоқати худро ба ин давлат нишон диҳанд. Дар сурати саркашӣ онҳо аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешаванд.
Ласло Краснаҳоркаӣ барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид

Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиётро имрӯз ба нависандае аз Маҷористон ё Венгрия Ласло Краснаҳоркаӣ тақдим карданд.
Дар шарҳи Кумитаи Нобел навишта шудааст, ки нависанда “ба хотири эҷодиёти боэътимод ва ояндабинаш, ки дар шароити ваҳшати охиризамонӣ бори дигар қудрати ҳунарро нишон медиҳад”, қадрдонӣ мешавад.
Ласло Краснаҳоркаӣ соли 1954 дар шаҳраки Дюлаи Маҷористон, дар сарҳад бо Руминия таваллуд шудааст. Романи нахустини ӯ «Рақси шайтонӣ» дар соли 1985 ҳодисаи бузурге дар адабиёти кишвараш дониста шуд.
Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия «фаъолтар» мешавад

Дар изҳороти муштараки раҳбарони Тоҷикистону Русия дар поёни музокироти миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 9 октябр дар Душанбе омодагии ду кишвар барои «фаъолтар ба роҳ мондани» ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва низомию техникӣ «ба хотири субот дар минтақа» баён шудааст.
Изҳороти муштарак, ки дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои шарикии ду кишвар имзо шуд, мегӯяд, «ҷонибҳо ният доранд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ бо мақсади тақвияти амният ва субот дар минтақа, аз ҷумла бо истифода аз зарфиятҳои пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия фаъолтар намоянд». Дар ин бора сомонаи Кремлин хабар медиҳад.
Путин дар ҳузури намояндагони матбуот аз ин пеш гуфтааст, ки пойгоҳи 201-ум, аз ҷумла кафили амният дар Тоҷикистон ва минтақа мебошад. Тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ рушди ҳамкориҳоро дар муқовимат ба терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ аз ифротгароии ҷомеа ва «ҷилавгирӣ аз паҳн шудани идеологияи харобкорона» пешбинӣ мекунад.
Дар изҳороти муштарак инчунин омадааст, ки Русияву Тоҷикистон «мудохилаи кишварҳо ва созмонҳои ҳарбию сиёсии хориҷ аз минтақа ба вазъ дар Осиёи Марказӣ роҳ намедиҳанд ва ҳама масоили амниятӣ дар минтақа бояд тавассути Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ҳал шаванд». Дар ин санад нақши пешбарандаи СПАД ба хотири дастгирии суботи минтақаӣ таъкид шудааст.
Ҷузъиёте аз ин беш дода намешавад.
Владимир Путин, президенти Русия, ки беш аз се сол аст артишаш дар Украина меҷангад ва поёни он маълум нест кай фаро мерасад, дар Тоҷикистон бо як сафари давлатӣ қарор дорад. Дар миёни созишномаҳои рӯзи панҷшанбе имзошуда, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ширкати “БТК Групп” дар бораи “ташкили кластери саноати сабук” ёд мешавад. Ин ширкат барои низомиёни Русия, ки дар Украина меҷанганд, либос медӯзад ва се соли охир фаъолияти он дар Тоҷикистон ҳам сабт шудааст.
Сафорати ИМА дар рӯзҳои саммити Душанбе маҳдуд кор мекунад

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон эълон кард, ки ба далели баста будани роҳҳо ва маҳдудияти эҳтимолӣ дар Душанбе, рӯзҳои 9 ва 10 октябр бо теъдоди андаки кормандон фаъолият мекунад.
Дар хабарномаи Сафорат омадааст, ки қабули муқаррарии консулӣ ба рӯзҳои дигар мавқуф гузошта шуд.
Сафорат ҳамчунин гуфтааст, ки рӯзи 13 октябр бинобар ҷашни Рӯзи Колумб дар Амрико, дарҳояш баста мебошанд ва кори кори муқаррарӣ сешанбеи 14 октябр аз сар гирифта мешавад.
Пойтахти Тоҷикистон ин рӯзҳо мизбони нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад ва ба ин хотир, чораҳои амниятии сахте ҷорӣ шудааст.
Аз ҷумла бозор, калонтарин марказҳои савдо, роҳҳои марказӣ ва масҷидҳои калон баста шуда, вуруд ба пойтахт маҳдуд шудааст.
Ёздаҳ сарбози покистонӣ дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ кушта шуданд

Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба корвони нерӯҳои Покистон 10 сарбоз ва як афсар кушта шудаанд.
Дафтари робитаи умумии артиши Покистон рӯзи 8 октябр эълон кард, ки ин ҳамла шаби қабл дар минтақаи қабиланишини Хуррам дар наздикии марзи Афғонистон рух додааст.
Дар хабарномаи артиш омадааст, ки ин ҳамла дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои покистонӣ дар ин минтақа, рух додааст.
Як манбаъ дар маҳал ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки пас аз ин ҳодиса панҷ сарбози покистонӣ нопадид шудаанд.
Гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.
Ин рӯйдод яке аз маргбортарин ҳамлаҳо ба нерӯҳои амниятии Покистон дар моҳҳои ахир хонда шудааст.
Путин вориди Душанбе шуд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия шоми 8-уми октябр бо сафари давлатӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Путинро дар фурудгоҳ президент Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Барномаи сафари раиси ҷумҳури Русия аз гузоштани гулчанбар бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз шуд. Қарор аст имрӯз Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон алоҳида ва баъдан бо ҳузури ҳайатҳо вохӯрӣ гузаронад.
Сафари Путин ба Тоҷикистон то 10-уми октябр идома мекунад, вале ба ҷуз барномаи умумии сафару дидору гуфтугӯҳо, ҷузъиёте дар бораи мавзӯи мушаххаси суҳбату созишномаҳои эҳтимолӣ дода намешавад.
Танҳо субҳи 8-уми октябр мақомоти Кремлин дар шарҳи нақшаи кори раҳбари Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, то 15 санади ҳамкорӣ имзо мешавад ва "қарор аст дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инсондӯстона баҳс ва табодули назар сурат бигирад".
Қарор аст Владимир Путин дар нишасти “Осиёи Марказӣ+Русия” ва ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ ширкат кунад.
Барои сафари Путин ва дигар роҳбарони ИДМ дар Душанбе чораҳои амнияти сахте ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла бозор, калонтарин марказҳои савдо, роҳҳои марказӣ ва масҷидҳои калон баста шуда, вуруд ба пойтахт маҳдуд шудааст.
Дар ҳамоиши САҲА дар Варшава аз фишору азияти рӯзноманигорони тоҷик гуфтанд

Ду тан аз фаъолони тоҷик дар Аврупо дар ҳамоиши САҲА дар Варшава ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби озодии баён ва фишору боздошти рӯзноманигорон танқид карданд.
Ҳамоиши солонаи САҲА дар мавзуи ҳуқуқи башар рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) оғоз шуд.
Муҳаммадҷон Кабиров, муҳаррири телевизиони “Аздо”, як расонаи наздик ба мухолифини тоҷик, рӯзи 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар суҳбаташ бештар ба бетаваҷҷуҳии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, ба сарнавишти рӯзноманигорони зиндонӣ ва нашрияҳое, ки баста шудаанд, тамаркуз карда буд.
“Бо истифода аз фишангҳои давлатӣ ва каналҳои дипломатӣ озодии рӯзноманигорони зиндонӣ, бахусус занон ва пиронсолони боздоштшударо талаб кунед. Ба муқобили судяҳо, прокурорҳо ва шахсони мансабдоре, ки барои мурофиаи судии дорои ангезаи сиёсӣ масъуланд, ҷазо ҷорӣ карда шавад,”—гуфт Кабиров.
Ӯ пешниҳод кардааст, ки ба рӯзноманигорони зиндонӣ ҷоизаҳои байналмилалӣ барои озодии баён ва шуҷоат диҳанд, то номашон фаромӯш нашавад.
Убайдулло Саидӣ, раҳбари созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон", рӯзи 8-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар суханрониаш ба масъалаи рӯ ба рӯ будани рӯзноманигорон бо хатари ҷиддӣ дар дохили Тоҷикистон таъкид кардааст.
“Ба таваҷҷуҳи ҳозирон расонидам, ки режими президент Эмомалӣ Раҳмон озодии ВАО-ро хеле маҳдуд кардааст. Онҳо аксаран бо иттиҳоми “ифротгароӣ”, “терроризм” ё “ташкили тазоҳурот” ба ҳукмҳои тӯлонӣ - аз 7 то 21 соли зиндон - маҳкум шудаанд. Барои намуна, рӯзномаи мустақили “Пайк”-ро мисол овардам. Сармуҳаррири он, Аҳмад Иброҳим, дар моҳи январи соли 2025 дар мурофиаи пӯшида ба 10,5 сол зиндон маҳкум шуд. Нашрия аз чоп монд,”--гуфт Убайдулло Саидӣ.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ба далели фишорҳо соҳибони бисёре аз расонаҳо маҷбур шудаанд, ки ба хориҷи кишвар кӯч банданд ва бархе журналистҳо аз навиштани масоили интиқодӣ даст кашидаанд ё барои эмин мондан кишварро тарк кардаанд.
Дар ҷаласаи солонаи САҲА, ки дар Варшава идома дорад, мавзуи риояи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои узви ин созмон матраҳ мешавад. Маъмулан, ба танқиди мухолифону созмонҳои ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон намояндагони ҳукуматҳо бояд посух диҳанд. Соли дуюм аст, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ширкат намекунанд.
Толибон ширкатҳои узбекистониро иҷозаи истихроҷи газ доданд

Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, вазири энержии Узбекистон эълон кардааст, ки ширкатҳои ин кишвар иҷозатнома барои ҷустуҷӯ ва тавлиди манбаъҳои гидрокарбониро аз ҳукумати Толибон дарёфт кардаанд.
Бар пояи гузориши расонаҳои Узбекистон, ин суханонро Мирзомаҳмудов рӯзи 6-уми октябр дар гуфтугӯ бо телевизиони давлатии он кишвар баён кардааст.
Ба гуфтаи Мирзомаҳмудов, мақомоти афғон ба ширкатҳои узбекистонӣ иҷоза додаанд, то корҳои иктишофӣ ва истихроҷи манбаъҳои нафту газро дар дохили Афғонистон оғоз кунанд.
Ӯ афзудааст, ки ин тарҳ аз нимаи моҳи сентябр, бар асоси як қарордоди 25-сола дар ҳавзаи гази "Тутӣ Майдон" дар шимоли вилояти Ҷузҷон бо ширкати узбекии Eriell KAM, оғоз шудааст.
Вазири энержии Узбекистон гуфтааст, "ин марҳилаи нахуст хоҳад буд ва пас аз ба даст омадани натиҷаҳо, ҳамкориҳо ба минтақаҳои дигар низ густариш хоҳад ёфт".
Бар асоси маълумоти вазорати маъдани ҳукумати Толибон, ҳавзаи Тути Майдон ҳудуди 7,500 километри мураббаъ масоҳат дорад ва шомили 30 чоҳ аст.
Гуфта мешавад, ки Узбекистон дар даҳаи оянда ҳар соли ҳудуди 100 миллион доллар дар ин тарҳ сармоягузорӣ мекунад ва гази истихроҷшударо дар хоки худ полоиш менамояд.
Истифодаи "скутер" ва "самокат"-и барқӣ дар Душанбе то соли 2030 манъ шуд

Истифодаи "скутер" ва "самокат"-и барқӣ дар роҳҳои мошингард ва пиёдагарди шаҳри Душанбе то соли 2030 мамнуъ шуданд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт бо нашри як хабарнома гуфт, дар роҳҳои мошингард ва пиёдагарди пойтахт рондани "скутер" ва "самокат"-и барқии шахсӣ, ки наврасону кӯдакон истифода мекунанд ё ба "иҷора" дода мешаванд, то соли 2030 манъ шуд.
Сабаби манъи истифодаи "электроскутер" ва "электросамокат"-ҳо, танзими фаъолияти бенизоми онҳо, коҳиши садамаҳо бо иштироки онҳо, пешгирии халал ба ҳаракати мошинҳову пиёдагардон гуфта шудааст.
Мақомот мегӯянд, аз аввали сол бо иштироки скутеру самокатҳо 26 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа, 3 нафар ҷон бохта, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар Украина аз донишманди кушташудаи тоҷик ёд карданд

Хадамоти почтаи Украина ("Укрпошта") акси Бежан Шарофов, биофизик ва зодаи Тоҷикистонро дар силсилаи маркаҳои почтаи ин кишвар ҷой додааст.
Ӯ дар моҳи апрели соли 2022 дар дифоъ аз хоки Украина дар муқобили таҷовузи Русия кушта шуд.
Хадамоти почтаи Украина рӯзи 7-уми октябр эълон кард, ки дар ҳамкорӣ бо нашрияи илмии "Куншт" ва бунёди хусусии “ЗМІN” силисилае аз маркаҳои почтаи ин кишварро бо акси олимоне, ки дар дифоъ аз Украина кушта шуда буданд, нашр кардааст.
Масъулони ин иқдом гуфтаанд, дар рӯзҳое, ки ба олимони дунё ҷоизаи сулҳи Нобел медиҳанд ва ба суолҳое, ки чаро донишмандони украинӣ дар ин феҳраст нестанд, ин силсилаи маркаҳоро нашр кардаанд.
“Посух кутоҳ ҳаст: зеро Русия донишмандони барҷастаи моро кушт ё саркӯб кард”,--гуфтаанд онҳо.
Онҳо аз Бежан Шарофов ба унвони нафаре ёд кардаанд, ки дубор зидди ишғолгарони рус дар солҳои 2014 ва 2022 силоҳ ба даст гирифтааст.
Бежан Шарофови 32-сола дар Академияи илмҳои Украина кор мекард ва шаҳрвандии ин кишварро дошт. Ӯ дар солҳои 2014-2015 дар ҳайати баталйони ихтиёрии "Айдар" дар вилояти Луҳанск ҷангидааст.
Модараш Лола Шарофова пас аз хабари марги писараш дар соли 2022 гуфта буд, ки Бежан дар моҳи феврали соли 2022 дигарбора "ба ҳимояти Украина бархоста буд".
Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ моҳи апрели ҳамон сол кушта шуд, вале маргаш чанд моҳ пас тасдиқ шуд.
Хонаводаи Бежан Шарофов замоне аз Душанбе ба Киев кӯчид, ки ӯ ҳамагӣ 6 сол дошт. Мактабу донишгоҳро дар Украина хатм кард. Модараш мегӯяд, соли 2016 ширкати хусусии биотехнологии "Ukrainian Genetic Technologies"-ро таъсис дод. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ дар соли 2019 дар Пажӯҳишгоҳи физиологияи ба номи Богомолетс ба фаъолият пардохт.