Пайвандҳои дастрасӣ

Додгустарии Эрон: Занҷонӣ пулҳоро баргардонад, ҳукмаш бозбинӣ мешавад


Мустафо Пурмуҳаммадӣ, вазири додгустарии Эрон гуфтааст, агар Бобаки Занҷонӣ бо ниҳодҳои қазоии ин кишвар ҳамкорӣ кунад, ин амр дар ҳукмаш таъсиргузор хоҳад шуд.

Мустафо Пурмуҳаммадӣ, вазири додгустарии Эрон, рӯзи сешанбеи 8 март ба хабаргузории донишҷӯёни Эрон-ИСНО гуфтааст: "Ҳар замон ки мо пулро дар ҳисоби бонкиамон дидем, мегӯем, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамкорӣ кардааст".

Як коршиноси эронӣ низ ба Радиои Фардо гуфтааст, ки "ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлати ин кишвар маънии баргардондани пул ба Эрон аст. Дар сурати чунин ҳамкорӣ мумкин аст, дар мавриди ҳукми эъдоми Бобаки Занҷонӣ бозбинӣ шавад".

Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои бозрасии Эрон таъкид доштанд, ки Бобаки Занҷонӣ нияти баргардондани пулҳои ба сирқат бурдаашро надорад.

Бобаки Занҷонӣ миллиардерест, ки дар ҷараёни ҷорӣ шудани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон ба ин кишвар барои давр задани ин таҳримҳо ё кам кардани фишори таҳримҳои бонкӣ кумак кардааст.

Дар 25 декабри соли 2013 ӯ боздошт шуд. Додситонии Теҳрон Бобаки Занҷониро ба фасод, халалдор кардани иқтисодӣ кишвар, тақаллуби густурда аз ширкати миллии нафти Эрон, сохтакории асноди бонкӣ, ҷаъли дастури интиқоли байнибонкӣ, пулшӯӣ ва нашри хабарҳои дурӯғ, муттаҳам кард.

Бобак Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард. Қарзҳои ҷаноби Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад. Бобаки Занҷонӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ борҳо ба "бегуноҳ" будани худ таъкид намуда ва гуфтааст, ки ба унвони сарбоз ё басеҷии иқтисодӣ ба низом кӯмак кардааст.

Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон рӯзи якшанбеи 6 март эълон кард, ки "ҳукми Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигар, ки дар парвандаи нафтӣ муҳокима шуданд, дар додгоҳи ибтидоӣ содир шуд ва додгоҳ ин се муттаҳамро "муфсид фил арз" (фасодкор дар замин) шинохтааст.

Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда ва бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад.

Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG