Пайвандҳои дастрасӣ

Таъмири чорумин нерӯгоҳи пуриқтидори Тоҷикистон шурӯъ мешавад


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ба қарибӣ тармиму таҷдиди яке аз нерӯгоҳҳои бузургро шурӯъ мекунанд, вагарна то ду се соли дигар тамоми агрегатҳояш аз кор хоҳанд монд.

Як мутахассиси ширкати "Барқи Тоҷик" 12 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки агрегатҳои нерӯгоҳи "Головная" бо иқтидори 240 мегават дар рӯдхонаи Вахш, чаҳорумин нерӯгоҳи бузурги Тоҷикистон он қадар фарсудаанд, ки зуд-зуд вайрон мешаванд, ё мешикананд ва истеҳсоли нерӯи барқи он сол ба сол коҳиш меёбад. Ба гуфтаи ӯ, таъмири нерӯгоҳ бояд аз ҳисоби 136 миллион доллар ёри молии Бонки Осиёи Рушд, то охири имсол шурӯъ шавад.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, озмуни байнулмилалӣ барои интихоби ширкати масъули тармиму таҷдид эълон шудааст ва баъд аз интихоб бояд таъмири нерӯгоҳро фавран оғоз кунанд. Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, 15 майи имсол, мӯҳлати қабули аризаҳо барои ширкат дар озмуни байналмилалӣ анҷом ёфтааст ва номи ғолибонро дар марҳилаи дувум эълон мекунанд.

Нерӯгоҳи барқи обии Головная дар аҳди Шӯравӣ ва соли 1962 сохта шудааст ва ба гуфтаи мутахассисони тоҷик аз он замон то кунун ягон бор рӯи таъмири куллиро надидааст.

Тармими нерӯгоҳи Сарбанд(«Головная») бо кумаки Бонки осиёии рушд оғоз меёбад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Масалан соли 2011 тамоми 6 агрегат, ки бояд бештар аз 52 500 соат кор мекарданд, фақат 24720 соат кор кардаанд ва 27 ҳазору 135 соат дар таъмир ва ё ҳолати садамавӣ қарор доштаанд. Ба ибораи дигар агрегатҳои нерӯгоҳи Головная дар соли 2011 фақат 103 рӯз кор карда ва 113 рӯз "дам гирифтаанд".

Гузашта аз ин, солҳои сахти 1993 - 1994 дар замони ҷанги шаҳрвандӣ баъзе аз дарвозаҳои обпарто дуруст кор накарданд ва агрегати дувуми нерӯгоҳи Головная зери об монд. Ба гуфтаи мутахассисони "Барқи Тоҷик", дар сурати таъмири куллӣ накардани "Головная" хатари бузурги экологӣ низ аз он вуҷуд дорад, зеро нерӯгоҳ ягон таҷҳизоти ҷамъ овардани равған надорад ва мумкин аст, 50 тонна равған ба дарёи Вахш бирезад, ки манбаи оби садҳо ҳазор нафар дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ аз ширкати «Барқи тоҷик» дар сурати тармиму таҷдиди нерӯгоҳ тамоми ин хатарҳо рафъ мешавад ва қудрати Головная ба 252 мегават мерасад ва мумкин аст, дар он солона 1 миллиарду 130 киловат соат нерӯи барқ ҳосил кард. Головная пас аз нерӯгоҳҳои "Норак", "Сангтӯда-1" ва "Бойғозӣ" пуриқтидортарин нерӯгоҳи Тоҷикистон аст. Бо назардошти ҳоли бади нерӯгоҳ ва аҳамияти он барои Тоҷикистону минтақа, Бонки Осиёи Рушд соли 2013 тарҳи тармиму таҷдиди нерӯгоҳро тасвиб кард.

Дар он замон мутахассисони бонк гуфтанд, баъд аз тармим ва насби таҷҳизоти муосир «Головная» ба Тоҷикистон 50 соли дигар хидмат мекунанд ва метавонад дар таъмини Афғонистони ҳамсоя бо нерӯи барқ ҳам мусоидат намояд.

Дар воқеъ Тоҷикистон нерӯи барқи содиротӣ ба вилояти Кундузи Афғонистонро маҳз дар нерӯи барқи Головная тавлид мекунад. Дар маҷмӯъ барои тармиму таҷдиди нерӯгоҳ қарор аст 180 миллион доллар сарф шавад. Лоиҳа бо арзиши 136 миллион долларро Бонки Осиёии Рушд соли 2013 тасвиб кард.

Тоҷикистон таври маълум ҳар сол дар фасли зимистон ба нерӯи барқ мӯҳтоҷ мешавад ва мардум дар як шабонарӯз камтар аз 8 соат нерӯи барқ мегиранд. Бисёре аз нерӯгоҳҳои аҳди шӯравӣ кӯҳна ва фарсуда шудаанд ва яке дигар аз нерӯгоҳҳое, ки бояд таъмир шавад, нерӯгоҳи Қайроққум, ягона нерӯгоҳ дар шимоли кишвар аст. Барои бозсозии он Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд чанде пеш 75 миллион доллар ҷудо кард.

XS
SM
MD
LG