Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷаҳон ҳар 6 сония як нафар аз бемории қанд мемирад


Федератсияи байналмилалии бемории қанд мегӯяд, ки дар чаҳон дар ҳар 6 сония як тан бар асари диабети қанд мемирад.

Омори ироанамудаи Федератсияи байналмилалии бемориҳои қанд нишон медиҳад, ки ҳар шаш сония як тан дар асарии бемории қанд ҳалок мешавад ва ҳудуди 382 миллион нафар дар ҷаҳон ба ин беморӣ гирифтор мебошанд. Дар ҳоле, ки соли 2009 афроди гирифтор ба ин беморӣ 285 миллион тан дар ҷаҳон будааст.

Федератсияи байналмилалии бемории қанд, ки аз ҳимояти афроди машҳуре чун Ҷами Оливер бархӯрдор аст, мехоҳад огоҳиҳои умумиро дар мавриди ин беморӣ афзоиш диҳад.

Дар ду соли гузашта бемории қанд 4,4 дарсад дар ҷаҳон афзоиш ёфта ва интизор меравад то соли 2035 шумораи гирифторон ба ин беморӣ 55 дарсад афзоиш ёфта, ба 592 миллион нафар бирасад.

Бо дарназардошти тағйироти чашмгир дар арсаи ироаи хадамоти тиббӣ, дар аксари кишварҳо сабаби асосии афзоиши бемории қанд, ғизои нодуруст ва камҳаракатии инсонҳо будааст.

Як эпидемиологисти ин ниҳод Леоноро Гуаригуафа мегӯяд, ки бемории қанд ҳамакнун ба унвони як мушкили бузург боқӣ монда ва хеле бештар аз тахминҳои мавҷуд дар ҳоли афзоиш аст. Бемории қанд дар асари коҳиш ва адами модаи инсулин ба вуҷуд меояд, ки бадани инсон аз он барои табдили шакар ба энержӣ, ниёз дорад.

Аксаран гирифтории бемории шакар дар афроди байни 40 то 55 сола дида мешавад. Дар асари бемории шакар солона ҳудуди як миллион аъзои бадан қатъ шуда, 500 ҳазор гурда аз кор меафтад ва 1,5 миллион тан биноии чашми худро аз даст медиҳад.

Хароҷоти солона дар бахши бемории қанд ба як бори сангин бар шонаи ҳукуматҳо дар ҷаҳон мубаддал шудааст. Федератсияи ҷаҳонии қанд мегӯяд, солона дар ҷаҳон ҳудуди 548 миллиард доллар масорифи вобаста ба бемории шакарро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои масъулони беҳдоштии Тоҷикистон, теъдоди беморони диабети қанд дар ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст ва то аввали соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар беш аз 26 ҳазор нафар беморони диабети қанд сабт шудаанд.

Дар авоили соли равон ҳукумати Амрико аз тариқи созмони ғайридавлатии башардӯстонаи «HOPE” ба маблағи беш аз 15 миллион доллар доруворӣ ва дигар таҷҳизоти заруриро ба Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ ва дармони бемории диабети қанд кӯмак кард.
XS
SM
MD
LG