Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тоҷикистон

Нигоҳи лаҳза ба лаҳза ба ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аксу видео, хабару гузориш ва вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябр 6 номзад – раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист, Саидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократ,Толиббек Бухориеваз ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти ном шудаанд.
11:18 6.11.2013
Дар ҳавзаҳои интихоботии вилояти Бадахшон ҳам овоздиҳӣ идома дорад. Вале мардум аҳён-аҳён ба нуқоти раъйдиҳӣ омада, ба ҷонибдории номзади зери назари худ овоз медиҳанд.



11:17 6.11.2013
Дар Кӯлоб наздики 50% раъйдиҳандагон овоз додаанд

Дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон раъйдиҳӣ барои интиъхоби президент идома дорад ва то соати 9:50 дар шаҳри Кӯлоб наздики 50 дар сади райдиҳандагон ба қитъаҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуда, райъ додаанд.

Икром Фозилов , раиси ҳавзаи интихоботии "Кӯлоб-45" мегӯяд, раъйдиҳӣ бо суръати хеле тез ҷараён дорад.

Фозилов гуфт: «То ҳол зиёда аз 43 ҳазор сокини Кӯлоб рафта овоз доданд. Ин ба 48,8 дар сади овозҳои интихобкунандагон баробар аст. Дар интихоботҳои гузашта то ин соат чунин шумора набуд, аммо ҳоло интихобкунандагон, чуноне пештар гуфтам, хеле фаъоланд.»

Онҳое, ки назди қитъаҳои райдиҳинад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ изҳор доштнад, ки мехоҳанд, ҳар чӣ барвақтар овоз дода, дунболи кори худ шаванд. Зоҳиран, хиёбонҳои Кӯлоб мисли рӯзҳои истироҳатӣ ба назар мерасад, аммо дар пушти қитъаҳои райдиҳӣ одамони зиёд дида мешаванд.

Дар Кӯлоб наздики 90 ҳазор сокини синни интихоботӣ ба сар мебарад, ки тибқи иттилои расмӣ 6 ҳазори онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сар мебаранд.
11:14 6.11.2013
Қарор буд, сари ҳар чаҳор соат Кумиссюни марказии интихоботӣ дар мулоқоти кӯтоҳе бо журналистон раванди интихоботро шарҳ медод, аммо бино бар ин хабар, нахустин нишасти матбуотӣ баргузор нашудааст:
11:13 6.11.2013

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG