11:08
6.11.2013
Дари марказҳои раъйдиҳӣ дар саросари Тоҷикистон соати 6-и субҳ боз шуданд ва нахустин интихобкунандагон аз ҳаққи конститутсионии худ истифода намуда, барои муайян шудани раҳбари ояндаи кишвар раъй доданд. Ҳаво дар аксари манотиқи кишвар нимаабарӣ буда, танҳо дар Бадахшон борон меборид.