Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт ба СССР, ба даврони Брежнев?

Леонид Брежнев (акс аз соли 1966)
Леонид Брежнев (акс аз соли 1966)

Мақомоти Русия қасд доранд, ба хотири Леонид Брежнев, раҳбари пешини шӯравии собиқ дар биное, ки ӯ 30 соли охири умарашро онҷо сипарӣ кардааст, як лавҳаи ёдгорӣ гузоранд.

Пештар аз ин як назархоҳӣ дар Русия нишон додааст, ки мардуми Русия Леонид Брежневро яке аз бузургтарин пешвоҳои рус дар асри 20 донистаанд.

Мақомоти Русия пешниҳоди баргардондани лавҳаи ёдгории Леонид Брежнев пазируфтанд. Чанде пеш гурӯҳе аз вакилони Думаи Давлатӣ аз Кумитаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии шаҳрдории Маскав чунин дархост кард. Тарафдорони насби лавҳа умедвор буданд, ки ҳамин моҳ онро дар бино насб мекунанд, вале Александр Хинштейн, вакили ҳизби ҳокими Русияи Воҳид ва аз муаллифони аслии пешниҳод дар саҳифаи худ дар Твиттер навиштааст, ки зоҳиран лавҳаи ёдгорӣ моҳи декабр, дар остонаи 107-солагии Леонид Брежнев омода мешавад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00
Линки мустақим


Меъмори лавҳа Александр Рукавишников, набераи Брежнев аст. Ин лавҳаро баъди суқути Шӯравӣ аз бинои рақами 26 дар хиёбони Кутузов канданд. Леонид Брежнев дар ин хона аз соли 1953 то дами маргаш дар моҳи ноябри соли 1982 дар синни 76 зиндагӣ кардааст.

Азбаски дар замони ҳукумати 18-солаи Брежнев саркӯби дигарандешон авҷ гирифта буд ва иқтисоди шӯравӣ ҳам ба рукуд дучор шуд, бисёре аз мунтақидон мегӯянд, ки ин раҳбар шоистаи ҳеҷ гуна лавҳаи ёдгорӣ нест. “Мемориал”, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ дар Русия ва созмонҳои дигар аз ҷумлаи ҳамин мухолифон ҳастанд.

Людмила Алексеева, ҳомии собиқадори ҳуқуқи инсон ва раҳбари Гурӯҳи Ҳелсинки дар Маскав дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳукуматдорони мо ҳасрати замони шӯравиро мехӯранд ва аз ин рӯ дархости он шаҳрвандонеро ҳам мепазиранд, ки низ дар ҳасрати ҳамон солҳоянд. Ба андешаи ман, зиндагӣ бо ҳасрати замони гузашта чӣ барои раҳбарону чӣ шаҳрвандон кори хубе нест. Ман ҳарчанд дар он замон ҷавониамро сипарӣ кардаам, аммо ҳасрати онро даврро намехӯрам. Ман хушҳолам, ки мо аз системаи нокоми шӯравӣ халос шудем.“


Леонид Брежнев, раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1964-1982

Акси соли 1966
1/5 Акси соли 1966
Дар Маскав мехоҳанд лавҳаи ёдгории ин раҳбари фақиди даврони Шӯравиро дар даромадгоҳи биное, ки ӯ ба сар мебурд, барқарор кунанд. Ин лавҳа соли 1991 барчида шуда буд.
Акси бӯсобӯсии Брежнев бо раҳбари вақти Олмони шарқӣ Эрих Ҳонеккер<br />
дар Берлин.
2/5 Акси бӯсобӯсии Брежнев бо раҳбари вақти Олмони шарқӣ Эрих Ҳонеккер
дар Берлин.
Дар Маскав мехоҳанд лавҳаи ёдгории ин раҳбари фақиди даврони Шӯравиро дар даромадгоҳи биное, ки ӯ ба сар мебурд, барқарор кунанд. Ин лавҳа соли 1991 барчида шуда буд.
Портрети Брежнев дар паради 1 майи соли 1980 дар Маскав
3/5 Портрети Брежнев дар паради 1 майи соли 1980 дар Маскав
Дар Маскав мехоҳанд лавҳаи ёдгории ин раҳбари фақиди даврони Шӯравиро дар даромадгоҳи биное, ки ӯ ба сар мебурд, барқарор кунанд. Ин лавҳа соли 1991 барчида шуда буд.
Нимпайкараи Брежнев дар овори Девори Берлин
4/5 Нимпайкараи Брежнев дар овори Девори Берлин
Дар Маскав мехоҳанд лавҳаи ёдгории ин раҳбари фақиди даврони Шӯравиро дар даромадгоҳи биное, ки ӯ ба сар мебурд, барқарор кунанд. Ин лавҳа соли 1991 барчида шуда буд.
Нимпайкараи Брежнев дар овори Девори Берлин
5/5 Нимпайкараи Брежнев дар овори Девори Берлин
Дар Маскав мехоҳанд лавҳаи ёдгории ин раҳбари фақиди даврони Шӯравиро дар даромадгоҳи биное, ки ӯ ба сар мебурд, барқарор кунанд. Ин лавҳа соли 1991 барчида шуда буд.
пешина
баъдӣ

Бо вуҷуди онки Леонид Брежнев қаҳрамони латифаҳои зиёде дар тамоми қаламрави шӯравии собиқ низ боқӣ мемонад ва масхара мешавад, аммо бисёре аз мардуми Русия ӯро барои ҳифзи суботу амният ва ба нармӣ гароидани муносиботи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико дар солҳои 70-ум ситоиш мекунанд. Маҳз дар ҳамон замон, барои мисол, бори аввал нӯшобаи "Пепсӣ" ба шӯравии собиқ роҳ ёфт.

Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аҳди Брежневро “бурди бузург” хондааст. Моҳи гузашта дар як назарсанҷии созмони Левада, 56 дар сади мардуми Русия гуфтаанд, ки Леонид Брежнев пас аз Владимир Ленин ва Иосиф Сталин бузургтарин пешвои Русия дар асри 20 буд.
XS
SM
MD
LG