Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли НАТО изҳороти Карзайро "хандаовар" хонд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дабири кулли НАТО изҳороти раиси ҷумҳури Афғонистон дар мавриди музокироти пинҳонӣ миёни Амрико ва Толибонро, «хандаовар» хонд.

Андерс Фог Рассмуссен рӯзи душанбе гуфт, Кобул бояд аз фидокориҳое, ки кишварҳои дигар барои Афғонистон анҷом медиҳанд, қадрдонӣ кунад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳудуди як ҳафта қабл Амрико ва Толибонро муттаҳам намуда буд, ки барои бақои дарозмуддати нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон, бо ҳам созиш кардаанд.

Андерс Фог Рассмуссен рӯзи душанбе гуфт, ӯ аз изҳороти тезу тунд, ки дар ин авохир миёни Кобул ва Вошингтон раду бадал шуд, нигарон мебошад. Ӯ афзуд, "ман ин назарро, ки дар маҳзари умум аз сӯи раиси ҷумҳур Карзай баён шуд, ки гӯё Толибон, НАТО, ISAF ва Амрико созиш доранд, рад мекунам."

Агарчи Дабири кулли НАТО умуман дар изҳоротҳои худ аз лаҳни нарм истифода мебарад, аммо дар нишасти хабарии рӯзи душанбе дар Бруссел, чунин изҳороти тунде дошт.

Дар ин миён намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон рӯзи душанбе дар Ню-Йорк дар бораи танишҳои ахир миёни Кобул ва Вошингтон суҳбат кард. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, «Афғонистон дар як марҳилаи ниҳоят ҳассос ва печида аз интиқоли масъулият ба нерӯҳои афғон қарор дорад.»

Ӯ гуфт, ки аксарияти нерӯҳои сиёсӣ, мардум ва раҳбарии Афғонистон ба шумули раиси ҷумҳур Карзай, мегӯянд, ки Амрико як шарики стратегии Афгонистон дар ҳоли ҳозир ва дар оянда мебошад.

Дастури раиси ҷумҳури Афғонистон дар бораи берун кардани нерӯҳои вижаи амрикоӣ аз вилояти Майдон Вардак ва таъхир дар супурдани масъулияти комили зиндони Багром ба ҷониби Афғонистон, аз нуқтаҳои аслии ихтилофи ахир миёни Кобул ва Вошингтон аст.

Дабири кулли НАТО ҳамчунин гуфтааст: «Мо ба ҳокимияти Афғонистон комилан эҳтиром дорем, вале аз ҷониби афғонӣ ҳам интизороте дорем, ки инро бипазиранд, ки мо барои кӯмак дар пешрафти кишвари раиси ҷумҳури Карзай хуни бисёри худро рехтаем ва пули ҳангуфт сарф намудаем.»

Дар дувоздаҳ соли гузашта беш аз се ҳазор сарбози хориҷӣ дар Афғонистон кушта шудаанд. Ҳамчунин бархе тахмин мезананд, ки танҳо Амрико дар ин муддат садҳо миллиард доллар дар Афғонистон масраф кардааст.
XS
SM
MD
LG