Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 000 евро барои гӯши нависандаи озарӣ


Як вакили порлумони Озарбойҷон барои гӯши нависанда Акрам Айлислӣ 10 000 евро ҷоиза таъин кардааст.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Right Watch) мегӯяд, ҳукумати Озарбойҷон талошҳои тарсондани нависандаи дигарандешро роҳандозӣ кардааст. Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки ҳизби тарафдори ҳукумат аз забони намояндаи он Ҳафиз Гаджиев, гуфтааст, ба касе, ки гӯши нависандаи саршинос Акрам Айлислиро мебурад, 10 000 евро ё 12700 доллари амрикоӣ ҷоиза хоҳад дод.

Ин иддаои вакилро, ки бо лақаби «Жириновский»-и озарҳо маъруф аст, ҷиддӣ намегиранд,ҳарчанд вокунишҳои зиёд ба бор овардааст, аммо худи раисиҷумҳури Озарбойҷон амалан даст ба муҷозоти нависанда бардошт.

Пас аз як ҳафтаи эътирозҳо зидди нависандаи озарӣ Акрам Айлислӣ ва сӯзонидани китобҳои ӯву даъвати лағви шаҳрвандияш бо фармони раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев унвони фахрии Нависандаи Халқии Озарбойҷон аз Айлислӣ, ки асари охиринаш мақомот ва мардуми ин кишварро ба хашм овардааст, бозпас гирифта шуд.

Президент Алиев гуфт, ин корро барои он кард, ки Айлислиро барои “таҳрифи таърихи Озарбойҷон ва тавҳини эҳсосоти мардуми ин кишвар” ҷазо диҳад. Айлислӣ ҳамчунин аз нафақаи президентии баробар бо 1250 доллар, ки аз соли 2002 ба ин сӯ мегирифт, маҳрум гардид.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Моҷарои марбут ба Айлислӣ аз асари нави ӯ бо номи “Хобҳои сангин” сарчашма мегирад, ки дар он рӯйдод ва падидаҳои солҳои охири Қафқози Ҷанубӣ ва аз ҷумла ҷанги арманиҳову озариҳо барои Қарабоғи Кӯҳӣ таҳқиқ шудаанд. Ҷанги шашсолае, ки охири солҳои 1990 бо оташбас анҷомид, вале ҳамоно мояи муносибатҳои пуршиддати миёни Боку ва Ереван аст. Озарбойҷон ва Арманистон, ҳар кадом ба ин мушкил аз зовияи худ менигарад.

Дар “Хобҳои сангин” Айлислӣ ваҳшати ҳамлаи ҳамдиёрони худро ба арманиҳои Боку тасвир кардааст. Моҳи январи соли 1990 даҳҳо армание, ки дар ин шаҳр дар канори озариҳо ба сар мебурданд, ҳадафи куштор, латукӯб ва таҷовуз қарор гирифта, аз Боку ронда шуданд. Ҳамзамон, Айлислӣ аз таҷовузгар тасвир кардани арманиҳо ва маъракаи хушунати зидди озариҳо дар Хоҷалӣ дар соли 1992 худдорӣ кардааст. Иттифоқан, як тазоҳуроти дигари зидди нависанда дар зодгоҳи худи нависанда баргузор гашт.

Нависандаи 75-сола дар робита ба хабари маҳрум шуданаш аз унвони Нависандаи Халқии Озарбойҷон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ман аз онҳо хоҳиш накарда будам, ки ба ман унвон диҳанд. Ва ин унвонро онҳо барои ин асари ман надодаанд. Балки барои китобҳои дигарам. Хуб, ин чӣ маънӣ дорад? Онҳо китобҳои дигари маро бекор карданиянд? Ман аслан, чунин фармонеро интизор набудам.”

Саркӯби нависанда бо ин ба поён нарасид. Писари Айлислиро, ки дар кумитаи гумрук вазифаи баланд дошт, аз кор ронданд ва Театри миллии драмаи Боку нахустнамоиши “Маро дӯст мадор”-и Айлислиро қатъ карданд.

Аммо, зоҳиран, паёми Айлислӣ шунида шудааст. Акнун шумораи ҳарчӣ бештари озариҳо ба сулҳ бо Арманистон даъват мекунанд. Ҳатто онҳое, ки дар ҷангҳои Қарабоғи Кӯҳӣ беш аз ҳама осеб дидаанд, мегӯянд, ҳақ ба ҷониби нависанда аст. Яке аз онҳо Гюнел Мавлуд мегӯяд: "Ин асар ба фоидаи Озарбойҷон аст. Албатта, он ҷо ақидаҳои шахсии ӯ ҳастанд. Мумкин, чизе ки ӯ мегӯяд, рост бошад ва мумкин аст, рост набошад. Аммо ин асар бозтоби чизест ва нишон медиҳад, ки миллати мутамаддин метавонад, масъулияти аъмоли худро ба гардан гирад.”

Аз он ҷо ки мӯҳтавои моҷаро ба Арманистон дахл дорад, дар ин кишвар низ ба баҳсҳои марбути асари нави Айлислӣ бодиққат менигаранд. Расонаҳои арманӣ аз навиштаҳои Айлислӣ ба манфиати худ истифода мекунанд. Аммо раиси Иттиҳодияи нависандагони Арманистон Левон Ананиян дар як номаи расмӣ аз Айлислӣ ҳимоят ва ӯро табрик кардааст. Бо вуҷуди ин ба паёми Айлислӣ, ки шояд нависандагони арман низ ҷурми мардуми худро дар ҷанги Арманистону Озарбойҷон нависанд, ҳанӯз посухи рӯшан дода нашудааст. Ҳарчанд арманиҳо тасдиқ кардаанд, ки ҳарфи Айлислиро – “мо метавонем, паҳлуи ҳам зиндагӣ кунем” ба ҷон қабул доранд.
XS
SM
MD
LG