Ин айёмест, ки ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ метавонанд, озодона дар шаҳру рустои худ гарданд, хонадор шаванд ва бо оғози даъвати навбатӣ ба артиш, дигарбора кишварро то зимистони дигар тарк намоянд.
Як ҳам суҳбати мо, ки худро Аҳмадбек муаррифӣ кард, мегӯяд танҳо тобистону зимистон фасли бозгашти ҷавонон ба ватан аст: «Аксари онҳое, ки зимистон, баъд аз даъвати ҳарбӣ ё «облава» меоянд, зан мегиранд ё дидани падару модар. Се- чор моҳ мемонанд ё не боз фирор мекунанд, ба муҳоҷират. Ман низ ба қарибӣ билети сафарро харидам.»
Ӯ илова намуд, барои аксари ин ҷавонон, вазъи молии хонаводагӣ омили сарпечӣ аз хизмат дар артиш аст: «Агар дар ду соле, ки хизмат мекунем, муҳоҷират рафта ду ё се ҳазор доллар дар як сол кор кунем, мешавад 4 ё 6 ҳазор доллар. Ин беҳтар аст, ба вазъи молиявии оилаамон.»
Хоса дар раванди даъват ба артиш, ки аввали баҳору тирамоҳ рост меояд, ҷавонон талош мекунанд, то ҳар чи зудтар роҳ сӯи Русия ва Қазоқистон бигиранд. Мусоҳиби дигарамон Алмазбек, аз Ҷиратол мегӯяд, як моҳ шуда, ки аз Русия баргаштааст. Акнун намехоҳад аз назди ҳамсараш дур шавад, вале маҷбур аст, аз тарси «облава» ба Қирғизистон паноҳ барад. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз ҷавонони ин минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон, ҳар мавсими даъват, ба Қирғизистон паноҳ мебаранд.
Вай меафзояд, ки «бисёри ҷавонони ҷиргатолӣ забони қирғизиро медонанд.То шаҳри Ош роҳкиро 100 ва то Бишкек 150 сомонӣ аст. Баргашта омадан ҳам осон аст. Барои ҳамин аксарият мераванд. Ман низ аз Россия омада зан гирифтам, то ба охир расидани «облава» Қирғизистон меравам.»
Ҳамакун дигар ҷои пинҳон намонда, ки пайгирӣ аз ҷавонон ва маҷбуран бурдани онҳо ба сафи Артиши Тоҷикистон ба як раванди доимӣ табдил шудааст. Ин ҳолат, ки бо номи «облава» дар миёни ҷомеа маъруф аст, аз ҷониби Комиссариатҳои шарҳу ноҳияҳо сурат мегирад.
Аз суҳбат бо ҷавонон маълум гардид, ки думболагирии ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ дар вилоятҳои Суғду Бадахшон нисбатан камтар ва дар Душанбе, навоҳии тобеи он ва вилояти Хатлон бештар аст.
Бино ба омори Вазорати дифоъ, дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор ҷавони синни даъват ба артиш ба сар мебаранд. Бо он ки масъулони давлатӣ тариқи расонаҳо аз беҳтар шудани шароит дар артиш ҳарф мезананд, аммо ҷавонон ҳанӯз мутмаин нестанд, ки артиши Тоҷикистон аз ҳама лиҳоз барои хизмати хубу дуруст мусоид аст.
Талабхон, ҷавони тоҷик низ бар ин назар аст, ки дар сурати таъмини шароити хуби хизмат, аксари ҷавонон довталабонаи ба артиш хоҳанд рафт: «Агар имрӯз шароитро агар хуб кунанд, бовар дорам, бисёри ҷавонон хизмат мераванд. Баъдан мебинем, ки дар дигар кишварҳо муҳлати хизмати Ватан барои онҳо камтар аст, шаш моҳ ё як сол. Пештар мегуфтанд, ки шароит дар хизмат бад аст. Барои ҳамин ба муҳоҷират рафтам. Агар шароитро ба хости мо мувофиқ кунанд, чаро ба хизмати Модар- Ватан наравем?»
Аммо Маҳмадшариф Боронов, ки ба тозагӣ хизмати сарбозиро ба итмом расонидааст, дар бораи шароити хизмат дар воҳидҳои низомӣ мегӯяд, «шароитҳо хубанд. Хизмат кардӣ, як чизе ҳам мефаҳмӣ. Маслан, ҳар субҳ аз соати 05:50 машқи бадан, рӯзҳои душанбеву ҷумъа дарсҳои гуногун. Барои ҳамин баъди хизмат Россия ҳам рафтӣ, азоб намекашӣ, ҷисман саломат мемонӣ.»
Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар ин кишвар беш аз 2, 5 миллион ҷавони синни 14 то 30 сола ба сар мебарад, ки аз ин шумор танҳо беш аз 150 ҳазор нафарашон дорои маълумоти олӣ мебошанд.
Навиштаи Фирдавси Низом, коромӯзи "Озодӣ"