Шаҳрдории Маскав идораи ширкати «РЭУ-18»-ро гунаҳкори тазоҳурот ва корпартоии муҳоҷирони тоҷик номид ва иқрор кард, ки ин муассиса маоши муҳоҷиронро надодааст. Сухангӯи ноиби шаҳрдори Маскав Игор Пергаменшик ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ин ширкати хусусӣ натавонистааст, вазифаи худро аз рӯйи виҷдон ва қонун ба иҷро расонад. Бино бар иттилои ин манбаъ, шаҳрдорӣ ширкати мазкурро ҷарима кардааст ва ҳоло гуфтушунид бо кӯчарӯбони тоҷик идома дорад.