Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Афғонистон ба Эрон доллаpро бо мошинҳои боркаш мебаранд


Бархе аз мақомоти расмии Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки нақдинаи долларии ин кишвар бо мошинҳои боркаш ба Эрон интиқол дода мешавад.

Ин ҳол метавонад ба садамаи бузурге дар бозори асъори Афғонистон сабаб гардад, мегӯянд онҳо.

Тоҷирони эронӣ риёлу тумонро вориди Афғонистон мекунанд ва бо доллар иваз намуда, ба кишвари хеш интиқол медиҳанд.

Тоҷирони афғон барои табдили пули Эрон то 5 дарсад баҳра мегиранд ва табдили пул на танҳо дар саррофиҳо, балки бонкҳо низ ҷараён ёфтааст. Решаи масъала дар он аст, ки бо сабаби коҳиши сахти қурби риёл дар Эрон бар асари таҳримҳо тоҷирони эронӣ мехоҳанд, дороии худро дар шакли доллар ва евро ҳифз кунанд.

Риёл -- пули миллии Эрон зери бори сангини таҳримҳои Ғарб ними арзиши худро дар баробари доллар аз даст дод ва эрониҳоро маҷбур кард, ки рӯ ба доллару евро оранд. Ин дар ҳолест, ки интиқоли пул ба бонкҳои хориҷӣ низ зери таҳрим аст ва на танҳо афроди алоҳида, балки давлати Эрон низ мехоҳад, захираи долларии худро афзун кунад. Ба ин сабаб бозори дохилии асъор бӯҳронист ва тоҷирони эронӣ сар ба бозорҳои ҳамсоя мезананд.

Раиси Иттиҳодияи саррофони Афғонистон, Ҳоҷӣ Наҷибуллоҳ Ахтарӣ, мегӯяд, эрониҳо риёлро дар мошинҳои боркаш ба Афғонистон интиқол медиҳанд ва онро дар Ҳирот, Қандаҳор, Кобул ва Ғазнӣ ба доллари амрикоӣ табдил мекунанд.

Вазъи пули миллии Эрон ҳамзамон бо шиддат гирифтани назорат ба иҷрои таҳримҳои байнулмилалии зидди барномаи ҳастаии ин кишвар вазнинтар мешавад. Пас аз ифшои ҳамкориҳои молии Эрон бо бонки бритониёии “Стандарт Чартер”, мақомоти амрикоӣ таҳқиқотеро дар бораи риоят нашудани таҳримҳо аз тарафи “Дойче Бонк” ва се ниҳоди дигари молиявии Олмон шурӯъ кардаанд. “Стандарт Чартер” ба иттиҳом тан дод ва 340 миллион доллар ҷарима супурд. Ҳоло ҳукумати Ироқ ва бонкҳои ин кишвар низ ба он муттаҳам мешаванд, ки ба Эрон дар “фиребидан”-и таҳримҳо ёрӣ додаанд.

Ҳоло номи Афғонистон ҳамчун василаи “чапғалат” додани таҳримҳо ба миён омад. Саррофони афғон мегӯянд, мақомоти амрикоӣ ба онҳо ҳушдор додаанд, ки бо бонки “Ориён” ҳамкорӣ накунанд, зеро он ба ду бонки эронӣ тааллуқ дорад. Аммо назорати додуситадҳои саррофони афғон ё тиҷорати фаромарзии байни ду кишвар душвор ё тақрибан номумкин аст ва эҳтимол меравад, миллионҳо доллар аз Афғонистон ба Эрон гузашта бошад.

Ба ақидаи раиси умури байнулмилалии Утоқи тиҷорати Афғонистон, Озарахш Ҳофизӣ тамоюли нави тоҷирони эронӣ на танҳо хилофи таҳримҳои байнулмилалист, балки ба иқтисоди кишвараш низ зарба хоҳад зад: “чун шумо ба ивази “пули сахт” як пулеро ба даст меоред, ки дар ҳоли суқут аст.”

Устоди Донишгоҳи Кобул, Сайид Масъуд мегӯяд, ин моҷаро дар ҳоле рӯй медиҳад, ки ҳукумати Афғонистон дар ҳифзи суботи арзиши пули миллӣ бо мушкил рӯбарӯянд: “Давлати Афғонистон ва Бонки марказӣ 1 миллаирду чаҳорсад миллион долларро дар бозор паҳн карда буд, ба хотири ҳифзи арзиши афғонӣ.”

Доктор Масъуд меафзояд, давлатмардони Афғонистон бояд дӯстию ҳамзабонӣ ва бизнесу фоидаро аз ҳам ҷудо кунанд. Тоҷикистон як ҳамзабони дигари Эрон дар минтақа мебошад, ки низ чандон аз Эрон дур нест. Вале бо сабаби надоштани марзҳои муштарак интизор намеравад, ки мошинҳои пули беқурбшудаи эронӣ ба Тоҷикистон сарозер шавад. Иқтисодшиноси тоҷик Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, фарқи дигари вазъ бо Афғонистон дар он аст, ки риёл ва сомонӣ мустақиман табдил намешаванд ва додугирифти бонкии Тоҷикистону Эрон пас аз эълони таҳримҳо бо мушкил мувоҷеҳ гашт.

Биноан, ҳоло тоҷирони тоҷику эронӣ роҳҳоеро ба воситаи Русия ва Чин пайдо кардаанд, ки ҳисобу китобҳои долларии онҳоро баробар мекунад. Гузашта аз ин тоҷирони эронӣ моли худро дар Тоҷикистон бо доллар фурӯхта, сипас бо ин сармоя аз Қазоқистон ё Русия мол мехаранд. Аммо ҷаноби Ҷумъаев “фирор”-и доллар аз Тоҷикистон ё ҳар кишвари дигарро, ба василаи тоҷирони эронӣ ё ҳар каси дигар “як хатари иқтисодӣ” меномад. Вале мегӯяд, “агар муомилоти асъор зиёд ва кофӣ бошад, боке нест. Тоҷикистон дар иқтисодиёт низ сиёсати дарҳои боз дорад ва чӣ қадар долларе, ки ворид мешавад, ҳамон қадар берун меравад. Бубинед, танҳо муҳоҷирони мо солона то 3 миллиард доллар ба кишвар меоранд.”

Ба ақидаи ҷаноби Ҷумъаев ин маблағ бо харида шудани молу маҳсулот ба Русия, Чин ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон низ меравад. Ҳамзамон вай эътироф мекунад, ки бо оғози таҳримҳо кори ягона бонки эронӣ дар Тоҷикистон – “Бонки тиҷоратии Эрон” дигар он шукӯҳи пештараро надорад.
XS
SM
MD
LG