Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар Кобул, дар нишасти хабарии муштарак бо сарвари Афғонистон Ҳомид Карзай, хабар дод ва афзуд, ки “мо аз талошҳои Афғонистон барои роҳандозии ислоҳоти калидии иқтисодӣ, рафъи фасод, таҳкими волояти қонун ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ бохабарем”. “Ман мехоҳам пуштибонӣ аз раисиҷумҳур Карзай дар татбиқи ин дигаргуниҳои барои фардои Афғонистон муҳимро иброз дорад. Ҷаноби президент, мо ҳамеша аз талошҳои шумо ҷонибдорӣ хоҳем кард”, гуфт Ҳилларӣ Клинтон.
То имрӯз ба феҳристи муттаҳидини берун аз НАТО-и Амрико 14 кишвар, аз ҷумла, Австралия, Исроил, Миср, Ҷопон ва Покистон шомил буданд. Зимнан, бори ахир соли 2004 ИМА расман Покистонро ҳампаймони худ эълон карда буд.
Гуфта мешавад, ки ин мақом ба Вошингтон имкон медиҳад то ҳамкории низомиро бо ин кишвар бо тарзи соддатари назорати содироти силоҳу муҳимоти низомӣ ба роҳ монад.
Мақоми ҳампаймонии Афғонистон як бахши Созиш дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ миёни ИМА ва Афғонистон аст, ки ибтидои моҳи май зери он раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай имзо гузоштанд. Ба гуфтаи сиёсатшиносон, мақоми нави Кобул, аз ҷумла, барои харидории тавлидоти низомии ИМА аз сӯи Афғонистон имкон фароҳам меоварад.
Эълони ҳампаймони нави Амрико дар арафаи конфаронси байнулмилалии кишварҳои сармоягузори Афғонистон сурат гирифт. Дар ин нишаст, ки рӯзи якшанбе дар Токио ифтитоҳ мешавад, мавзӯъи кӯмакҳои ғайринизомӣ ба ҳукумати Афғонистон баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз кишвар дар соли 2014 баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст, ки дар нишаст ҳайатҳои 70 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат кунанд.
Афғонистон умедвор аст, ки кишварҳои сармоягузор барои дар ихтиёри Кобул гузоштани 4 миллиард доллар ба созиш мерасанд.
Вазири умури хориҷии Ҷопон Коичиро Гамба конфаронсро “барои Афғонистон басо муҳим” хонд ва гуфт, ки “шояд дар он тарҳи рушани рушди босуботи ин кишвар баъд аз соли 2015 таҳия шавад”.
Ва аммо мақоми ҳампаймон ё муттаҳиди Амрико барои Афғонистон то куҷо муҳим аст ва оё эълони он дар арафаи нишасти Токио паёме дар худ дорад?
Насруллоҳ Стонакзай, устоди улуми сиёсии донишгоҳи Кобул ва яке аз таҳлилгарони сиёсӣ мегӯяд, ки “ин мақом аҳамияти Афғонистонро барои НАТО бо назардошти манфиатҳои стратегии худи Афғонистон ва амният дар қораи Осиё собит месозад”. Ба гуфтаи ӯ, “аз як сӯ, ИМА мехоҳад намоиш диҳад, ки ҳампаймони асосияш дар минтақа Афғонистон боқӣ мемонад ва аз сӯи дигар, ба кишварҳои узви НАТО дар нишасти Токио ғайримустақим паём медиҳад, ки ба Афғонистон чун ба ҳампаймони наваш дар даврони таҳаввул, ки даҳ солро дарбар хоҳад гирифт, кӯмаки иқтисодӣ кунанд”.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, Вошингтон боз паём додааст, ки аз ин баъд на Покистон, балки маҳз Афғонистон “ҳампаймони рақами яки Амрико” дар минтақа аст.
Ҷунбиши “Толибон” ба эълони ҳампаймони Амрико шинохта шудани Афғонистон ҳанӯз вокунише накардааст.