Дар ин нома, ки ба Маҷлиси Олӣ, Додгоҳи олӣ, Додситонии кул, намояндагии Созмони Милал, САҲА ва расонаҳо фиристода шудааст, зиндониён моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро, ки далели зиндонӣ шудани онҳо шудаанд, "тӯҳмати маҳз" алайҳи худ донистаанд.
Дар ин нома омадааст, ки ҳамаи онҳо аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- 187 (ташкили гурӯҳи ҷиноӣ), 189 (барангехтани низои динӣ, миллӣ, нажодӣ ва маҳаллӣ) ва 307 (даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият) аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон аз соли 2001-ум ба ин сӯ Ҳизби Таҳрирро ба ҷумлаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ворид кардааст, ки ғояҳояш истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистонро таҳти суол қарор медиҳад, зеро онро ҷузъе аз хилофат - ҳадафи ниҳоии ҳизб мешиносанд. Масъулони Тоҷикистон борҳо эълом доштаанд, ки Ҳизби Таҳрир аз хориҷ ва барои барҳам задани суботи кишвар сармоягузорӣ мешавад.
Дар номаи зиндониён ҳам омадааст, ки Ҳизби Таҳрир сиёсист ва мехоҳанд дар Тоҷикистон ҳукуматро ба даст гиранд, аммо на бо роҳи зӯроварӣ.
Ҳизби Таҳрир дар Осиёи Марказӣ сароғоз дар Фарғонаи Узбакистон дар соли 1995-ум пайдо шуд ва аз он ҷо ба вилояти Суғди Тоҷикистон роҳ ёфт. Аввалин боздоштҳои ин ҳизб ба соли 1999-ум рост меоянд.
Як моҳи қабл ҳудуди панҷоҳ тан аз пайвандони аъзои зиндонии Ҳизби Таҳрир низ бо ирсоли нома ба раисҷумҳури Тоҷикистон хостори озод шудани наздикони худ ба далели "бегуноҳӣ" шуданд.
Бино ба мактуби зиндониёни Ҳизби Таҳрир, то ба имрӯз 400 узви ин ҳизб маҳкум ва озод шуда, ҳоло ҳудуди 300 нафар дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Онҳо ҳамагӣ аз 5 то 10 сол ҳукм гирифтаанд ва умдатан дар зиндонҳои низоми умумӣ дар Хуҷанд, Душанбе ва Қӯрғонтеппа ҳукми худро сипарӣ мекунанд.
Тайи даҳ соли охир аз ҳукми аъзои ин ҳизб танҳо тибқи Қонуни афви соли 2011-ум дусолӣ кам шудааст.