Яке аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе дар посух ба суоли он ки давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои шахси ӯ чӣ даврае буд, посух дод: “Рӯзҳои торикӣ буд.” Ҳарчанд манзури ӯ аз калимаи “торикӣ”, тавре баъдан дар идомаи суханаш гуфт, бебарқӣ будааст, вале ин ҷумла барои онҳое, ки он ҷангро дидаанд, маънои рамзӣ пайдо мекунад.
Рӯзҳое буд, ки офтоб буд, аммо рӯшанӣ набуд. Мағзи ом мисли ҳолати муштзанҳо дар пайти “нокаут” наметавонист, атрофро дар шакли комил ва бо ҳама ҷузъиёт бубинад. Пеши чашмҳоро пардае гирифта буд, ки атрофро нимторик ва хира нишон медод.
Дар моварои ин сиёҳторик ҳар кас чизҳоеро медид, ки пеш аз ҳама ҳисси тарсу ҳарос онҳоро бузург мекард. Бо вуҷуди ин, тавре дар ин видео хоҳед дид, одамоне низ буданд, ки аз бераҳмона ғорат шудани моли ватани хеш ғамгин мешуданд ё имрӯз ҳамчун шоҳидони воқеа гувоҳӣ медиҳанд, ки аз куҷо ва чӣ гуна силоҳу муҳимот меомад, то тоҷикон ба бигиранд ва даст ба куштани ҳамдигар зананд.
Дар ин навор талош шуд, то ба воситаи хотираҳои шаҳрвандон ҷанбаъҳои мухталифи ҷанги Тоҷикистон ёдрас шавад. Вале ҳатман на ҳама гӯшаҳое аз рӯйдоду падидаҳои он давраро метавон дар сӯҳбати кӯтоҳ фаро гирифт. Сониян дар ин навор бештар сухани сокинони Душанбе ба гӯш мерасад ва ҳатман афроде дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон аз он давра хотираҳои хоси худро доранд.
Наворро бубинед ва агар чизе ба ёди Шумо омад, дар ҳошияи он бинависед. Агар хоҳиш доштед, хотираҳои худ, хешу наздикон ё дӯсту ҳамсоягони худро ба навор гиред ва барои озмунми беҳтарин видеои хонандагони “Озодӣ” равон кунед. Навори Шуморо даҳҳо ҳазор нафар хоҳанд дид ва агар мӯҳтавои ҷолибу нодир дошт, ҷоизаи Радиои Озодиро ба даст хоҳед овард.