Чанд соат пас аз оғози шумориши раъйҳо, "Ихвон-ал-муслимин" эълон кард, Муҳаммад Мурсӣ, номзади мавриди ҳимояти ин гурӯҳ дар мақоми аввал ва Аҳмад Шафиқ, охирин нахуствазири даврони Ҳуснӣ Муборак дар мақоми дуввум қарор доранд.
"Ихвон-ал-муслимин" ки дар интихоботи парлумони Миср низ бештарин курсиҳоро ба даст овард, ҳамчунин гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд даври дуввуми интихобот миёни ҳамин ду номзад баргузор шавад.
Мардуми Миср рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе барои ширкат дар нахустин интихоботи демократӣ дар таърихи ин кишвар, пойи сандуқҳои раъй рафтанд.
Ин нахустин интихоботи сарвари кишвар баъд аз истеъфои раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак бар асари эътирозҳои мардумӣ дар моҳи феврали соли гузашта аст.
Барои дарёфти мақоми раисиҷумҳури Миср 13 нафар сабқат карданд, ки, ба гуфтаи коршиносон, миёни онҳо – раиси пешини Иттиҳоди кишварҳои араб Амр Мӯсо, намояндаи исломгароҳо Абдулмунъим Абдулфутӯҳ, номзади "Ихвон-ал-муслимин" Муҳаммад Мурсӣ, нахустивазири пешини Миср Аҳмад Шафиқ ва сиёсатмадори чапгаро Ҳумдин Сабоҳӣ барои пирӯзӣ шонсҳои бештар доранд.
Агар дар даври аввал нафаре аз довталабон ба пирӯзӣ даст наёбанд, моҳи июн даври дуюми интихобот баргузор хоҳад шуд.
Шӯрои олии низомии Миср, ки беш аз як сол боз раҳбарии Мисрро бар ӯҳда дорад, ваъдаи дар ихтиёри раисиҷумҳури нав гузоштани қудратро кардааст.