Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср аввалин бор раисиҷумҳур интихоб мекунад


Як марди мисрӣ раъйи худро ба сандуқ мерезад.
Як марди мисрӣ раъйи худро ба сандуқ мерезад.

Мардуми Миср имрӯз барои ширкат дар нахустин интихоботи демократӣ дар таърихи ин кишвар, пойи сандуқҳои раъй мераванд.

Ин нахустин интихоботи сарвари кишвар баъд аз истеъфои раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак бар асари эътирозҳои мардумӣ дар моҳи феврали соли гузашта аст. Қарор аст, ки тайи ду рӯз тақрибан 50 миллион сокинони Миср пойи қуттиҳои овоздиҳӣ биёянд.

Барои дарёфти мақоми раисиҷумҳури Миср 13 нафар сабқат мекунанд, ки, ба гуфтаи коршиносон, миёни онҳо – раиси пешини Иттиҳоди кишварҳои араб Амр Мӯсо, намояндаи исломгароҳо Абдулмунъим Абдулфутӯҳ, номзади “Ихвон-ул-муслимин” Муҳаммад Мурсӣ, нахустивазири пешини Миср Аҳмад Шафиқ ва сиёсатмадори чапгаро Ҳумдин Сабоҳӣ барои пирӯзӣ шонсҳои бештар доранд.

Агар дар даври аввал нафаре аз довталабон ба пирӯзӣ даст наёбанд, моҳи июн даври дуюми интихобот баргузор хоҳад шуд.

Шӯрои олии низомии Миср, ки беш аз як сол боз раҳбарии Мисрро бар ӯҳда дорад, ваъдаи дар ихтиёри раисиҷумҳури нав гузоштани қудратро кардааст.

Гуфтугӯ бо коршиноси эронии масоили Ховари Миёна Алиризо Нуризода дар мавриди интихоботи раёсати ҷумҳуриро дар инҷо бишнавед:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG