Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 14 тонна меваи Тоҷикистон дар Русия


Дар гузаргоҳҳои марзӣ ва қаламрави Русия 14 тонна хушкмева, растаниҳо, биринҷ ва тухмӣ маҳв карда шудааст.

Дар ду ҳафтаи баъд аз эълони Хадамоти федероли назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия (Росселхознадзор), ки интиқоли бархе аз мавод ва маҳсулотро аз Тоҷикистон манъ кард, 14 тонна маводе, ки шаҳрвандони Тоҷикистон хостанд, вориди Русия кунанд, мусодира шудааст.

Кормандони ин ниҳод якҷо бо намояндагони Хадамоти федероли муҳоҷират, нерӯҳои марзбон, гумрук, хадамоти амният ва умури дохилӣ ба сурати умум 28 тонна маводи мамнӯъшударо мусодира карданд, ки 51 дарсади он аз Тоҷикистон ва бақия аз Узбакистону Озарбойҷон расида буд.

Хадамоти федероли назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия дар торнамои худ хабар додааст, ки ин мавод аз мағзу чормағз, хушкмева, сабзавот, тухмии сабзавоту гул ва ниҳолҳои гуногун иборат будааст. Ин идораи давлатии Русия сар аз 16-уми апрели соли равон интиқоли чунин маводро аз кишварҳои зикршуда ба Русия манъ кард ва гуфт, барои кашфи он бағоч ва бори дастаии мусофирон аз ин се кишвар мавриди кофтуков қарор хоҳад гирифт. Бархе аз мусофирон аз Тоҷикистон барои давраи муҳоҷирати худ дар Русия барои худ ғизо (хушкмева ва сабзиҷот) меоранд, ки акнун метавонад, мусодира мешавад. Ҳамчунин бархе аз сафаракиҳо миқдоре аз ин маводро барои фурӯш вориди Русия мекунанд.

Дар ҳоле ки пас аз ин эълон интиқоли маводи мамнӯъ аз Узбакистону Озарбойҷон коҳиш ёфтааст, мусофирон аз Тоҷикистон ҳамоно кӯшиш мекунанд, хушкмева ва ниҳолҳои мевагию ороиширо ба Русия ворид кунанд. Хадамоти федероли назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия мегӯяд, танҳо дар як ҳолат ба интиқоли ин мавод иҷозат медиҳад, ки агар онҳо дорои сертификатҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ бошанд.

Манъи интиқоли меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Русия падидаи нав нест. Дар соли 2011 Русия аз 228 мавриди овардани рустаниҳои мамнӯъ пешгирӣ кардааст. Дар ҳоле ки “Росселхознадзор” мегӯяд, он аз ҳаққи манъи воридоти тавлидоти кишоварзӣ" аз кишварҳои дигар бархӯрдора аст ва ин амр хилофи қонунҳои байнулмилалӣ нест, соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Русия борҳо аз тавоноиҳои "Росселхознадзор" ва "Роспотребнадзор"-и худ бар зидди кишварҳо истифода кардааст. Қаблан, дар авҷи бад шудани робитаҳои Русия бо Гурҷистон, Молдова ва Беларус Маскав ба таҳрими майи гурҷиву молдовӣ ва шири беларусӣ даъват карда буд.

Русия чунин маҳдудиятро барои меваҳои хушки Тоҷикистон дар соли 2010-ум ва он ҳам ба дунболи бурузи бемории фалаҷи атфол ё полиомиелит ҷорӣ намудааст, ки баъдан лағв шуд. Ҳамчунин, дар пайи баҳси додгоҳии ду халабони ширкати русии "Ролкан" дар моҳи ноябри соли 2011-ум "Росселхознадзор" таҳдид намуд, ки воридоти маҳсулоти зироатӣ аз Тоҷикистонро мамнӯъ хоҳад кард.

Ин изҳороти хадамоти "Росселхознадзор"-и Русия баъд аз баёнияи раиси “Роспотребнадзор” ва сарпизишки санитарии Русия Геннадий Онишенко он замон дувумин даъват ба таҳримҳои зидди Тоҷикистон буд. Онишенко гуфт, бояд вуруди тоҷиконро ба Русия манъ кард, зеро бемориҳои вогир, аз ҷумла сил ва СПИД дар байни онҳо зиёд аст.
XS
SM
MD
LG