Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Хадамоти зиддимонополӣ аз ТВ-ҳои мустақил


Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба "санҷиш"-и фаъолиятҳои рекламаваии се ширкати радио ва телевизиони мустақили Хуҷанд оғоз кардааст.

Ба қавли раҳбарони ду телевизион ва як радиои мустақил дар Хуҷанд -- "Азия", "СМ-1" ва "Тироз", намояндагии Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон аз онҳо талаб кардааст, то дар бораи фаъолиятҳои рекламавии худ дар соли гузашта иттилоъ бидиҳанд. Илова бар ин, тақозо шудааст, ки бояд ширкатҳои мустақили радио ва телевизион дар Хуҷанд бояд ҳар моҳ чунин маълумотро ба мақомот пешниҳод кунанд.

Масъулони расонаҳо мегӯянд, талабҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ асрори соҳибкорӣ ва тиҷоратии онҳоро ошкор карда, ба фаъолияташон монеа эҷод хоҳад кард. Аъзамҷон Акбаров, мудири кулли телевизиони "Азия" гуфт, ин иқдоми навбатии мақомот ҷиҳати таҳти назорати шадид гирифтани кори васоити ахбори умуми мустақил аст. Ба бовари ӯ, чунин тафтишҳои ғайричашмдошт посухи мақомот ба фаъолтар шудани радиову телевизионҳои мустақил дар мавриди бозтоби мавзӯъҳои доғи рӯз будааст.

Аъзамҷон Акбаров
Аъзамҷон Акбаров
Аммо Тоҳир Ғафуров, раҳбари раёсати намояндагии Хадамоти зиддиинҳории Тоҷикистон дар Суғд сабаби тафтиши расонаҳоро ингуна шарҳ дод: "Ба мо супориш доданд, ки фаъолияти рекламавии телевизиону радиоҳо ва расонаҳои чопӣ, ки чӣ қадар реклама пахш кардаанду аз куҷо ва чӣ қадар маблағ ба даст овардаанд, тафтиш кунем. Ин чиз барои баромади роҳбарамон дар ҷаласаи машваратии Санкт-Петербург дар моҳи апрел лозим будааст."

Вале коршиносон мегӯянд, ба ин "далел"-и намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ бовар кардан мушкил аст. Дар ҳоле ин ниҳод бо номаи расмӣ аз расонаҳо талаб кардааст, ки дар оянда низ маълумотнома дар бораи фаъолиятҳои рекламавии худро пешниҳод намоянд.

Ин дар ҳолест, ки дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ додситонии Хуҷанд бо ирсоли дархости расмӣ аз тамоми радиову телевизионхои Суғд дар бораи фаъолият ва манобеи молии онҳо низ маълумот талаб карда буд.

Муҳаббат Ҷӯраева
Муҳаббат Ҷӯраева
Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси созмони НАНСМИТ (Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон) дар Хуҷанд гуфт, дар ҳоли ҳозир тақозои расмии Хадамоти зиддиинҳисориро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз назари Ҷӯраева, агарчӣ назорати иҷрои "Қонун дар бораи реклама" аз ҷониби ҳукумат бар дӯши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аст, аммо дар ҳоле ки фаъолияти телевизион ва радиоҳои Суғд хусусияти монополӣ надорад, тақозои расмӣ аз онҳо дар бораи ҳар моҳ пешниҳод кардани маълумот дар бораи фаъолияти рекламавӣ мутобиқи Қонуни матбуоти Тоҷикистон "эҷоди монеа ба фаъолияти қонунии касбии журналистӣ"-и онҳо будааст. Дар ҳамин ҳол, раҳбарони бархе расонаҳо мегӯянд, тасмими ниҳоиро дар мавриди иҷрои дархости Хадамоти зиддиинҳисорӣ танҳо баъд аз анҷоми таҳқиқи НАНСМИТ хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG