Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем...


Рӯзи 22-юми март аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ба унвони Рӯзи ҷаҳонии захоири об эълом шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи СММ, дар пайи олудашавии оби тоза ва мушкили беҳдоштӣ ҳар сол 4 ҳазору 400 кӯдаки то панҷсола дар ҷаҳон мефавтад. Гузориши Созмони Милал баёнгари он аст, ки кӯдакон аз бемории дарунрав (диарея) нисбат ба бемории AIDS (СПИД) панҷ маротиба бештар ба ҳалокат мерасанд.

Сабаби аслии чунин маргу мир мушкили дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар аксари манотиқи ҷаҳон будааст. Зеро ба таъкиди гузориши Созмони Милал аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон аз камбуди об ба шиддат ранҷ мебарад ва ҳар шашумин нафар ҷамъияти дунё ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ 60 дарсади захоири оби минтақаро дар ихтиёр дорад. Аммо омори расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳокист, ки аксари ҷамъияти ин кишвар аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Махсусан дар маркази Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ин мушкил то ҳол ҳалли ниҳоии худро пайдо нкардааст, чӣ расад ба манотиқи дигари ин кишвар. Чун масъалаи бо оби ошомиданӣ таъмин кардани сокинони пойтахт аз 17 сол ба ин сӯ матраҳ аст.

Дар ҳоле ки дар ин муддат созмонҳои сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Исломӣ ва давлати Олмон, барои ҳалли ин мушкил ба Тоҷикистон ҳудуди 75 миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои билоиваз кардаанд. Кӯмаки ахири Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт 36 миллион доллар ва Бонки Исломӣ 16 миллион долларро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди матраҳ будани масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, моҳи октябри соли гузашта идораи обу корез ё "Водаканал" нархи оби ошомиданиро афзоиш дод. Тибқи тасмими Хадамоти зидиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ҳамакнун бар ивази 2 сомониву 70 дирами қаблӣ, ҳар сокини шаҳри Душанбе дар моҳ 3 сомониву 70 дирам барои истифодаи об пардохт хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG