Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Исроил дар мавриди ҳамла ба Эрон тасмим нагирифтааст"


Леон Панетта, вазири дифои Амрико
Леон Панетта, вазири дифои Амрико

Вазири дифои Амрико гуфтааст, фикр намекунад Исроил ҳанӯз дар хусуси ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон тасмиме гирифта бошад.

Леон Панетта, ки рӯзи сешанбе дар Сенати Амрико ҳозир шуда буд, гуфтааст, ки фикр намекунад Исроил дар баҳори оянда ба Эрон ҳамла хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки дар оғози моҳи феврал, рӯзномаи "Вошингтон Пост" дар мақолае ба нақл аз оқои Панетта навишта буд, ки эҳтимолан ҳамлаи Исроил ба Эрон дар баҳори соли оянда сурат хоҳад гирифт.

Як сенатори ҷумҳӯрихоҳ рӯзи сешанбе аз вазири дифоъ пурсид: «Бинобар ин шумо фикр намекунед, ки эҳтимолан Исроил дар баҳори оянда даст ба чунин ҳамлае хоҳад зад? Леон Панетта дар посух гуфт :”Фикр намекунам.»

Леон Панетта бо ин ҳол рӯзи сешанбе таъкид кард, ки давлати Амрико шадидан нигарони рафторҳо ва чоҳталабии ҳастаии Эрон аст.

Вазири дифои Амрико гуфт: ”Мо ва Исроил як ҳадафи муштарак дорем. Мо хеле шаффоф эълом кардаем, Эрон набояд силоҳи ҳастаӣ бисозад. Мо хеле рӯшан эълом кардаем, онҳо набояд тангии Ҳурмузро бибанданд. Мо хеле рӯшан гуфтаем, ки онҳо набояд бо судури терроризм, давлатҳои дигарро заиф кунад.»

Леон Панетта иброз дошт, ки Амрико ба ҳамроҳи дигар кишварҳо то кунун дар ростои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон гомҳои хуберо бардоштаанд. Вай бори дигар бар зарурати мавқеи ягонаи ҷомеаи байналмилалӣ дар баробари Эрон таъкид кард.

Дар ҳамин замина Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ҳам ҳафтаи пеш гуфта буд: “Исроил ҳанӯз дар бораи чигунагии вокуниш ба нигарониҳо аз барномаи атомии Эрон тасмим нагирифтааст.»

Барак Обама гуфта буд: “Фикр намекунам Исроил дар баробари Эрон тасмиме гирифта бошад, ки чӣ коре мехоҳад анҷом диҳад.»

Исроил, Амрико ва кишварҳои ғарбӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар пӯшиши барномаи ҳастаии худ дар садади дастёбӣ ба технологияи силоҳи ҳастаӣ аст. Эрон бо радди ин иттиҳом мегӯяд, барномаи ҳастаии ин кишвар комилан сулҳомез ва барои тавлиди энержии ҳастаӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG