Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари футболбозони тоҷик ба Туркия


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои омодагӣ ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Кореяи Шимолӣ 12-уми феврал ба Туркия сафар хоҳад кард.

Фаридун Солиев, сухангӯи тими миллии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби кишвар дар шаҳри Анталияи Туркия то 22-юми феврал идома меёбад.

Дар ин ҷо баргузории ду бозии контролӣ дар назар аст. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 22 футболбоз даъват шудаанд: 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.

12 бозигар аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, 9 футболбоз аз тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва як нафар аз дастаи «Энергетик»-и Душанбе мебошанд.

Фаридун Солиев афзуд, барои аввалин бор ба ҳайати тими миллӣ нимҳимоятгар Баҳодур Шарифов, дастпарвари мактаби футболи ноҳияи Ҳисор, ки феълан дар дастаи «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунад, даъват шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Даврон Эргашев, Умед Ҳабибуллоев (ҳама – «Истиқлол»), Алексей Неъматов, Фаррух Чориев (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров («Энергетик»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Илҳом Ортиқов, Баҳодур Шарифов, Раҳмоналӣ Баротов (ҳама – «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев («Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров, Юсуф Рабиев («Истиқлол»).

Дар гурӯҳи “С” мунтахаби Узбакистон бо 13 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Вале дастаи Тоҷикистон бидуни имтиёз пас аз тимҳои Ҷопон (10 имтиёз) ва Куриёи Шимолӣ (6 имтиёз) дар зинаи охирин – чаҳорум қарор дорад.
Дастаҳои Ҷопон ва Узбакистон, ки сарфи назар аз натоиҷи бозии охирин ба даври баъдӣ роҳ ёфтаанд, дар бозӣ байни худ барои ғолиб шудан дар гурӯҳ талош хоҳанд кард.

Баъди панҷ давр мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо чунин аст:

Гурӯҳи “А”
1.Урдун - 12 имтиёз, тӯбҳо 10-4
2.Ироқ - 12 имтиёз, тӯбҳо 7-3
3.Чин - 6 имтиёз, тӯбҳо 7-5
4.Сингапур - 0 имтиёз, тӯбҳо 1-13

Гурӯҳи “В”
1.Куриёи Ҷанубӣ – 10 имтиёз, тӯбҳо 12-4
2.Лубнон - 10 имтиёз, тӯбҳо 8-10
3.Кувайт - 8 имтиёз, тӯбҳо 8-7
4.АМА - 0 имтиёз, тӯбҳо 5-12

Гурӯҳи “C”
1.Узбакистон - 13 имтиёз, тӯбҳо 7-1
2.Ҷопон - 10 имтиёз, тӯбҳо 14-2
3.Куриёи Шимолӣ - 6 имтиёз, тӯбҳо 2-3
4.Тоҷикистон – 0 имтиёз, тӯбҳо 0-17

Гурӯҳи “D”
1.Австралия - 9 имтиёз, тӯбҳо 8-3
2.Арабистони Саудӣ - 5 имтиёз, тӯбҳо 4-3
3.Тайланд - 4 имтиёз, тӯбҳо 4-5
4.Умон - 4 имтиёз, тӯбҳо 1-6

Гурӯҳи “Е”
1.Эрон - 11 имтиёз, тӯбҳо 15-3
2.Қатар – 9 имтиёз, тӯбҳо 8-3
3.Баҳрайн - 6 имтиёз, тӯбҳо 3-7
4.Индонезия - 0 имтиёз, тӯбҳо 3-16

Шаш даста – Урдун ва Ироқ (гурӯҳи “А”), Ҷопон ва Узбакистон (гурӯҳи “С”), Австралия (гурӯҳи “D”) ва Эрон (гурӯҳи “Е”) сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври охирин ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.

Тимҳои Куриёи Ҷанубӣ, Лубнон ва Кувайт (гурӯҳи “В”), Арабистони Саудӣ, Тайланд ва Умон (гурӯҳи “D”), Қатар ва Баҳрайн (гурӯҳи “E”) барои ба даст овардани роҳхатҳо ба даври баъдӣ талош хоҳанд кард.

Вале дастаҳои Чин ва Сингапур (гурӯҳи “А”), Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи “В”), Куриёи Шимолӣ ва Тоҷикистон (гурӯҳи “С”) ва Индонезия (гурӯҳи “Е”) аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2012 дар Бразил маҳрум шуданд.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби Тоҷикистон ягона дастаест, ки дар панҷ бозӣ ба дарвозаи рақибонаш ягон гол назадааст ва аз ҳама бештар – 17 гол хӯрдааст. Инчунин Тоҷикистон бозиро дар сафар ба тими Ҷопон, қаҳрамони чаҳоркарата ва феълии Осиё, бо ҳисоби бузурги 0:8 бохтааст.

Бозиҳои даври шашум ва охирини сабқати гурӯҳӣ рӯзи 29-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо тими миллии Кореяи Шимолӣ рақобат хоҳад кард.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими Ҷопон дар майдони худ бо мунтахаби Узбакистон рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG