Пайвандҳои дастрасӣ

Қочоқ - роҳи кӯтоҳи ҷавонони тоҷик ба зиндон


Лаҳзае аз мизи гирд дар дафтари радиои "Озодӣ"
Лаҳзае аз мизи гирд дар дафтари радиои "Озодӣ"

Дар ин авохир мавориди даст задани ҷавонон ба қочоқи маводи мухаддир мояи нигаронии амиқи ҷомеа шудааст.

Масалан, дар як соли ахир дар вилояти Суғд бештар аз 80 ҷавону наврасон ба иртикоби даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд. Ҳамин тариқ дар манотиқи дигари кишвар даст доштани наврасону ҷавононро масъулон ошкор намудаанд.

Таҳлилгарону коршиносон бар ин боваранд, ки аксари ҷавонону наврасоне, ки дар фурӯши маводи мухаддир даст дорад, фарзандон ё хешу табори афроди калоншаванда мебошанд. Зеро ба қавли масъулони вазорати корҳои дохилӣ, мошинҳои рақамҳои 7777 ё 8888 ва ё шумораҳои "тиллоӣ", танҳо ба фарзандони мансабдорон хос аст ва аксари ҳолатҳое, ки нашъаҷалобон дастгир мешаванд, аз дохили ин мошинҳо ошкор мегардад.

Ин буд, ки вазорати корҳои дохилӣ барои барчидани рақамҳои "тиллоӣ" дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе иқдом кард. Суоли матраҳ низ ин аст, ки чаро дар ин авохир миёни наврасону ҷавонон қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир густариш пайдо кардааст? Ин ва дигар пурсишҳо, дар мизи гирди радиои Озодӣ мавриди баҳс қарор гирифтанд.

Шумо густариши раванди даст ба қочоқи маводи мухаддир задани наврасону ҷавононро дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Бобоҷони Шафеъ, корманди Агентии назорат бар маводи мухаддир
Бобоҷони Шафеъ, корманди Агентии назорат бар маводи мухаддир
Бобоҷони Шафеъ, корманди Агентии назорат бар маводи мухаддир мегӯяд: «Аслан масъалае, ки барои баррасӣ пешниҳод мешавад вобаста ба он оморҳои расмӣ дар ҷиноятҳои маводҳои мухаддир ва ҳам дар сӯистифода аз маводҳои мухаддир ҷавонон ва то ҳадде наврасон ҳам пешдастӣ доранд, ки хеле масъалаи доғ аст. Тибқи иттилои расмӣ, дар кишвар ҷавонони аз 18 то 34 сола 34,9 дар сади нашъамандонро дар шумораи умумӣ ташкил медиҳанд. Дар ҷиноятҳои хариду фурӯши маводи мухаддир бошад, дар шумори умумии кишвар дар нисбат ба соли 2010 дар соли 2011 9,1 дар сад афзуд. Ҷои тааҷҷуб аст, ки наврасон ҳам ба хариду фурӯши маводи мухаддир даст мезананд. Масалан дар соли 2009 як наврас дар шаҳри Душанбе агар ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли 2010 ин ба 4 нафар расид. Пас дар рӯ ба рӯи мо ҷавонишавии ҷиноятҳои мухаддиротӣ ба чашм мерасад. Сабаби аслии рӯ овардани наврасону ҷавонон ба ҷиноятҳои мухадиротӣ, ин аз бе ҷои кор будани онҳо мебошад. Зеро тибқи иттилои расмӣ, 83,8 дарсади ҷиноятҳои маводи мухаддиротӣ аз тарафи шахсоне ба қайд гирифта шудаанд, ки ҷои кори доимӣ надоранд. Дар ҳақиқат вақте ҷавонон ва шахсоне, ки бекоранд, бояд ба як василае даромад дошта бошанд, то рӯзи худу оилаашонро пеш баранд.»

Хушвахт Ҳасанов, директори маркази миллии маниторинг ва пешгирии нашъамандии вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт: «Дар ин миён омилҳо ва сабабҳои ба нашъамандӣ ва нашъаҷалобии рӯ овардани наврасону
Хушвахт Ҳасанов, директори маркази миллии маниторинг ва пешгирии нашъамандии вазорати тандурустии Тоҷикистон
Хушвахт Ҳасанов, директори маркази миллии маниторинг ва пешгирии нашъамандии вазорати тандурустии Тоҷикистон
ҷавонони азизи тоҷик хеле зиёд аст. Аммо сабаби асосиашро ман дар ҳамсарҳадии Тоҷикистон бо кишвари аз лиҳози истеҳсоли маводи мухаддир бузурги ҷаҳон Афғонистон мебинам. Зеро Тоҷикистон дар хати интиқоли маводи мухаддиротии гурӯҳҳои сиёҳпеша қарор дорад ва агар кадом давлати дигаре ба ҷои Тоҷикистон дар ин хат қарор медошат, пеши роҳи маводи мухадиротиро гирифтанаш ба мушкилу кумбудиҳои хеле зиёд ва ҷиддӣ рӯ барӯ мешуд.»

Қиёмиддин Миралиев намоянда аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон дар посух ба ин савол мегӯяд: «Сабаби дигари рӯ овардани наврасону ҷавонон аз таҳсил дур мондан ва бехабар будани онҳо аз амалҳои ҷиноятӣ оид ба маводи мухаддирот аст.
Қиёмиддин Миралиев намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон
Қиёмиддин Миралиев намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон
Бубинед, иродаи ҳар як ҷавон ёзандааст, яъне зудбовар аст. Бо ҳамин сабаб онҳоро ба ҳар роҳ метавонанд ҳар чи зудтар тела диҳанд . Сабаби дигар ин аз бешуғлии онҳост. Зеро аксари ҷавонон то синфи нуҳум таҳсил мекунанд, яъне онҳо маълумоти нопурра доранд ва бо ин сабаб дар ҳеҷ куҷо кор карда наметавононд. Агар шуғле дошта бошанд, рӯзии худро тавассути он миёбанд ва аслан ба ин кор даст намезананд.»
XS
SM
MD
LG