Пайвандҳои дастрасӣ

Фоҷиаи шаби ид. Бобои барфиро чӣ гуна куштанд?


Яке аз аксҳои охирини Парвиз Давлатбеков, корманди ширкати байнулмилалии аудит дар шаҳри Душанбе.
Яке аз аксҳои охирини Парвиз Давлатбеков, корманди ширкати байнулмилалии аудит дар шаҳри Душанбе.

Шоҳидони қатли Парвиз Давлатбеков дар либоси Бобои барфӣ ҷузъиёти воқеаро ба Радиои Озодӣ нақл карданд.

Бо гузашти чаҳор рӯз аз кушта шудани Парвиз Давлатбеков, ҷузъиёти ин фоҷеаи шаби соли нав, ки дар торномаҳои хориҷиву дохилӣ бо сарлавҳаи “Куштори Бобои Барфӣ” машҳур гардид ҳамроҳ бо ному насаби гумонбаршудаҳои куштор ошкор шудааст.

Парвиз Давлатбеков, ки либоси Бобои барфӣ дар тан дошт, шаби соли нав дар шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамлаи гурӯҳе қарор гирифт ва кушта шуд. Ҳарчанд расонаҳо навиштанд, ки ӯро бо нидои “Ту кофир!” корд задаанд, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ангезаи динӣ доштани кушторро рад намуд. Се нафар ба ҳайси гумонбаршудагони ин қатл боздошт шуда, ҷустуҷӯи ҳамроҳони онҳо идома дорад.

ҲОДИСА ЧӢ ГУНА РӮЙ ДОДААСТ?

Вақте ки Парвиз ба даромадгоҳи бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Сино наздик мешуданд, дар рохи пиёдагард гурӯҳи ҷавонон истодагӣ буданд. Омадани Парвиз, ки либоси Бобои барфиро пӯшида буд, диққати ин ҷавононро ба худ кашид. Яке аз ҷавонон аз Парвиз пурсид, ки «ягон тӯҳфа барои онҳо" нест? Парвиз ҷавоб дод, ки тӯҳфа тамом шуд. Он ҷавон Парвизро ҳақорат карду ҷанҷол сар шуд.

Шарики Парвиз мегӯяд: «Толпа»-ро ором кардему Парвиз гуфт, фақат бо ҳамон одами ҳакоратгар гап дораму халос. Каме дуртар аз пеши мо ба суйи даромадгоҳ рафтанду ҷанг шуданд ва ин «толпа» ҷангро диданду сӯйи Парвиз ва он ҷавони ҳакоратгар давиданду ҳамакаса Парвизро заданд. Парвизро халос кардему даруни подезд-даромадгоҳи бино даровардем ва ин «толпа» ба задани мо сар карданд. Аз «толпа» худамонро халос кардему, гуфтам, ҷанг тамом. Вале онҳо боз ба Парвиз боз ҳамла карданӣ шуданду ба пеши вай давидам, ки ҷавонон ҳамакаса гурехтанд."

Ҳамроҳони Парвиз диданд, ки хун ба қадди пойи ӯ мешорид ва ду зарбаи корд ба пои вай расидааст. Онҳо бошитоб захмҳои пойро бастанд, бо таксӣ ба бемористони Қарияи Боло бурдем.

ПАРВИЗ БА ТАБРИКИ ДӮСТОНАШ ОМАДА БУД

Парвиз он шаб бо нияти табрики хонаводае ба ин кӯча омада буд, ки панҷ соли донишҷӯияш дар он гузаштааст. Баҳор Гадомаҳмадов, узви ин хонавода, ки панҷ сол бо Парвиз зистааст, он шаб дӯсташро дар даромадгоҳи бино ҳамроҳӣ мекард. Вай мегӯяд, “ҷавонҳои ҳуҷумкунанда дар ҳоле пароканда шуданд, ки хунро диданд. Онҳо кордро паротофтанд ва ба ҳар тараф гурехтанд. Мо кордро гирифта, ба пулис супоридем.”

Ҳамроҳони Парвиз мегӯянд, ягон нидои мазҳабӣ нашунидаанд ва Парвизро низ бо зикри “оча” ҳақорат мекарданд.

Шӯҳрат, яке аз пайвандони Парвиз, ки он шаб дар хона мунтазири Бобои барфӣ ва табрикоти Парвиз буданд, мегӯяд, “баръакси интизориҳо ба мо занг зада, аз захмӣ шудани «Бобои барфӣ» хабар доданд" ва мо ба Қарияи Боло рафтем ва ҷанозаи Парвизро ба хона овардем.

«Шиштагӣ будем, холаам гуфт, ки Парвизшон ҳоло мерасанд. Аммо яке занг заданд, ки Парвизро корд задаанд, ҳамамамон дигар ба берун давидем, ба беморхона рафтем, ки ҷисми сардаша баровардем.»

ПОЛИС ВА ҶОЙИ ВОҚЕА

Даромадгоҳи бинои истиқоматие, ки Парвиз он ҷо, захмӣ шуд, рӯ ба хиёбони марказии Сино, дар паҳлуи бинои Додситони кул ва 200 метр дуртар аз бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино ҷойгир аст. Роҳе, ки шабу рӯз аз он ҷо теъдоди бузурги мошинҳо ва мардум мегузарад. Он шаб ҳам, сокинони зиёд барои тамошои «оташбозӣ”-и идона дар ин маҳал ҷамъ шуда буданд. Аммо, касе огоҳ нашуд, ки сад қадам дуртар аз ин ҷо куштори як шаҳрванди бегуноҳ ҷараён дорад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҳодиса дар назди бинои 134 воқеъ дар кӯчаи Синои, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар соати 10-и шаби 31-уми декабр танҳо Парвиз Давлатбеков, ки дар либоси Бобои барфӣ буд захмӣ гашт. Дар робита ба он се нафар боздошт шудаанд, ки инҳо -- Шараф Давлатов, донишҷӯи бахши ғойибонаи шӯъбаи иқтисод ва молияии Донишгоҳои Миллии Тоҷикистон, Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев, ҳарду бекор, соли тавалуддашон 1987 мебошанд. Аммо шумораи ҳамлакунандагон ба Парвиз Давлатбеков ва ҳамроҳони ӯ бештар буда, ҷустуҷӯи афроди боқимонда идома дорад. Вазорат гуфтааст, ба зудӣ навори бозпурсии боздоштшудаҳоро намоиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG