Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Олмон -- қадами васеътар ба сӯи Аврупо?


Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон ва Ангела Меркел дар Олмон
Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон ва Ангела Меркел дар Олмон

Таҳлилгарон сафари раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Олмон талоше барои наздик шудан ба Аврупо медонанд.

Сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Олмонро таҳлилгарон як иқдоми фаротар аз маҳдудаи минтақаӣ густариш додани доираи шарикони сиёсиву тиҷоратӣ ва идомаи талошҳои наздикии бешатр ба Аврупо арзёбӣ карданд.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, сарфи назар аз он ки Раҳмон дар ҷараёни диду боздидҳо дар Олмон ба чӣ натиҷа дастёб шудааст, дар муддати кӯтоҳ ду сафар ба Аврупо Тоҷикистонро аз инзивои як кишвари соф осиёӣ берун ва ба ҷомеаи демократии ҷаҳонӣ наздиктар мекунад.

Вай гуфт, "ин гуна сафарҳо ба Аврупо барои Тоҷикистон зарур аст.Махсусан пас бӯҳроне, ки байни Русия ва Тоҷикистон ба вуҷуд омад, дастгирии кишварҳои демократӣ дар Тоҷикистон ҳис карда мешуд ва ба фоидаи Тоҷикистон буд, зеро ки Русия дар нисбати муҳоҷирони тоҷик аз чаҳорчӯбаҳои демократия, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва гуманизм берун баромада буд. Ва ин мавқеи кишварҳои демократияро мо бояд қадр кунем."

Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов
Дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Олмон, байни ду кишвар се созишнома дар бахши беҳдошт, иктишофи маодин ва ҳамкорӣ дар соҳаи энержӣ имзо шуд, ки муҳимтарини онҳо созишнома дар бахши энержист.

Ба қавли Сӯҳроб Шарифов дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон як нуктаи муҳим ошкор шуд, ки вакилони порлумони Аврупо бар хилофи иддаои Узбакистон дар баҳси Роғун мавқеи Тошкандро пуштибонӣ накардаанд.

"Чанде пеш матбуоти Узбакистон аз қавли мақомоти Тошканд хабар дода буд, ки гӯё вакили порлумони Аврупо мавқеи Узбакистонро пуштибонӣ намудаст. Вале дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар порлумони Аврупо намояндаи он гуфтааст, ки чунин изҳороте надодааст ва даъвои Узбакистонро дар ин хусус нодуруст шуморидааст. Ҳоло аз лиҳози геоиқтисодӣ ҳам барои Тоҷикистон мавқеи Олмон дар хусуси пайвастан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (ВТО) муҳим аст",-мегӯяд ҷаноби Шарифов.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:15 0:00
Линки мустақим


Нуктае, ки метавонад раҳбарони давлатҳои аврпуоиро барои ҳамкории бештар бо кишварҳое мисли Тоҷикистон камҷуръат кунад, масъалаи риоя нашудани ҳуқуқи инсон аст. Аммо намунаҳое низ вуҷуд доранд, ки дар бисёр мавридҳо манофеи геополитикии давлатҳои ғарбӣ бар арзишҳое мисли ҳуқуқи инсон ғолиб меоянд.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайридавлатии "Перспектива плюс" мегӯяд, кишварҳои аврупоӣ огоҳона ба масъалаи ҳуқуқи башар дар кишварҳои пасошӯравӣ, хусусан дар давлатҳои Осиёи Миёна муносибат мекунанд. Вале баробар бо ин манофеи геополиткии худро низ дар минтақа ҳифз мекунанд ва густариш медиҳанд.

Хонум Бобоназарова ба ин суол, ки оё ҳаракати Тоҷикистон ба самти Аврупо метавонад боиси рашки бештари Русия шавад, гуфт, "дурӣ ҷустан аз Тоҷикистон барои Русия гарон меафтад."

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон, низ мегӯяд, Русия дар коҳиши нуфузаш дар Тоҷикистон бояд аз худаш домангир бошад. Зеро намешавад як давлати шарикро ҳамеша бо “қанд”-у ваъдаҳои дурӯғин гӯл зад ва боз ҳам аз он талаб кард, ки вафодор бимонад.

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов
Ҷаноби Шабдолов гуфт, "агар Олег Дерипаска сохтмони Роғунро маблағгузорӣ мекард, ҳоло он сохта мешуд. Баръакс, Тоҷикистонро дар роҳи сохтмони ин нерӯгоҳ барои чанд сол ба ақиб зад. Русия дар ин ҷо манфиати бособиқа дорад ва агар ҳоло мавқеяшро аз даст додааст, бо айби худи Русия шудааст на бо айби Тоҷикистон."

Раиси Ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло минтақаи Осиёи Миёна ба як саҳнаи бозиҳои геополитикии кишварҳои Ғарбу Осиё табдил шудааст. Аксари таҳлилгароне, ки дар ин мавзӯъ бо мо сӯҳбат доштанд, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил дар роҳи ҳифзи манофеи худ пойбанди садоқат танҳо ба як шарик боқӣ намемонад.
XS
SM
MD
LG