Кулбори тӯҳфаҳои солинавии ширкати мобилии Tcell бо шаш мошин ё худрави "KIA Sportage" нисбат ба дигар ширкатҳои мобилӣ ғанитар ба назар мерасад. Муштариёни ин ширкат то 25-уми декабри соли равон бо фиристодани SMS ё паёмак, ки нархаш як сомонист, метавонанд шонси соҳиби мошин шуданро ба даст оранд.
Алишер Холиқназаров, ҳамонҳангсози иқдоми солнавии ширкати Tcell мегӯяд, онҳо чаҳор сол мешавад, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ ба муштариёнашон мошин тӯҳфа мекунанд. Вале ӯ гуфт, имсол онҳо якбора шаш мошини гаронбаҳоро ният доранд дар арафаи соли нав ба муштариёнашон тӯҳфа кунанд, ки дар Тоҷикистон ҳамто надоштааст.
Муҳиб Шамсиев, донишҷӯи Донишгоҳи славянӣ, ба мошини "KIA Sportage", ки ширкати Tcell дар назди яке аз марказҳои хизматрасониаш ба намоиш гузоштааст, ба ҳавас менигарад. Ӯ мегӯяд, муштарии ҳамин ширкат аст ва дар сабқати эълоншуда иштирок мекунад ва умед дорад соҳиби яке аз ҳамин мошинҳои гаронбаҳо шавад. Ин донишҷӯи тоҷик мегӯяд, "ҳар рӯз паёмак мефиристам барои иштирок дар сабқат ва агар бахтам хандад, шояд соҳиби мошин бишавам."
Дигар ширкатҳои мобилӣ низ ба қадри имкону ба қавле "ҳиммат"-и худ барои муштариёнашон туҳфа омода кардаанд. Масалан, ширкати "Билайн" муштариёнашро барои иштирок дар викторинаи солинавӣ даъват мекунад, ки ғолиби озмунро 30 ҳазор сомонӣ интизор аст. Ба ғолибони ҷои дуввум ва сеюм 20 ҳазор ва 15 ҳазор сомонӣ мукофот ваъда шудааст.
Ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" барои ҷалби муштариёни нави худ омодааст, дар арафаи Соли нав телефони ҳамроҳ тӯҳфа кунад, аммо ба шарте, ки муштарӣ ба суратҳисоби рақами мобилиаш 75 сомонӣ гузаронад.
Яке аз шикратҳои муваффақи мобилӣ "Вавилон-М" мекӯшад, тӯҳфаи солинавӣ барои муштариёнаш "сюрприз" бошад ва пеш аз мӯҳлат дар бораи тӯҳфааш чизе намегӯяд. Муҳиба Холиқназарова, масъули бахши бозори ин ширкат дар бораи ин имтиёзҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар соли нав мо чун ҳамеша барои муштариёни худ бастаи тӯҳфаҳои солинавӣ омада мекунем ва бигузор ин тӯҳфаҳои мо барои муштариён ногаҳонӣ бошад."
Муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳадяҳое, ки онҳоро дар шаби Соли нав хушнуд мегардонад, тақдими дақиқаҳои ройгони гуфтугӯ будааст. Онҳо мегӯянд, бо истифода аз ин дақиқаҳои ройгон, ҷавонон маъмулан духтари дӯстдоштаашон ва ҷавондухтарон дӯстписарҳояшонро бо Соли нав табрик мекунанд.
Мавзуна, як сокини Душанбе, мегӯяд, "аз ширкатҳои мобилӣ хеле хурсандам, ки дар ҷашну идҳо ба муштариёни худ дақиқаҳои ройгон ҳадя мекунанд. Ман шахсан ин дақиқаҳоро барои табрики дӯстписарам сарф кардам."
Дар Тоҷикистон мисли кишварҳои аврупоиву Амрико фурӯши тӯҳфаҳои арзон ва молҳои дилхоҳ бо қиммати идона дар остонаи Соли нав ҳанӯз роиҷ нашудааст. Баръакс, фурушгоҳҳои фурсатталаб дар шабу рӯзи соли нав нархи моли худро бамаротиб боло мебаранд ва муштариёнро дар вазъи ногуворе қарор медиҳанд. Танҳо ширкатҳои мобилӣ ва якчанд фурӯшгоҳи маводи электронӣ ба муштариёни хеш дақиқаҳои ройгони гуфтугӯ ва маводи арзон пешкаш мекунанд. Сабаби инро коршиносон вуҷуди рақобат дар байни чунин ширкатҳо маънидод мекунанд.