Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷаммӯи 270 вагони Тоҷикистон дар Узбакистон


Қатораҳои борбари Тоҷикистон дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг ҷамъ меоянд.

Сарфи назар аз қатъи ҳаракати қатораҳо дар ин қисмати роҳ, масъулони роҳи оҳани Узбакистон қабули вагонҳо ба самти Қӯрғонтеппаи Тоҷикистонро идома медиҳанд.

Бино ба маълумоти хадамоти иттилоотии ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари», айни замон шумори ин вагонҳо ба 270 адад расидааст.

Ҳафтаи гузашта дар қитъаи роҳи оҳани “Ғалаба”-Амузанг, ки минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро ба ҳам мепайвандад, як пул хароб шуда, ба ин далел ҳаракат дар ин самт қатъ гардид.

Ширкати роҳи оҳани Узбакистон гуфтааст, ки қаблан ба ҳадафи рафъи ин мушкил мақомоти роҳи оҳани Узбакистон чанд маротиба ба ҳамтоёни тоҷики худ пешниҳод карда буданд, аз хатсайри байнидавлатии Қудуқли колоҳои худро интиқол диҳанд, вале аз ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ посухе дарёфт накардаанд..

Мақомоти Узбакистон таркиш дар роҳи оҳани миёни Тирмиз ва Қӯрғонтеппаро “амали террористӣ” унвон карданд. Бар асари инфиҷор касе кушта ё захмӣ нашуда, вале роҳи оҳан дар қитъаи “Ғалаба”-Амузанг тахриб ва ғайри қобили истифода шуда буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷониби Узбакистон мегӯяд, қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа ба дарозии 218 километр, ки ҳанӯз дар соли 1974-ум мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ҳоло барояш фоидаовар нест. Соли гузашта мақомоти роҳи оҳани Узбакистон дар номае унвонии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” исрор карда буданд, ки фаъолияти ин қитъаи роҳи оҳан аз лиҳози иқтисодӣ судовар нест ва бояд баста шавад. Ҷониби Тоҷикистон чунин пешниҳодро напазируфта, изҳор дошта буд, ки омода аст махориҷи фаъолияти ин роҳро ба зиммаи худ бигирад.

Вале ба иддаои Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раҳбари созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), судовар набудани роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа барои Узбакистон баҳонае беш набуда, ҳадафи аслӣ дар инҳисори иқтисодӣ қарор додани як қисмати бузурги Тоҷикистонро ба дунбол дорад.

Аз ҳоло мутаваққиф шудани ҳаракати қаторҳои мусофиркашу борбар дар минтақаи Тирмиз-Қӯрғонтеппа нигарониҳои доираҳои соҳибкории ҷануби Тоҷикистонро ба бор овардааст. Зеро соле пеш маҳз ба ҳамин сабаб беш аз ҳазор вагони пурбори соҳибкорони хатлонӣ дар Узбакистон банд монда, ба иқтисоди минтақа хисороти қобили мулоҳиза расида буд.

Ин дар ҳолест, ки дар вилояти Хатлони Тоҷикистон иҷрои чанд тарҳе дар заминаи энержӣ, коркарди маодин, истихроҷи нафту газ ва коркарди тавлидоти кишоварзӣ ҷараён дорад, ки ба эътиқоди соҳибназарон, ба густариши воридоту содироти коло миёни ин минтақаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, коршиносон мегӯянд, рушди минбаъдаи иқтисоду тиҷорати вилояти Хатлон ба фаъолияти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа сахт бастагӣ дорад.

Ба ҷуз ин, қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа ҷузъе аз шабакаи роҳи оҳанест, ки аз тариқи он бархе аз молу колои мансуб ба нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон интиқол дода мешавад ва барои пешбурди амалиёти ин нерӯҳо дар ҷумҳурии исломӣ муҳим дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG