Дар ҳукумати муваққатие, ки як кори аслиаш аз бӯҳрони иқтисодӣ наҷот додани Юнон аст, ду ҳизби умда, Ҳизби состиалистии ПАСОК ва Ҳизби муҳофизакори демократияи нав шомил хоҳанд шуд.
АВРУПО НИСФИ ҚАРЗИ ЮНОНРО "БАХШИД"
Муҳимтарин кори ин ҳукумат, амалӣ кардани барномаи Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд, ки рӯзи 26 октябр қабул шуд. Бар асоси ин барнома, Иттиҳодияи Аврупо аз баҳри нисфи қарзҳои давлатии Юнон мегузарад ва ҳамчунин ба он 130 миллион евро қарз медиҳанд, то тавонад бо коҳиши хароҷоту қарзи давлатӣ, пули кофӣ барои пардохти ҳисобҳои ҷориаш ба мисли музди кору ҳаққи нафақа дошта бошад. Ба гуфтаи дафтари раёсати ҷумҳури Юнон, баъди иҷрои ин барнома дар Юнон интихоботи нави парлумонӣ баргузор хоҳад шуд.
Каролос Папулас, раиси ҷумҳури Юнон, ки ду тарафи мухолифро барои ташкили ҳукумати эътилофӣ моил кард, қарор аст имрӯз бо раҳбарони сиёсӣ доир ба ҷалби аҳзоби дигар ба сафи ҳукумати эътилофӣ гуфтугӯ кунад. Ҷорҷ Папандреу, нахуствазири Юнон гуфтааст, ки аз мақомаш канорагирӣ мекунад ва раҳбари ҳукумати нави эътилофӣ нахоҳад шуд.
Ҷорҷ Папандреу, ҳафтаи гузашта эълом кард, ки барномаи наҷоти молии Юнон аз тарафи Иттиҳодияи Аврупоро ба раъйпурсии умумӣ мегузорад, ки ин эъломи ӯ раҳбарони иттиҳодияро ваҳшатзада кард, зеро дар сурати рад шудани барнома, Юнон варшикаста ва ихроҷи он аз Иттиҳодияи Аврупо ногузир мешуд. Бино ба гузоришҳо, ҳайъатҳо аз ҳизби Ҷорҷ Папандреу ва ҳизби Антонис Самарас, раҳбари мухолифин тамоми шаб доир ба таркиби ҳукумат гуфтӯгу кардаанд ва ба эҳтимоли ғолиб рӯзи душанбе номи раҳбари нави онро эълом хоҳанд кард.
ХАВФИ ВАРШИКАСТАГӢ ҲАНӮЗ ЮНОНРО ТАҲДИД МЕКУНАД
Бино ба гузориши расонаҳои Юнон, Лукас Пападемос, муовини собиқи раиси Бонки Марказии Аврупо, аз номзадҳои эҳтимолӣ ба ин мақом хонда шудааст. Ҳукумати муваққатии Юнон бояд барномаи дардноки коҳиши хароҷоти буҷаро амалӣ кунад, ки як шарти аслии ихтисоси кӯмаки молӣ ба ин кишвар ва эмин нигаҳ доштани он аз варшикастагии эҳтимолии молӣ аст.
Коҳиши имтиёзу боло бурдани молиёт дар Юнон то кунун сабаби коршиканиву тазоҳуроти зиёди мардумӣ шудааст, аммо бе иҷрои ин шартҳо ва камтар накардани хароҷоти давлатӣ, Юнон метавонад, то моҳи декабр варшикаста шавад.
Варшикастагии Юнон метавонист, сабаби авҷ гирифтани бӯҳрони молӣ дар кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо шавад ва худи Юнонро аз ҳавзаи евро берун кунад. Аммо бар асоси назархоҳиҳо, ба ақидаи 66 дар сади мардуми Юнон, хуруҷи кишвар аз ҳавзаи евро бар зарари ин кишвар хоҳад буд ва ба андешаи 16 дар сад баъди тарки ҳавзаи евро вазъ дар Юнон рӯ ба беҳбуд хоҳад овард.