Теъдоди намозгузорон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе мисли солҳои гузашта зиёд набуд. Зеро гузоштани намози ид дар ҳама масоҷид бо шумули масоҷиди панҷвақтӣ иҷоза шудааст.
Пас аз хатми намози иди Қурбон аксари мардум, махсусан мардони бузургсол ва ҷавонон ба оромгоҳҳо рафта ва дар сари қабри гузаштагонашон дуои хайр мекарданд. Вале теъдоде аз мардум, ки як рӯз қабл аз ид бар сари оромгоҳи гузаштагон дуо карда буданд, барои табрик гуфтани ид ва дуои хайр ба манзили дӯстону ҳамсоягон ташриф меоварданд.
Мардуме, ки шароити беҳтари зиндагӣ доштанд, пас аз адои намоз яке аз воҷиботи ислом, яъне қурбониро анҷом медоданд. Ва аз гӯшти чаҳорпои забҳшуда барои меҳмонон ғизо таҳия карда, қисме аз онро ба ниёзмандон медоданд. Аммо атфол, ба истилоҳ, ҳанӯз чашми рӯз накафида, дари манзили мардумро мекӯфтанд ва идро табрик мегуфтанд ва идона мехостанд.
Ин дар ҳолест, ки миллионҳо нафар зоирин дар Маккаи мукаррама баъд аз задани санг ба шайтони рамзӣ ин рӯзро ид мекунанд. Аз Тоҷикистон имсол ҳудуди панҷуним ҳазор дар маросими Ҳаҷ ширкат доранд.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад

Иди Қурбон, яке аз ду иди муқаддаси мусулмонҳост, ки аз соли 1990 ба ин сӯ бо шукӯҳи хос дар Тоҷикистон таҷлил мешавад ва дар ин рӯз тамоми коргоҳҳои кишвар дари худро мебанданд.
Дар ҳафтод соли мавҷудияти ҳукумати Шӯравӣ таҷлили ин ид ба унвони иди мазҳабӣ мамнӯъ буд. Вале руҳониёни тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди мухолифатҳову муборизаҳои шадид коммунистҳои собиқ муваффақ нашуданд, ки монеъи таҷлил аз идҳои Рамазон ва Қурбон гарданд.
Ин аст, ки ҳамасола раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар остонаи таҷлил аз ду иди муқаддас барои мусалмонҳо аз тариқи телевизион бар мардуми худ паём медиҳад ва онҳоро ба ин рӯз табрик мегӯяд. Агарчӣ дар намзҳои рӯзи ҷумъа ва ё панҷвақта дар масоҷиди Тоҷикистон дидани ягон маснсабдори тоҷик амри маҳол аст, вале дар намози идҳои Рамазону Қурбон намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок ва ҳам суханронӣ мекунанд.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар як паёми телевизионии худ сокини мусалмони кишварро ба Иди Қурбон табрик ва дар ин паёми худ бештар рӯи тарбияи насли наврас тамаркуз намуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, "пешрафти ҷомеа, тараққӣ ва шукуфоии миллат ба тарбияи солим ва таълими дуруст вобаста аст."
Ҳамчунин, оқои Раҳмон аз афроди доро дар кишвар даъват кард, ки дар лаҳзаҳои мушкил барои афроди нодору камбизоат кумаки худро дареғ надоранд. Ба қавли ӯ, "сарватманде, ки ба афроди камбизоат кумаки молӣ мекунад, пеш аз ҳама ризои Худовандро ба даст меорад ва як зина ба сӯи камолоти маънавӣ боло меравад.”