Иттиҳоди Аврупо таҳримҳояш алайҳи афроди наздик ба режимҳои ҳокими Беларус ва Эронро дар посух ба саркӯби ҷунбишҳои мухолиф ва нақзи ҳуқуқи инсон густариш дод.
Дар ҳамоиши Люксембург вазирони умури хориҷии эътилоф 16 нафарро ба феҳрасти
192 нафари Беларус шомил карданд, ки сафари онҳо ба Иттиҳоди Аврупо манъ ва дороияшон дар кишварҳои узви иттиҳод ба ҳабс гирифта хоҳад шуд. Аксари онҳо додрасоне ҳастанд, ки шаҳрвандонро барои эътирозашон аз режим пас аз интихоботи доғдори президентии моҳи декабр маҳкум кардаанд. Таври маълум даҳҳо фаъоли мухолифи давлати раисиҷумҳур Аляксандр Лукашенка, аз ҷумла рақибони вай дар ин интихобот барои мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гаштаанд, чун бо эътироз аз шумориши, ба гуфтаи онҳо дастхӯрдаи раъйҳо дар хиёбонҳо тазоҳурот бапо карданд.
Вазири умури хориҷии Олмон, Гвидо Вестервелле мегӯяд: “Тарзи муносибати ҳукумати Беларус ба мухолифон, фишоре, ки мо мебинем, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест ва муҳим аст, ки Иттиҳоди Аврупо якдилона ва бо эътиқоди комил амал кунад.”
Вазирони умури хориҷии 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо мӯҳлати ин ва таҳримҳои пешинаи зидди Лукашенкаро ба як соли дигар, яъне то моҳи октябри соли оянда дароз карданд. Чунин тасмимгирӣ барояшон аз он лиҳоз осон буд, ки ҳайати Беларус ҳамоиши Коршарикии Шарқии Иттиҳоди Аврупоро бойкот ва аз ширкат дар он сарпечӣ кард. Минск ташкилкунандаи ҳамоиш – Лаҳистонро ба он айбдор кард, ки шахсан президент Аляксандр Лукашенкаро ба ин ҳамоиш даъват накардааст.
Вазирони Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин 29 номи навро ба феҳрасти эрониёни дилнохоҳи Аврупо ворид намуда, теъдоди исмҳоро дар ин номгӯ ба 61 адад расонданд.
Раҳбари сиёсати хориҷии Британия Вилём Ҳейг дар Люксембург ба хабарнигорон гуфт, кишварҳои иттиҳод бояд фишор ба Эронро афзоиш диҳанд, то дар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон равиши нармтар дар пеш гирад. Таҳримҳо боз ҳам ашхосеро ҳадаф қарор додаанд, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон дар Эрон даст доранд.
Вале оё амалан таъсири чунин таҳримҳо чист? Бо ин суол ба сухангӯи Маъракаи ҳуқуқи башари Эрон дар Ню Йорк, Ҳодии Қоимӣ руҷӯъ кардем.
Вай гуфт: “Таъсири аввалия ин аст, ки ин афрод шинохта мешаванд ва ҳам ҳукумату ҳам худашон медонанд, ки ҷаҳон аз нақши васеи онҳо дар нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон огоҳ аст ва онҳо ба унвони як ҷинояткор шинохта шудаанд ва ҷаҳон аз сафари онҳо ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё ҳар робитаи молии онҳо дар ин кишварҳо ҷилавгирӣ мекунад. Ва ҳатто агар рамзӣ ҳам бошаду ин афрод ҳаргиз ба фикри сафар ё анҷоми иқдомоти молӣ набошанд, дар ин ҳам бояд шак кард, аммо паёме, ки ба ҳукумати Эрон расонда мешавад, бисёр муҳим аст ва хоҳанд донист, ки ин гуна таҳримҳо ва феҳрастҳои сиёҳ идома хоҳанд дошт ва иқдомоти онҳо аз чашми ҷаҳониён пӯшида нахоҳад монд.”
Бо вуҷуди ин рӯҳбаландияш, ҷаноби Қоимӣ инро эътироф кард, ки дар бархе аз мавридҳо, таҳримҳо муроот намешаванд ва вазири нафти Эрон, ки номаш дар феҳрасти сиёҳ мавҷуд аст, ахиран барои ширкат дар нишасти созмони кишварҳои тавлидкунандаи нафт ё ОПЕК дар Австрия раводиди сафар дарёфт кард. Биноан, созмонҳои ҳуқуқи башари Эрон аз мақомоти Иттиҳоди Аврупо хостаанд, иҷрои комили таҳримҳоро таъмин намояд ва чунин барномаҳо ҳукумати ҷумҳурии исломиро ҳадаф қарор додаву ба мардуми одии Эрон таъсир надошта бошанд.

Паёме, ки ба ҳукумати Эрон расонда мешавад, бисёр муҳим аст ва хоҳанд донист, ки иқдомоти онҳо аз чашми ҷаҳониён пӯшида нахоҳад монд...