Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо дар талоши раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ


Олмон ва Фаронса тааҳҳуд намуданд ба зудӣ барномаеро барои ҳал намудани мушкили молӣ дар Аврупо муаррифӣ кунанд.

Раҳбарони Олмон ва Фаронса рӯзи якшанбеи 9-уми октябр тааҳҳуд намуданд то поёни ин моҳ барномаи ҳамаҷонибаро барои коҳиши бӯҳрони қарзӣ дар кишварҳое, ки аз евро ба ҳайси воҳиди пул истифода мекунанд, тартиб диҳанд.

Ҷузёияти бештар дар замина дода нашудааст. Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ва Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса дирӯз баъд аз музокироташон дар Берлин эълом карданд, ки ҳадафи онҳо дарёфти як ҳалли доимӣ барои бӯҳрони ҷории молӣ дар Юнон мебошад ва тавофуқ намуданд, ки чигуна сармояи бонкҳо афзоиш ёбад ва дар иҷлоси кишварҳои G-8, ки дар моҳи ноябр дар шаҳри Канни Фаронса доир мешавад, барномаашонро барои беҳбуди иқтисоди минтақаи евро пешкаш кунад.

Саркозӣ дар як конфронси хабарӣ гуфт: «Мо инро медонем, ки бахши аъзами масъулият мутаваҷҷеҳи Фаронса ва Олмон аст. Пас зарур аст, ки мо барномаҳои васеъ ва собитро матраҳ намоем.»

Оқои Саркозӣ афзуд, мо тасмим гирифтаем дар ин маврид иқдоми ҷиддӣ намоем то дар иҷлоси Канн дар моҳи ноябр мавзӯъ ҳал гардад. Қарор аст раиси ҷумҳури Фаронса раёсати иҷлоси Каннро ба ӯҳда дошта бошад.

Бо вуҷуди он, ки раҳбарони Фаронса ва Олмон тавофуқ намудаанд, мавзӯи бӯҳрони иқтисодӣ дар минтақаи евроро ҳал кунанд, вале таҷрибаҳои ду соли гузашта нишон доданд, ки дар чунин вақти кӯтоҳ ин масъала наметавонад ҳал шавад ва Фаронса ва Олмон нахоҳанд тавонист дар ин маврид тавофуқи 15 кишвари дигари минтақаи евроро дар чунин вақти кӯтоҳ ба даст биёранд.

Бо вуҷуди он, ки ду раҳбар аз ибрози ҷузъиёти барномаашон худдорӣ карданд, вале Саркозӣ гуфт: «Вай ва хонум Меркел дар мавриди афзоиши сармояи бонкҳо комилан тавофуқ доранд.»

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Олмон ва Фаронса қаблан гуфта буданд, Берлин ва Порис дар ин маврид ихтилофи назар доранд. Фаронса ва Олмон, ки ду иқтисоди баланди минтақаи евро мебошанд, дар ин авохир барои ҳалли ҷанҷоли молӣ дар ин минтақа, мавриди фишор қарор доштанд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи гузашта бӯҳрони ҷорӣ дар минтақаи евроро барои иқтисоди Амрико носолим хонд ва аз Аврупо хост ин мушкилро ба зудӣ ҳал кунанд.

Роберт Зеллик, раиси Бонки Ҷаҳонӣ ба расонаҳои Олмон гуфтааст, Аврупо бо адами мавҷудияти як дурнамо рӯбарӯ аст ва Олмон бояд инро собит созад, ки нақши раҳбариро дорад. Юнон, ки аз кишварҳои минтақаи евро аст, гуфтааст агар то миёнаҳои моҳи ноябр, Кумиссиюни Аврупо, Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки марказии Апрупо ба он кишвар кӯмаки молӣ накунанд, Афина нахоҳад натавонист аз ӯҳдаи пардохтҳо бадар ояд.
XS
SM
MD
LG