Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳогузории кредитӣ – силоҳи зидди фасод дар маориф?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба ақидаи бархе аз коршиносон, фасод монеаи муаррифии низоми нави баҳогузорӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Дар оғози соли таҳсил ва Рӯзи дониш ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки низоми таълими кредитӣ ё тестиро барои мактабҳои миёнаи Тоҷикистон муҳим медонад. Ин низом, ки аз як сӯ ҳамкории омӯзгору донишҷӯро фаъолтар ва наздиктар мекунад, ҳамзамон ба ҳузури
Ҳоло донишгоҳҳое, ки ба системаи таълими кредитӣ гузаштаанд, ин шакли имтиҳон ва қабулро напазируфтаанд ва донишу омодагии довталабони таҳсилро ба ҳамон усули маъмулӣ озмоиш мекунанд...

омӯзгор дар ҷараёни арзёбии дониши шогирд иҷоза намедиҳад. Ҳоло дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон шакли нопурраи ин низом мавриди озмоиш қарор дорад.

Дар сатҳи макотиби ҳамагонии Тоҷикистон бошад ба ҷуз чанд литсейи хусусӣ, ки он ҳам на системаи таълими кредитӣ, балки низоми сунҷишӣ ё худ тестӣ ҷорӣ кардаанд, мегӯянд, ба низоми нав бартарӣ медиҳанд.

"БА ФОИДАИ КОР АСТ"

Ноилшоҳ Нуралиев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2020, вақте ки кишвар ба системаи таълими 12-солаи мактабҳои ҳамагонӣ мегузарад, танҳо дар он вақт зарурати муаррифии баҳогузории кредитӣ дар мактабҳои миёни Тоҷикистон пеш хоҳад омад. Аммо ҷаноби Нуралиев афзуд, мактабҳои олии Тоҷикистон дар соли 2015 пурра ба системаи таълими кредитӣ хоҳанд гузашт ва ба қавли вай, ин таҷриба нишон додааст, ки агар ин система дар мактабҳои миёна ҷорӣ шавад ба суди соҳаи таълиму парвариши кишвар мебошад: "Ин, албатта, ба фоидаи кор аст ва ин ситемаи таълим масъулияти муаллимро бештар мекунад. Ҳамчунин ин система водор мекунад, ки муаллим аз пайи манбаъҳои иловагии таълим ва васоити аёнӣ барои ҳалли мавзӯъҳо шавад."

Ба хотири ҷорӣ намудани системаи кредитӣ дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон созмонҳои байналмилалӣ ҳамроҳ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон семинарҳо ва давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунанд.

БАҲОГУЗОРИИ КРЕДИТӢ ДАР ЛИТСЕЙҲОИ ХУСУСӢ

Сайфулло Муллоҷонов, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки дар як семинари чандрӯзаи Бунёди Сорос дар масъалаи системаи баҳогузории кредитӣ ширкат доштааст, мегӯяд, баъзе литсейҳои хусусӣ марказҳои баҳогузории тестӣ ё санҷиширо таъсис кардаанд, ки аз натиҷаи кори он ҳам омӯзгорон ва ҳам шогирдҳо розӣ ҳастанд.

Ба ақидаи ӯ, ин низом дар муассисаҳои ғайридавлатии таълимӣ бартариҳои худро ба намоиш гузошт: "Азбаски литсейҳои шахсӣ худашон дониши шогирдҳоро натиҷагирӣ мекунанд ва вобаста ба он маоши муаллимонро каму зиёд мекунанд, ба масъала ҷиддан бархӯрд намуданд. Тариқи гузаронидани тестҳо ва тарзи омода кардани суолҳо ва назорати онҳоро ҷиддӣ гирифтанд. Бовар дорам, ки ин система барои соҳаи омӯзишу парвариш дар мактабҳои таҳсили ҳамагонӣ ва куллан низоми маорифи кишвар муфид аст."

Ҷаноби Муллоҷонов меафзояд, марказҳои тестӣ дар назди литсейҳо мустақил буда, аз муаллимон танҳо суолҳоро қабул мекунанд ва бидуни ширкати муаллим аз хонандаҳо санҷиш мегиранд ва ба онҳо хол ё балл мегузоранд. Ин як имтиҳони хеле ҷиддии кори ҳам омӯзгор ва ҳам донишомӯз аст. Ва агар муаллимон дар ҷараёни имтиҳон ширкат кунанд, табъан, аз рӯи шиносоӣ бо шогирдҳо шояд ба дониши онҳо баҳои мунсифона нагузоранд.

2, 3, 4, 5 ё 60, 80, 100?

Вале оё ин баҳо, ки мунсифонатар дониста мешавад, дар мактабҳои олии Тоҷикистон ба эътибор гирифта мешавад? Коршиносон дар посух мегӯянд, ҳоло донишгоҳҳое, ки ба системаи таълими кредитӣ гузаштаанд, ин шакли имтиҳон ва қабулро напазируфтаанд ва донишу омодагии довталабони таҳсилро ба ҳамон усули маъмулӣ озмоиш мекунанд.

Мудирони литсейҳои шахсӣ маҷбур мешаванд, ки балли талабаро дигарбора ба баҳои маъмулии “4”, “3”, “5”ва монанди инҳо табдил дода, дар Номаи камол ё Аттестатсияи маълумоти миёна ишора мекунанд. Масалан, агар холҳои гирифтаи шогирд дар имтиҳони кредитӣ ба 80 баробар бошад, онро ба баҳои “4” иваз мекунанд ва агар 100 бошад онро ба баҳои “5” табдил медиҳанд. Ин табодул гумон аст, донишу омодагии имтиҳондиҳандаро ба шакли дақиқ бозтоб диҳад.

Сайидмоҳ Мирзоалиева, омӯзгори мактаби миёнаи таҳсили ҳамагонӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мегӯяд, ки аз ҷорӣ шудани системаи таълими кредитӣ дар литсейҳои хусусӣ ва донишгоҳҳои олии кишвар огаҳӣ дорад, вале чунин низом ҳанӯз ба мактабҳои ҳамагонӣ пешниҳод нашудааст: "Агар Вазорати маориф ҳарчӣ зудтар ин системаро дар макотиби ҳамагонӣ ҷорӣ мекард, беҳтар буд, зеро шогирдҳо вақте ба мактабҳои олӣ мераванд, аллакай аз ин система ва нозукиҳои он огоҳӣ медоштанд."

НОҲАМОҲАНГӢ

Дар акси ҳол, ба ақидаи Сайидмоҳ як ноҳамоҳангӣ ва харҷу марҷе байни ду бахши таҳсил ба миён афтодааст. Аммо дар посух ба ин Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир имкони ҷорӣ кардани ин система дар мактабҳои миёна вуҷуд надорад. Дар ҳоле ки иллатҳоро фаннӣ ва “маърифатӣ” меноманд, чӣ будани ин илал ба таври дақиқ шарҳ дода намешавад. Масъулон фақат ба он ишора мекунанд, ки барои ҷорӣ кардани низоми ҷаҳонии баҳогузорӣ, ки маънии тағйири низоми таълимро низ дорад, маблағи ҳангуфт лозим аст. Аз ҷумла, бояд тамоми мактабҳои миёнаи таҳсили ҳамагонӣ бо компутер ва хатти интернет таъмин шаванд.

Ҳоло барои ба таври комил ҷорӣ кардани системаи баҳогузории кредитӣ ва бо роҳнамоиву пуштибонии молии созмонҳои байналмилалӣ маркази миллии тестгирӣ таъсис ёфтааст, ки имтиҳону санҷишҳо анҷом медиҳад.

ДУБОРА ФАСОДРО БЕШТАР МЕКУНАД?

Сангин Гулов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, бидуни ин маркази миллии тестӣ санҷишҳое, ки дар доираи таълими кредитӣ дар донишгоҳҳои олӣ сурат мегиранд, дубора фасоду ришватро бештар кардааст. Биноан, меафзояд ӯ, фароянди муаррифии ситемаи кредитӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибонӣ намешавад.

Ба ин тартиб, ҳанӯз ҳамаи ҷанбаъҳои низоми нави таълим ва баҳогузорӣ ба таври комил омӯхта нашудааст, аммо ба навъе озмоиши система идома дорад ва ин ҳам рӯшан нест, ки натиҷаҳои ин озмоиш оё баррасӣ хоҳанд шуд ва рӯи ояндаи он дар Тоҷикистон, бахусус мубориза бо фасод дар риштаи маориф таъсире хоҳад дошт ё хайр.
XS
SM
MD
LG