Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазони "сахт"-и ҷаҳони Ислом


Ҷаҳони ислом ба сурати умум имсол дар як шароити ҳамоно ҳассосу ҳамроҳ бо ҷангу ҷӯш, вале боз ҳам дар муқоиса бо солҳои қаблӣ фарқкунанда, вориди моҳи шарифи Рамазон мешавад.

Моҳи Рамазон имсол ба дунболи мавҷи инқилобҳое мерасад, ки аз аввали соли равони масеҳӣ кишварҳои арабии Ховари Миёна ва шимоли Африқоро фаро гирифт, чанде аз ҳокимони худкома ва дарозумри ин қаламравро аз тахт барафканд ва умеди ину боқии
Дар Афғонистону Покистон, ки Рамазонҳои ин ду кишвар ҳамеша ҳамроҳ бо мавҷи камнашавандаи ҳамлаҳои маргталабонаву таркишҳо ва шабехунҳо мегузарад, кам касе бар ин бовар аст, ки Рамазони имсола аз ин ҷумла истисно шавад...

ҳокимони ҷаҳони Исломро, ки орзуи ба пайвандони худ ба мерос гузоштани ин тахтҳои раёсати пуримтиёзу пурсудро дар дил доштанд, замин кард.

Ин инқилобҳо нишон дод, ки ҷаҳони Ислом обастани таҳаввулоти азим ва азмҳои қотеъ барои эҳдоси бинои ҷомеаҳои озодтар дар ин бахши дунёст, ки тайи даҳсолаҳо ҳукмаш ба дасти ҳокимони худкома ва худхоҳ уфтода буд.

Дар Мисру Тунис алакай суқути режимҳои ҳокими Ҳуснӣ Муборак ва Зайналобуддин Бин Алӣ ба мардум муяссар шуд ва сӯҳбат акнун аз мурофиаи ин ҳокимони собиқ меравад, ки додгоҳи Бин Алӣ дар чанд рӯзи пеш аз оғози Рамазон бо судури 16 сол ҳукми ӯ такмил шуд ва мурофиаи Муборак бояд дар рӯзи севвуми Рамазон шурӯъ шавад.

Ин аст, ки эътирозгароне, ки бо талаби ислоҳоти зудтару сареътар ба майдони Таҳрири Қоҳира, маркази эътирозҳои зидди Муборак баргашта буданд, эълон карданд, ки аз идомаи эътирози худ ба далели расидани Рамазон таътил мегиранд ва танҳо пас аз иди Фитр ба ин майдон бар хоҳанд гашт.

Аммо чунин таътил дар кишварҳои дигари мусулмоние, ки ҳамчунон дар панҷаи ҷангу ҷӯш ва мавҷи эътирозҳо қарор доранд, чун Яману Сурияву Либия ё Афғонистону Покистон, хеле ва хеле баъид менамояд.

Тонкҳои артиши Сурия рӯзи якшанбе, ҳамагӣ як рӯз қабл аз фарорасии Рамазон баъд аз як моҳи муҳосира вориди шаҳри ошӯбзадаи Ҳамо, як маркази умдаи эътирозҳои алайҳи режими Башшор Асад шуданд. Алакай дар рӯзи аввал аз Ҳамо дар бораи ҳалокати 45 тани дигар гузориш расид. Ба эҳтимоли ғолиб, Сурия ва
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ
бахусус шарҳҳои пурошӯбаш, назири Ҳамоу Хумс ва Дайр-ал-Зорро Рамазони сахту ҳамроҳ бо рӯёрӯиҳову хунрезиҳое дар пеш аст.

Ҳамин тавр баъид менамояд, ки раисиҷумҳури сарсахт ва баъди ҷароҳат бардоштанаш ба баҳонаи табобат ба Арабистони Саудӣ рафтаи Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ билохира дар ин моҳи Рамазон ба талаби мухолифини худ тан дода, баъд аз 32 соли ҳукумат бар ин фақиртарин кишвари арабӣ аз мақом биравад.

Эҳтимоли аз идомаи рӯёрӯиҳо бо чирикиҳои мухолифи режимаш даст бардоштани ҳокими худхоҳи Либия Муаммар Қаззофӣ низ аз ноҳияи ҳадсу гумонҳои боварнокарданист.

Дар Афғонистону Покистон ҳам, ки чанд сол боз ба саҳнаҳои асосии набарди ҷангиёни исломӣ бо нерӯҳои хориҷиву дохилӣ табдил ёфтаанд ва Рамазонҳои ин ду кишвар ҳамеша ҳамроҳ бо мавҷи камнашавандаи ҳамлаҳои маргталабонаву таркишҳо ва шабехунҳо мегузарад, кам касе бар ин бовар аст, ки Рамазони имсола аз ин ҷумла истисно шавад.

Албатта, адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди кулли артиши Амрико, ки дар арафаи Рамазон аз Афғонистон боздид мекард, изҳори умед кардааст, ки раҳбарони Толибон барои як моҳи Рамазон ҷангиёнашонро дар Афғонистон монда, ба паноҳгоҳҳои худ ба Покистон бармегарданд ва шояд ба ин далел шиддати набардҳо дар ин кишвари ҷангзада дар ин моҳ як каме коҳиш биёбад.

Вале дуруст дар арафаи Рамазон бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, 10 афсари пулис ва як кӯдак кушта ва 12 тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар ӯҳда гирифт. Аломате ки метавонад умедвории мақомоти низомии Амрико ба эҳтимоли таътил дар ҷанги Афғонистон барои моҳи Рамазонро ботил кунад.
XS
SM
MD
LG