Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро сарбозон аз хидмат мегурезанд?


Додситонии низомии вилояти Хатлон алайҳи 16 сарбоз ба иттиҳоми фирор аз маҳалли хизмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Маҳмудалӣ Алимардонов, додситони низомии минтақа, мегӯяд, тафтиши парвандаи 6 нафар аз сарбозон ба итмом расида, барои баррасӣ ба додгоҳи ҳарбии Хатлон ирсол шудааст. Ин 16 аскар дар фирор ва сарпечӣ аз хизмат дар артиши миллӣ муттаҳам мешаванд, ки бахши аъзами онҳо аз бинои комиссариатҳои ҳарбӣ гурехтаанд, яъне ҳанӯз ба воҳидҳои низомӣ норасида.

ЧАРО САРБОЗОН ФИРОР МЕКУНАНД?

Тафтиши 10 парвандаи дигар идома дорад ва 10 сарбози фирорӣ дар пайгард қарор доштаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Алимардонов, афроди муттаҳам, ғолибан, ҳоло дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, зеро ҷустуҷӯи онҳо дар маҳалли зисташон ва дохили кишвар бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Маҳмудалӣ Алимардонов, додситони низомии Хатлон
Додситони низомии минтақа дар шарҳи сабабҳои эҳтимолии фирори наваскарони артиши миллӣ гуфт: «Албатта, худатон ҳам мефаҳмед, ки бесабаб ягон кас аз маҳалли хизмати низомияш фирор намекунад. Ҳаст ҳолатҳое, ки ба ҳама маълум аст. Аз тарафи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои минтақа бештар ҷавонони то 18-сола ба артиш даъват мешаванд. Аксари ин ҷавонон то 18-солагиашон мустақилона зиндагӣ накардаанд, дар кору рӯзгорашон вобастаи волидон ва дигар ақрабояшон ҳастанд. Аз ин рӯ, вақте ба воҳиди низомӣ меоянд, вақте бо командиронашон вомехӯранд, ба тартибу низом ва қоидаҳои ҳарбӣ тоқат намекунанд. Ҳамин хел таҳлилҳо гузаронидаем, ки бо сабабҳои оддӣ сарбозон мегурезанд. Як моҳ нагузашта, «падару модарамро пазмон шудам» гуфта, маҳалли хизмати ҳарбиро худсарона тарк мекунанд. Албатта, сабаби аз ҳама ташвишовараш - дар байни сарбозон вуҷуд доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ. Барои ҳамин ҳам чандин сарбоз фирор кардаанд аз артиш. Мо барои пешгирӣ аз чунин муносиботи ғайриоинномавӣ кор карда истодаем, баъзе мавридҳоро тафтиш карда истодаем...»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли манобеъи наздик ба додситонӣ, аксари сарбозоне, ки аз хидмат фирор карданд, иҷборан, ба воситаи «облава», ба комисариатҳои ҳарбӣ оварда шуда буданд. Некрӯз, номи шартии як сарбозест, ки дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Озодӣ гуфт, муносиботи ғайриоинномавӣ ё ба истилоҳи маъмул, вуҷуди «дедовшина» ва бархӯрди афсарон, ӯро водор кардааст, то аз хидмат дар артиш бигурезад.

ПАЁМАДҲОИ НОХУШИ ХИЗМАТИ ИҶБОРӢ

Муҳаббат Мирзораҳимова, коршинои маҳаллӣ аз Қӯрғонтеппа, мегӯяд, иҷборан ба хизмати низомӣ сафарбар кардани ҷавонон метавонад паёмадҳои нохуше ба думбол
Муҳаббат Мирзораҳимова, коршиноcи маҳаллӣ

дошта бошад. Ба назари ӯ, эҳсоси тарсу шубҳа ва ноамнӣ дар воҳидҳои низомии кишвар ҷавононро аз адои хизмати аскарӣ дилсард кардааст: «Як чизи маъмулӣ шудааст облава, мутаассифона. Аз кӯчаву хона дошта мебаранд. Ҷавононро аз пеши волидонашон кашола карда мебаранд ба артиш, албатта, падару модарон фикр мекунанд, ки агар дар пеши онҳо бо фарзандашон муносибати хуб намекунанд, дар артиш ҳоли сарбозон хеле сахт аст. Бахусус, баъди ҳодисаи Рашт, ки даҳҳо сарбоз кушта шуданд, бисёр волидон фарзандонашонро ба мардикорӣ, ба Русия фиристоданд, то иҷборан ба хизмати ҳарбӣ бурда нашаванд…»

"ОБЛАВА" ВА "ДЕДОВШИНА"


Вале ба истилоҳ, «облава»-ю «дедовшина» дар артиши миллӣ сабабҳои ягонаи фирори сарбозон аз хизмати низомӣ набудааст. Ба гуфтаи Далер Шарифов, ҷавони 24-сола аз Қӯрғонтеппа, таъмини ғизо ва шароити будубош дар воҳидҳои ҳарбии минтақа мувофиқ ба талабот нест, биноан, танҳо ҷавонони деҳот ва «бесарпаноҳ» ба аскарӣ ҷалб
Далер Шарифов

мешаванд: «Дар артиш ғизои хуб ва шароити дурусти хобу хез вуҷуд надорад. Агар вазъияту шароит дар қувваҳои мусаллаҳ беҳтар шавад, корҳои таблиғотӣ бештар гардад, муносибати комиссариатҳои ҳарбӣ ба фарзандони чӣ сарватмандону чӣ кишоварзон якхела шавад, ҳама ҷавонон ба сафи артиши миллӣ мепайванданд…»

ХИЗМАТИ ИҶБОРӢ Ё АЛТЕРНАТИВӢ?


Ин вазъ дар ҳолест, ки ахиран бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ мавзӯи хизмати алтернативӣ дар артишро матраҳ кардаанд. Ҳамчунин дар расонаҳои хабарӣ дар мавриди хизмати ҳарбии шартномавӣ ва поин бурдани мӯҳлати адои хизмати низомӣ аз 2 ба 1 сол пешниҳодҳо ироа мешаванд. Ба иддаои коршиносон, агар ин пешниҳодот аз сӯйи давлат пазируфта шаванд, мушкилоти фаровони артиши миллӣ роҳҳал пайдо карда, ҳамзамон шумораи сарбозони фирорӣ коҳиш ёфта, теъдоди ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба артиш мепайванданд, бамаротиб хоҳад афзуд.

Вале додситонии низомии минтақаи Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар сурати боздошти сарбозони фирорӣ, онҳо ба муҷозот кашида шуда, ба сифати ҷазои изофӣ - дубора ба воҳидҳои низомии кишвар барои адои хизмати аскарӣ сафарбар хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG