Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯнамоӣ аз китоби "Меъмори истиқлоли Тоҷикистон"


Рӯнамоӣ аз китоби "Меъмори истиқлоли Тоҷикистон" мисли тамоми зиндагии Тоҳири Абдуҷаббор хоксорона буд.

Ин маҳфил, ки бо ибтикори идораи нашрияи "СССР" дар муҷтамаи "Шарқи Озод" доир шуд, бо ҳамин маънӣ оғоз шуд, ки Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони муаллифи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон шоистаи таҷлил ва гиромидошти арзандатаре, баробар ба арзиши худи истиқлол аст.



Аммо "Меъмори истиқлоли Тоҷикистон" маҷмӯи назар ва дидгоҳҳои Тоҳири Абдуҷаббор ба иҷтимоъ, иқтисод, фарҳанг, сиёсати Тоҷикистон аст. Дар ин маҷмӯа мақолаҳое низ ҷой ёфтаанд, ки барои аввалин бор пешкаши хонанда мешаванд.

"ШАХСИЯТИ ВАТАНДӮСТ ВА МИЛЛАТДӮСТӢ ҲАҚИҚӢ БУД"

Дар бахши дигаре аз ин китоб, мақола ва назарҳои чеҳраҳои барҷастаи фарҳанг ва сиёсати Тоҷикистон роҷеъ ба ҷойгоҳ ва
Шодӣ Шабдолов

шахсияти Тоҳири Абуҷаббор ҷой дода шудаст. Шодӣ Шабдолов, аз раҳбарони вақти Тоҷикистон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз Тоҳири Абдуҷаббор рӯшанфикри донишманд ва сиёсатмадори таҳаммулпазир ёд карда ва афзудааст, «ману ӯ мавқеи сиёсии аз ҳамдигар мутафовит доштем, бо ҳам баҳс мекардем, аммо хусусияти барҷастаи ӯ ин буд, ки ҳаргиз сухани дуруште нагуфта буд ва ба ҳисси инсонии ман захме ворид накарда буд. Суханони ӯ ҳама дар суратҷаласаҳои Шӯрои Олӣ маҳфуз аст. Он вақт ман котиби КМ ҲКТ будам ва хислати дигараш он буд, ки боре ҳам талоши вазифа накарда буд. Як шахсияти ватандӯст ва миллатдӯсти ҳақиқӣ буд.»

Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди тоҷик низ навиштааст, ки Тоҳири Абдуҷаббор дар ҳаракатҳои миллӣ ва озодихоҳии Тоҷикистон нақши муҳимтаринро дорад. Аз ҷумла афзудааст:
Муҳаммадҷон Шакурӣ
«Дар он замони норомӣ ва гирудорҳо ҳар кас сухан мегуфт ва даъво пеш меовард, пешвоёне буданд, ки суханҳои нопухта ҳам гуфтанд. Аммо пухтатарин суханонро Тоҳири Абдуҷаббор гуфтааст. Ӯ ҳаргиз саросемавор, нопухта ва носавоб сухане нагуфтааст, на дар маҷлис, дар минтиг ва на дар ҷои дигаре. Танҳо касе, барномаи мусбат ва оянданигарӣ дошт, Тоҳири Абдуҷаббор буд.»

ГАНДИИ ТОҶИКИСТОН

Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик ҳам дар ин маҷмӯъа менависад, ки имрӯз барномаҳои бист соли пеши Тоҳири Абдуҷаббор амалӣ мешавад, ҳукумат бар асоси онҳо кор мекунад. Ӯ аз Тоҳири Абдуҷаббор чун намунаи олии як зиёии тоҷик ёд карда ва гуфтааст, ки «Ҳаракати Тоҳир замонавӣ, олимона, орифона ва тоҷикона буд ва ҳамин тавр ҳам зист ва мубориза кард. Қаноат аз Тоҳири
Муъмин Қаноат

Абдуҷаббор ба унвони Гандии Тоҷикистон ёд карда ва гуфтааст, андешаҳои ӯ ба пояи мактаби хирадгароии Гандӣ ва Иқбол асос ёфта буд.»

Нуралӣ Давлат, таърихдони тоҷик мегӯяд, ки аксари идеяҳои Тоҳири Абдуҷаббор ба навъе корбаст шуд, ҳоло агар ба хубӣ ё бадӣ онҳоро амалӣ карданд. Ва акнун набуди ӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба сароҳат эҳсос мешавад. Оқои Абдуҷаббор шахсияте буд, ки то охири зиндагии худ, ба унвони як хостгоҳи андеша ва идея боқӣ монда буд. Охирин пешниҳоди ӯ моли истисноии Тоҷикистон эълон шудани нерӯгоҳи «Роғун» ва корхонаи бузурги алюминиюм буд.

Нуралӣ Давлат мегӯяд: «Идеяи дигар ҳам намонд. Ҳамаи он идеяҳое, ки "Растохез" пешниҳод карда буд, тамом шуд. Ӯ пешниҳоди Роғун ва Алюминзаводро моли истисноии Тоҷикистон эълон карданро дода буд, Он амалӣ шуд, аммо ин ҷо манфиатҳои дигаре ҳам буд. Ба нафъи миллат амалӣ нашуд.»

"Меъмори истиқлоли Тоҷикистон"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00


Аммо акнун ҳукумати Тоҷикистон ба навъе аз бунбастҳои фикрӣ расидаст. Ҳарчанд ҳукуматдорони имрӯз намехоҳанд эътироф кунанд, аммо аксари барномаҳои давлат бар асоси тарҳҳое рехта шудаанд, ки рӯшанфикрони тоҷик ва хоса Тоҳири Абдуҷаббор солҳо қабл пешниҳод мекарданд ва он ҳамагӣ мустанад аст.

ОРӢ АЗ ДУ ҶАБҲАИ ҶАНГ

Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҷунбиши озодихоҳӣ дар Тоҷикистон буд, аммо баъди оғози даргириҳо ва ҷанги дохилӣ ба ҳеҷ тарафи муқовимат напайваст. Агарчанд бисёре аз ҳамроҳонаш он замон аз ин иқдоми ӯ нороҳат буданд, аммо акнун мегӯянд, ки дарёфтаанд, ки ӯ медонистааст, ки ба унвони нависандаи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон ҳаққи дар як тарафи ҷанги дохилӣ қарор гирифтанро надорад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири «Наҷот» ва аз аъзои фаъоли «Растохез» мегӯяд: «Вақте мо ба сулҳу мусолиҳа
Ҳикматулло Сайфуллозода
расидем, зоҳир шуд ӯ воқеан шахсияти раванда ба ин гуна роҳҳои хушунатӣ набудааст. Барои ӯ тасаввурнопазир буд, ки оё воқеан ин мардум мехоҳад ҷанг кунад. Аммо дар сӯҳбатҳои баъдӣ ошкоро гуфт, ки агарчи он барномаҳое, ки дошт, дар замонаш амалӣ нашуд, вале ба василаҳои дигаре амалӣ гардиданд.»

ШАХСИЯТИ ИСТИСНОИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳобиддини Фаррухёр, нависандаи эронӣ, ки ба унвони хабарнигор дар 20 соли пеш шоҳиди таҳаввулоти Тоҷикистон буд, мегӯяд, ки Тоҳири Абдуҷаббор як шахсияти истисноии Тоҷикистони муосир буд.

Шоираи тоҷик Норинисо низ дар ин маҳфил гуфт, Тоҳири Абдуҷабборро боре дар Эрон мулоқоти кӯтоҳ кардааст, аммо шахсияти мунҳасир ба фарди ӯ боиси таровидани шеъре аз нӯги қалами шоир шудааст, ки мақтааш ин аст:

Барои он, ки бошад халқи ин сайёра осуда,
Зи фарзандони одам бо фаросат пир мехоҳад.


"АБДУҶАББОР ПЕШТАР АЗ ЗАМОНИ ХУД ЗИНДАГӢ МЕКАРД"

Акбари Саттор, раиси ИЖ Тоҷикистон низ гуфт, Тоҳири Абдуҷаббор пештар аз замони худ зиндагӣ мекард: «Шояд дар замони худашон зиндагӣ карданд, аммо бо он
Акбари Саттор

тафаккуре, ки доштанд, ҳоло каме барвақттар буд. Зеро мардуми мо тафаккураш омода набуд. Онҳо бисёр мехостанд, ки тафаккури мардум ба тафаккури онҳо баробар шавад, аммо мутаасифона, ба ин чиз муяассар нашуданд. Мо фикр мекардем, ки онҳо ҷомеаро пеш бурда метавонанд ва гапи ҳақро мегӯянд. Мутаассифона, ин гуна инсонҳо дар он вақт камтар буданд, агар бештар мебуданд, шояд ҳамин ҷанги Тоҷикистон ҳам сар намезад.»

Бо ҳама вуҷуд, Тоҳири Абдуҷаббор як шахсияти ношинохта ва дар пардаи ибҳом боқӣ мондааст. Маҳмуди Қосим, донишманди тоҷик ва собиқ раиси идораи гумруки Тоҷикистон ёддоштҳои ин маҷмӯаро хулоса мекунад ва бо пӯзиш аз арвоҳи Тоҳир менависад, «Худоё шаваду замоне ояд, ки ин қавм битавонад бигӯяд, лоиқи шумост.»
XS
SM
MD
LG