Пайвандҳои дастрасӣ

Абдулло Назаров: "Сари морон кӯфта беҳ..."


Генерал Абдулло Назаров
Генерал Абдулло Назаров

Генерали тоҷик ҳанӯз якуним сол пеш аз ҳузури "террористи рақами як" дар Покистон хабар дода буд.

Нашрияҳои ғарбӣ ба нақл аз торнамои ифшогари WikiLeaks навиштаанд, ҳанӯз охири соли 2009 мақомоти Тоҷикистон ошкоро ба Иёлоти Муттаҳида гуфтанд, ки Усома бин Лодин дар Покистон аст ва Исломобод аз “террористи
Абдулло Назаров:
Бале, ман он вақт гуфта будам, ки Усома Бин Лодин “невидимка” нест, дар ҳамон ҷо ҳаст...
рақами як” ҳимоят мекунад.

Онҳо ба як сӯҳбати генерал Абдулло Назаров, он вақт муовини вазири амнияти миллии Тоҷикистон, ишора мекунанд, ки дар дидор бо як дипломати амрикоӣ гуфтааст, бисёриҳо дар дохили Покистон дар куҷо будани Усома бин Лодинро медонанд, вале вақте ки амалиёти боздошти ӯ тарҳрезӣ мешавад, ӯ аз ин тарҳ огаҳ шуда, ҷои худро иваз мекунад.

Дар як сӯҳбат бо "Озодӣ" генерал Абдулло Назаров, сарвари Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, гуфт, ки дар он дидор дар баробари дигар мавзӯъҳо аз макони будубоши Усома бин Лодин дар Покистон ҳам сухан рафта буд:

Абдулло Назаров: "Бале, ман он вақт гуфта будам, ки Усома Бин Лодин “невидимка” нест, дар ҳамон ҷо ҳаст, куҷоро мекобед, чаро зидди ӯ амалиёт намегузаронед? Ин гапҳо аввалҳои соли 2010 ё охирҳои соли 2009 буд..."

Суол: Яъне ҳамон вақт маълум буд, ки Усома бин Лодин на дар Афғонистон, балки дар Покистон, дар Вазиристони шимолӣ панаҳ мебарад?



Абдулло Назаров: "
Ӯ ҳамеша дар ҳамон ҷо буд. Ҳамаашон дар ин бора маълумот доштанд, ҳама афроди ворид медонистанд, ки бин Лодин дар ҳамон ҷост..."

Суол: Аммо ба фикри Шумо, агар дар бораи буду боши бин Лодин иттилоъ доштанд, чаро то ин вақт алайҳи ӯ амалиёт доир накарданд?

Абдулло Назаров: "Гап сари он ки пеш аз амалиёт ҷою маконро дақиқ муайян мекунанд, нақша мекашанд, омодагӣ мебинанд. Фақат баъд аз ин амалиётро доир мекунанд, ки он муваффақ гузарад ва бо талафоти ҳаддалимкон кам. Яку якбора бидуни омодагӣ намешавад ин корҳо. Ҳар кор агар аз рӯи ақл, аз рӯи нақша ва бо омодагии ҳаматарафа гузарад, муваффақ мешавад."

Суол: Шумо ба амалиёти баргузоркардаи амрикоиҳо алайҳи Усома бин
Генерал Назаров ҳамчунин он нуктаро тайид карда буд, ки раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон Тоҳир Юлдош ба кӯмаки ҷангиёни Тавилдара 5 ҷангии дигарро фиристода буд, ки онҳо дар марзи Дарвоз боздошт шуданд.
Лодин чӣ гуна баҳо медиҳед?

Абдулло Назаров: "Амалиётро бисёр олиҷаноб гузарониданд. Тавре аз наворҳои телевизионӣ дидем, гурӯҳи махсус дар Афғонистон машқ гузаронид, дар ҷое, ки тарҳи ҳамон бино дар шаҳри Абботободро сохта буданд. Ҳаматарафа омодагӣ дида, амалиётро бе ягон мушкил анҷом доданд."

Суол: Аз нигоҳи шумо, оё баъд аз сари Усома бин Лодин хатари терроризм дар ҷаҳон камтар хоҳад шуд?

Абдулло Назаров: "Албатта, хело кам мешавад. Тоҷикҳо мақоле доранд-ку – “Сари морон куфта беҳ” Сари морро, ки нобуд сохтӣ, ҷисмаш дигар беҷону беҳаракат мемонад. Агар думашро буридиву сараш амон монд, боз ҳатман заҳрашро мечаконад. Дар ин амалиёт сари бин Лодинро маҷақ карданд."

Ёдовар мешавем, аз ин пеш генерал Абдулло Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари сомонаи WikiLeaks дар бораи мулоқоташ бо як тан аз масъулини сафорати Амрико дар Тоҷикистонро таъйид карда буд.

Ба гуфтаи генерали тоҷик, дар он дидор атрофи ҳаводиси Тавилдара, ширкати пайравони "Ҷамоати таблиғ" ва дигар гурӯҳҳои мазҳабӣ дар ин ҳаводис, қонуни нави дини Тоҷикистон ва манъи таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаву донишкадаҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ сӯҳбат шуда буд.

Абдулло Назаров ҳамчунин он нуктаро тайид карда буд, ки раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон Тоҳир Юлдош ба кӯмаки ҷангиёни Тавилдара 5 ҷангии дигарро фиристода буд, ки онҳо дар марзи Дарвоз боздошт шуданд.

Аъзои ин гурӯҳ, ба гуфтаи генерали тоҷик, аз Афғонистон бо худ маводи тарканда оварда буданд ва “ҳадафашон ҳамин буд, ки дар назди сафорати Амрико дар Душанбе таркиш ба амал оваранд ва бигӯянд, ки Тоҷикистон ноором аст ва ҳукуматаш мухолифи сиёсати Амрикову амрикоиҳост. Ҳамин корро карданӣ буданд, вале мо аз ин ҳодиса ҷилавгирӣ ва онҳоро боздошт намудем”.

Абдулло Назаров афзуда буд, ки ин гурӯҳ мехост баъд аз инфиҷор дар канори сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ҳамчунин пули сохтаи амрикоиҳо миёни Тоҷикистону Афғонистонро низ тарконад.
XS
SM
MD
LG