Ин мерос баҳсбарангез аст. Ҳамчун шахсияти моҷароӣ ва шигифтовар ва ба ҳайси раҳбари мамлакат Елсин дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ба мардуми худ шуҷоат бахшид, вале ҳамчун коммунисти номенклатурии собиқ натавонист, аз роҳати низоми анъанавӣ худро берун кашад ва оқибат ба сулоласозиву хешу дӯстбозии сатҳи давлатӣ фурӯ рафт.
Бархе аз коршиносон олигархҳо ё қишри камшумор, аммо ба таври боварнакарданӣ сарватманди Русияро бузургтарин мероси замони Елсин меноманд, ки моликияти давлатӣ ва ҷамъиятии замони шӯравиро аз худ карданд ва ин кишварро дар партгоҳи варшикастагӣ қарор доданд. Онҳое сарватманд шуданд, ки шояд дар бунёди ин моликият саҳме надоштанд, аммо дар лаҳзаи муносиб "сари дастархон" буданд ва аз "қоидаҳои бозӣ" истифода карданд.
Тобистони соли 1998 Русия ба сахттарин марҳилаи бӯҳрони иқтисодӣ дар ҳафт соли баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ рӯбарӯ шуд. Дар ҳоле, ки мардуми сарсону ваҳшатзада ба табдили пули беқурбшудаи худ мешитофтанд, даъвати мухолифон ба истеъфои Елтсин ҳарчи баландтар садо медод.
Барномаҳое, ки гурӯҳи иқтисоддонони ҷавон бо дастури Елсин омода карданд, "шокотерапияи иқтисодӣ" унвон гирифт ва ҳарчанд то ба охир бурда нашуд, иқтисодиёти навини Русияро поягузорӣ кард.
Дар охиртарҳои давраи раёсатҷумҳурии Елтсин дар Русия эътидоли бесобиқаи иқтисодиӣ ба даст омад, аммо ба ваҳшати нав -- ҷанги Чеченистон оғоз ниҳод шуд. Ин ҷанг эътибори байнулмилалии Русияро аз байн бурд ва харҷи он мушкилоти нави иқтисодӣ ба бор овард.
Дар он солҳо Елсин ба андозаи зиёд аз умури давлат канорагирӣ мекард ва сӯҳбатҳо аз майзадагии ӯ ва бемориҳои мухталифаш, аз ҷумла дарди қалб афзоиш меёфт.
Шахсияти моҷароӣ ва шигифтовар
Шоми 31-уми декабри соли 1999 Елтсин дар паёми солинавӣ ба мардуми кишвар истеъфои худро эълон кард. Вай самимона гуфт, ки ҳарчӣ метавонист, кард ва дигар нерӯе барои пешбурди Русия надорад. Ин дар ҳоле буд, ки вай амалан метавонист, боз солҳои дарозе ҳукумат кунад.
Борис Елсин, собиқ котиби аввали кумитаи вилоятии Ҳизби коммунист дар Свердловск ва сипас котиби аввали кумитаи шаҳрии ин ҳизб дар Маскав замоне машҳур гашт, ки худро дар муқобили раҳбари мамлакат Михаил Горбачев қарор дод. Ба ин иллат вай аз мансабҳои бузург барканор ва раиси Кумитаи сохтмону меъмории СССР таъин гашт. Аммо дар анҷумани ҳизбӣ расман аз Ҳизби коммунист баромад ва билеташро ба рӯи мизи Горбачев дар садри анҷуман гузошту толорро тарк кард.
Ин рафтор ба шӯҳрати ӯ афзуд ва дар соли 1991 ӯ узви порлумон ва нахустин раисиҷумҳури Русия интихоб гашт. Тобистони ҳамон сол вай бо ҳамсафонаш ба табаддулоти давлатӣ дар Иттиҳоди шӯравӣ муқовимат кард, Горбачевро аз ҳабси хонагӣ дар бӯстонсарои Фороси Қрим озод ва дертар аз вазифаш барканор намуд.
Бо имзои созишномаи Беловеж ҳамрои президентҳои Украина ва Белоруссия, Елстин ба фурӯпошии амалии Иттиҳоди шӯравӣ асос гузошт. Горбачев бо сабаби "ихтисор" шудани вазифа аз сарварии иттиҳоде, ки акнун аз ҳам пошида буд, ба канор рафт.
Елсин ва тоҷикҳо
Елсин дар сулҳи Тоҷикистон саҳми муҳим дорад. Як ҷумлаи ӯ дар соли 1996, ки "то кай Раҳмоновро дар гаҳвора гирифтаву доягӣ кунем?" ба ҳукумати Тоҷикистон паём дод, ки бояд бо мухолифонаш оштӣ кунад. Дар маросими имзои Созишномаи сулҳи Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар Маскав, Елсин ба ҷои калимаи "оппозитсия" вожаи дигар -- "композитсия"-ро ба кор бурд, ки маълум нест, иштибоҳи лафзӣ буд ё ишораи таҳдор.
Борис Елсин инчунин дар қатъ шудани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун саҳм дошт. Вақте ки ӯ дар соли 1990 ҳамчун раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Иттиҳоди шӯравӣ аз Тоҷикистон дидан кард, бо дархости бархе аз вакилони Тоҷикистон дар Шӯрои олии СССР аз деҳоте дидан кард, ки қарор буд, зери обанбори Роғун бимонанд. Вай арзи онҳоро шунид ва ваъда кард, ки ба он хоҳад расид.
Шинохти русҳо аз Елсин иваз мешавад
Дар охирин шаби вопасин соли садаи бистум, дар паёми телевизионияш, Елсин пеш аз он ки ҷойгузинаш Владимир Путинро муаррифӣ кунад, аз ҳамагон узрхоҳӣ кард. Барои дарду аламе, ки насиби мардум гашт ва барои орзуҳое, ки ҷомаи амал напӯшиданд ва барои бовару этимоде, ки бароварда нашуд. Аммо ин ишораро ҳам кард, ки кишварашро аз як давраи сахту торик ба сӯи ояндаи рӯшан савқ додааст.
Онҳое, ки имрӯз дар Русия солрӯзи Елсинро ҷашн мегиранд, дар ҳамон ояндае ба сар мебаранд, ки Елсин ба он ишора мекард. Муносибати онҳо ба Елсин назар ба солҳои гузашта тадриҷан ва ба кундӣ иваз мешавад.