Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блейк: "Равобити мо бо Осиёи Миёна аз ифшогариҳои Викиликс осеб нахоҳад дид"


Рӯзи чаҳоршанбеи 15-уми декабр ноиби вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Амрико, Роберт Блейк дар як конфаронси телефонӣ ба пурсишҳои журналистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ посух дод

Дар оғози ин мулоқоти телефонӣ Блейк гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар як соли гузашта равобиташ бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро тақрибан дар ҳамаи риштаҳо, аз амният гирифта, то муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва рушди ҳуқуқи инсон густариш ва таҳким додааст.

Амрико аз кишварҳои минтақа сипосгузор аст

Вай аз кӯмаки давлатҳои минтақа ба нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон ва ширкати онҳо дар бозсозии иқтисодии кишвари ҷангазада ситоиш ва истиқбол кард.

Вай аз сафари вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ба Осиёи Марказӣ ёд кард ва гуфт, Иёлоти Муттаҳида итминон медиҳад, ки муносибатҳояш бо кишварҳои ин минтақа дар соли 2011 низ дар ҳоли таҳким ва густариш хоҳанд буд.

Сипас, суоли аввал аз Алмато садо дод. Журналисте аз ин ҷо пурсид, оё ифшогариҳои Викиликс ба ин равобит чӣ таъсир хоҳад дошт ва дигар ин, ки дар Осиёи Марказӣ шубҳае садо медиҳад, ки Викиликс кори худи Иёлоти Муттаҳида аст, барои тафриқаандозӣ дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар байни кишварҳои Ховари Миёна.

Амрико дар пайи робитаҳои беҳтар бо кишварҳои минтақа

Ҷаноби Блейк дар посух гуфт, Вошингтон умедвор аст, ки робитаҳои қавияш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз коре, ки торнамои Викиликс мекунад, осеб нахоҳанд дид. Вай даст доштани кишвараш дар ифшогариҳои Викиликсро шадидан рад кард ва афзуд, нашри бархе аз барқияҳо ба эътибори Иёлоти Муттаҳида зарба мезанад ва кори дипломатҳои ин кишварро ба маротиб мушкилтар мекунад. Натиҷаи бархе аз харобкориҳо алакай маълум гаштааст, аммо Иёлоти Муттаҳида талош дорад, аз ин мушкилиҳо гузарад ва робитаҳояш бо кишварҳои дигарро боз ҳам қавитар кунад.

Журналисти қирғиз масъалаи шаффофияти кори пойгоҳи Амрико дар Манаси Қирғизистонро дар давраи фаъолияти ҳукумати нави Қирғизистон суол кард ва посух ин буд, ки тамоми муомилаҳои марбут ба пойгоҳи Манас то ҳоло бозу шаффоф будаанд ва кор ҳамин гуна идома хоҳад кард.

Тоҷикистон миёни Вашингтон ва Маскав

Аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон пурсиши зоҳиран мушкилтаре дар миён гузошта шуд. Журналисти тоҷик гуфт, дар соли 2014 мӯҳлати ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба поён хоҳад расид. Вале мо мебинем, ки Русия, баракс ҳузури худро дар Тоҷикистон бо баҳонаи кӯмак ба эътидоли вазъ дар Афғонистон густариш медиҳад. Дар ҳоле ки тӯли марзи Афғонистон бо Узбакистон бештар аст, Русия дар Узбакистон чунин иқдом накардааст ва намекунад. Суол ин аст, ки оё Иёлоти Муттаҳида вокунише ба афзоиши нуфузи Русия дар Тоҷикистон хоҳад кард?

Ноиби вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Роберт Блейк дар ҷавоб ба ин савол гуфт, муколамаи байни Амрико ва Русия дар Осиёи Марказӣ яке аз ҳавзаҳои муҳим пешрафт будааст. "Дар робита ба вижагиҳои марбут ба пойгоҳ ва мӯҳлати ҳузури он, шумо бояд бо русҳо сӯҳбат кунед, ман дарвоқеъ намехоҳам ин мавзӯъро шарҳ диҳам", гуфт Блейк ва афзуд, "аммо ҳамкории наздики Иёлоти Муттаҳида ва Русия ба хотири кӯмак ба талошҳои эътилоф дар Афғонистон хеле бештар шудааст ва ин барои расидагӣ ба нигарониҳое, ки мо дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дорем, низ мадад хоҳад кард.

"Муколамаи хуби ИМА ва Русия дар бораи вазъи Тоҷикистон"

Ҷаноби Блейк ҳамчунин гуфт, аз масъалаҳое, ки дар пурсиш аз Душанбе матраҳ шудаанд, нигаронии бахусусе надорад ва такрор кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар бораи вазъи Тоҷикистон муколамаи хубе доранд:

"Фикр мекунам, ҳардуи мо аз иқтисодиёти осебпазир, баъзе мушкилоти амниятӣ, ки ҳукумат рӯбарӯст, баъзе нигарониҳо дорем. Ҳамчунин аз маҳдуд шудани фазои сиёсӣ, ки мо дар чанд моҳ ва ним соли охир мебинем."

Блейк аз мулоқоти вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Остона ёд кард ва гуфт, хонуми Клинтон ба президент Раҳмон ваъда додааст, ки талош хоҳад кард, соли оянда ба Тоҷикистон сафар кунад. Ин ба дарёфти роҳҳои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва расидагӣ ба бисёре аз мушкилоти он кӯмак хоҳад кард.

Дар посух ба суоли журналист аз Ишқобод, пойтахти Туркманистон, Блейк ин кишварро дар татбиқи тарҳҳои иқтисодӣ дар Афғонистон коршарики муҳим номид ва гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳамзамон барои пешбурди ислоҳот дар Туркманистон ва мурооти ҳуқуқи инсон дар ин кишвар талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад ва умеду интизориҳои нек дорад.

Хабарнигор аз Тошканд, пойтахти Узбакистон дар ин конфаронси телефонӣ аз Блейк пурсид, оё сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ фақат марбут ба ниёзҳо дар Афғонистон аст ва оё фикр намекунад, Узбакистон як коршарики мушкили Амрико буда, рӯзе такмили нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистонро ба воситаи қаламрави хеш қатъ кунад? Ва ҳам пурсид назари Блейк ба пешниҳоди президент Каримов дар бораи шаш бар иловаи се, ки дар Бухарест дар миён гузошта буд, чист?

Амрико Узбакистонро коршарики мушкил намеҳисобад

Блейк дар посух гуфт, ҳарчанд Афғонистон санги маҳаки робитаҳои Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нест, дар ҳоли ҳозир дар ин робитаҳо, ҷойгоҳи фавқулода дорад. Аммо на танҳо манфиатҳои муштараки ду тараф дар Афғонистон бо ҳам пайванд ёфтааст, балки манфиатҳои минтақа низ, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, таъмини амният, мурооти ҳуқуқи инсон ва рушди демократия дар саросари минтақа ба ҳамаи кишварҳо рабт мегирад. Сипас, Блейк гуфт, кишвараш Узбакистонро коршарики мушкил намешуморад, балки аз кӯмаки Узбакистон дар транзити молу коло барои нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон сипосгузор буда, ба он баҳои баланд медиҳад.

Дар бораи пешниҳоди раисиҷумҳури Узбакистон, ки масъалаҳои марбут ба Афғонистонро шаш кишвари минтақа ва се қудрати ҷаҳонӣ матраҳ кунанд, Блейк онро қобили мулоҳиза номид, вале афзуд, дар ин сохтор ҷое бар худи Афғонистон гузошта нашудааст, ҳол он, ки Афғонистон бояд бахши марказии ҳама гуна сохтори баррасии мушкилоти он бошад. Блейк гуфт, чунин сохтор аз тарафи Ричард Ҳолбрук, намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон бунёд ва Узбакистон ба он даъват шудааст. Бисёре аз масъалаҳои марбут ба ин ва ҳамчунин равобити дуҷониба, ба гуфтаи Блейк дар мулоқоти Клинтон бо Каримов дар аввали моҳи декабр дар Тошканд баррасӣ шудаанд ва Иёлоти Муттаҳида ба кӯмакҳои Узбакистон арҷ мегузорад.
XS
SM
MD
LG