Шабакаи телевизионии мазкур дар ин бора гуфт:
“Додситони кулли шаҳри Теҳрон генерал Аббос Ҷавҳарии Давлатободӣ гуфт, ки ба вакилони дифоъи хонум Шоурд хабар дода шуд, ки вайро танҳо баъд аз пардохти 500 000 доллар гаравпулӣ озод хоҳанд кард".
Додситони Теҳрон инчунин гуфтааст, ки ба хонум Шоурд тарки Эрон мамнӯъ намешавад, аммо ӯ бояд дар муҳокимаҳои додгоҳӣ ширкат кунад.
Иттиҳом барои марзшиканӣ ва ҷосусӣ
Мақомоти Эрон ин се шаҳрванди Амрикоро, ки дар маҳбаси Эвин нигаҳдорӣ мешаванд, дар убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ муттаҳам мекунанд.
Ҳар сеи онҳо ин иттиҳомотро рад намуда, иддао доранд, ки ҳангоми кӯҳнавардӣ дар Курдистони Ироқ, иштибоҳан вориди хоки Эрон шудаанд.
Вошингтон низ ҳамаи ин иттиҳомотро бе появу асос хондааст.
Интизор мерафт, ки хонум Шоурдро 11 сентябр бо нишони ҳусни ният ба муносибати ҷашни Иди саиди Фитр, озод кунанд.
Қаблан низ хабар дода мешуд, ки ӯро ба хотири бад шудани вазъи саломатиаш, 11-уми сентябр раҳо мекунанд, аммо додситони Теҳрон гуфт, ки раҳоии ӯ бо сабабҳои фанниву ҳуқуқӣ ба таъхир гузошта шудааст.
Бино ба суханони Нора Шоурд, модари хонум Сара Шоурд, вазъи саломатии кӯҳнаварди 32 солаи амрикоӣ бисёр сангин аст ва ӯ аз саратони аввалия, варами сина ва афсурдагии равонӣ азият мекашад.
Давлатободӣ таъкид намуд, ки бо вуҷуди раҳоии хонум Шоурд, ӯ бояд дар баробари ду ҳамроҳаш, ки дар маҳбас боқӣ мемонанд, барои мурофиа ба додгоҳ ҳозир шавад.
Масъуд Шафеъӣ, вакили дифоъи хонум Шоурд изҳори умедворӣ намуд, ки шахси зери ҳимояаш дар зарфи ду-се рӯзи дигар ба ватанаш бармегардад.
Шафеъӣ афзуд, сафорати Швейтсария дар Эрон, ки аз ИМ намояндагӣ мекунад, барои пардохти гаравпулӣ омодагиҳои заруриро анҷом дода истодааст. Эрону Амрико баъд аз инқилоби исломӣ робитаҳои мустақими дипломатӣ надоранд.
Ду кӯҳнаварди дигар дар маҳбас мемонанд
Мӯҳлати боздошти ду шаҳрванди Амрико Боер ва Фаттал боз ба ду моҳи дигар тамдид шудааст. Ин дар ҳолест, ки таърихи мурофеъаи додгоҳии онҳо то айни замон мушаххас нашудааст.
Маҳмуди Аҳамдинажод, раиси ҷумҳури Эрон пешниҳод карда буд, ки ин се нафар, ба шаҳрвандони эроние, ки гуё дар маҳбасҳои Амрико ба сар мебаранд, иваз карда шаванд.
Идда дар бораи чунин табодул баъд аз фирори Шаҳром Амирӣ, олими ҳастаии эронӣ аз Амрико ба Теҳрон афзоиш ёфта буд. Амирӣ соли 2009 дар Арабистони Саудӣ ғайб зада буд ва баъд аз бозгашт ба Эрон эълом намуд, ки ӯро ҷосусони Амрико рабуда буданд.
Бо вуҷуди ин, додситони Теҳрон гуфтааст, ки миёни қазияи Амирӣ ва се амрикоии боздоштшуда ҳеҷ иртиботе вуҷуд надорад.
Ин дар ҳолест, ки вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, ки итиҳоми ҷосусӣ то ба ҳол дақиқ нашудааст ва онро таҳқиқ мекунанд. Ин вазоратхона таъкид кардааст, ки иттиҳоми асосӣ ин убури ғайриқонунии марз мебошад.
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, намояндагони мақомоти он кишвар ва гурӯҳҳои мухталифи ҳуқуқи инсон аз Теҳрон даъват намуданд, то ба нишони ҳусни ният, боздоштшудагонро озод кунад.
Моҳи гузашта, мақомоти Эрон ба модарони кӯҳнавардон иҷозат доданд барои дидорбинӣ бо фарзандонашон, ба Теҳрон сафар кунанд.