Дар ин гузориш, ки 6-уми сентябр интишор гашт, гуфта мешавад, ки Эрон ба анҷоми таҳқиқи дарозмуддати ин Оҷонс дар робита ба барномаи баҳсбарангези ҳастаияш мушкилиҳо эҷод мекунд.
"Эрон дар ростои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ"
Томи Виетор, сухангӯи Кохи Сафед ба хабарнигорон иброз дошт, ки гузориш бори дигар нишон дод, ки Эрон намехоҳад ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳастаиашро иҷро кунад ва бо идомаи кӯшишҳои тавсеъаи барномаи атомӣ, ба тавлиди силоҳи атомӣ наздик мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Али Асғар Султония, намояндаи Эрон дар Оҷонси байналмилали энерҷии атомӣ эълом намуд, ки гузориш обрӯи фаннии оҷонсро мерезонад ва ин санад ғайримутавозин аст.
Хабаргузории эронии “Меҳр”, суханони Султонияро иқтибос оварда, ки Теҳрон маводи ҳастаиро барои ҳадафҳои низомӣ ё тавлиди силоҳи атомӣ истифода намебарад.
Ӯ таъкид намуд, ки тамоми фаъолияти ҳастаии Эрон таҳти назорати пурраи Оҷонс сурат гирифтааст.
Раҳим Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон мавқеъи ҳамсонро баён намуд.
Меҳмонпараст гуфт, ки Оҷонс беҳтараш ба Исроил таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекард, ки ягона кишвари Ховари Миёна мебошад, ки силоҳи атомӣ дорад.
Амрико ва дигар кишварҳои Ғарб бар ин назаранд, ки Теҳрон кӯшиш дорад ба тавлиди силоҳи атомӣ даст ёбад.
Аммо Эрон ҳамаи ин иддаоҳоро қатъиян рад карда мегӯяд, ки ҳадафи барномаи ҳастаиаш тавлиди нерӯи арзони барқ аст.
Эҷоди монеъа дар кори бозрасонҳои ҳастаӣ
Дар гузориши тозаи Оҷонсии байналмиллали энерҷии атомӣ гуфта мешавад, ки Эрон такроран аз интихоби мутахассисони оҷонс норизо шуда баъзеъи онҳоро рад кард. Бо ин роҳ, Теҳрон имкон намедиҳад Оҷонс ба таври зарурӣ дар қаламрави Эрон фаъолият кунад.
Моҳи июн Эрон фаъолияти ду бозраси таҷрибадори Оҷонсро манъ кард.
Ин ду мутахассис, дар бораи анҷоми озмоишҳои ҳастаие хабар додаанд, ки мақомоти Теҳрон дар бораи онҳо ягон маълумоте надода буданд.
Али Акбар Солеҳӣ, раиси Оҷонси энерҷии ҳастаии Эрон иттилоъ дод, ки фаъолияти ин ду нафар баъд аз додани гузориши ғайривоқеӣ манъ шуда буд.
Султония ба хабаргузории Асосиэйтед Пресс гуфт, ки дар айни замон,дар Эрон 150 бозраси Оҷонси байналмилалии энерҷии ҳастаӣ кор мекунад ва ишора намуд, ки дар худи гузориш низ зикр мешавад, ки Теҳрон номзадии боз 5 номзади иловагиро ба тасвиб расонд.
Дар санади мазкур гуфта мешавад, ки алорағми эъмоли таҳримҳои нави байналмилалӣ ва даъватҳои Шӯрои амнияти СММ, Эрон ба ғанигардонии ураниум идома медиҳад.
Тибқи гузориш моҳи июн, Эрон 2,8 тонна ураниуми ғализи поёнро тавлид кардааст. Моҳи май дар он кишвар 2,4 тонна чунин ураниум тавлид шуда буд.
Эрон аз даъватҳои ҷомеъаи байналмилалӣ барои қатъи фаъолияти ғанигардонии ураниум ва фиристодани маводи ҳастаиаш ба кишварҳои дигар саркашӣ мекунад.